СУЛҲУ СУБОТ ПОЯНДА БОД!
Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ҳамчун муноди сулҳу амният дар ашъори худ дӯстии халқҳоро асоси сулҳу амният тараннум кардааст. Аз ҷумла вай навиштааст:
Одамон аз дӯсти ёбанд бахт
Душмани орад ба мардум рӯзи сахт.
Ин суханони пурҳикмат дар шароити истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид.
Пас аз пароканда шудани давлати Шӯрави масъалаи сарҳади байни давлатҳои мустақил, махсусан Тоҷикистону давлати ҳамсоя Қирғизистон баъзе ихтилофҳо сар шуд, ки ҳалли самараноки он ба дӯши давлати навбунёди соҳибистиқлол афтод. Роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи сарҳадии ин ду кишварро дар натиҷаи гуфтушунидҳои дутарафа ҳал намуд, ки ин хизмати бузург дар назди халқу ватан маҳсуб меёбад.
Чуноне ки таърих гувоҳ аст, муносибати дӯстона бо кишвару давлати ҳамсоя омили сулҳу амният буда, барои таҳким бахшидани муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ асос мегузорад. Ҳоло масъалаи сарҳадии давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо ташабуси президентҳои ин кишварҳо ҳалли мусбати худро ёфт ва боварии комил аст, ки байни давлатҳои ҳамсоя дар оянда низ муносибатҳои бозоргонӣ боз ҳам рушд ёфта, ба манфиати халқҳои ин кишварҳои ҳамсоя хизмати босазо хоҳад кард.
Бояд зикр намуд, ки талошҳои сарвари давлати Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли байни сарҳадии давлатҳо пурарзиш буда, боиси ифтихори миллӣ мебошад.
Бинобар ин хизматҳои шоёни сарони давлати Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистонро дар ҳалли мусбати сарҳадҳо ба назар гирифта 21 декабр дар толори Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римский-Корсаков маросими супоридани Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой супорида шуд.
Бояд зикр кард, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд.
Ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд.
Кахоров Г.Г. сарходими илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
