ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАМЗИ ИТТИҲОДУ ЯГОНАГИИ МАРДУМИ КИШВАР
Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлатдории ҳар як миллат ба шумор меравад. Он нишонаи истиқлол, ваҳдат, ифтихор ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ҳар давлат барои ифодаи соҳибихтиёрӣ, арзишҳои таърихӣ ва фарҳанги худ рамзҳое дорад, ки дар байни онҳо парчам ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун иди умумимиллӣ ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад. Ин рӯз аз муҳимтарин санаҳои давлатӣ ва таърихии кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар он тамоми шаҳрвандон ва ниҳодҳои давлатӣ бо ифтихор аз ин рамзи муқаддас ёд мекунанд.
