Skip to main content
Мақолаҳо

АРЗИШИ АХЛОҚИИ АВФ ДАР АНДЕШАҲОИ ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ

(дар ҳошияи ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷониби Пешвои миллат)

Афв яке аз хусусиятҳои арзишманди ахлоқӣ буда, он ба маънои гузаштан аз гуноҳ ва тарки ҷазои он аст. Ин амал ҳамдилии ҷомеаро зиёд ва сулҳро мустаҳкамтар месозад. Дар фалсафа ва адаби мо афв яке аз сифатҳои каримона ба ҳисоб рафта, ҷавонмардии афвкунандаро нишон медиҳад. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар “Футувватномаи султонӣ” роҷеъ ба афв ва ҷавонмардии афвкунанда чунин мегӯяд: Чаҳорум афву марҳамат аст.

Мақолаҳо

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ПЕШБУРДИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Масъалаи истиқлолияти сиёсӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи назариявию амалии он дар шароити муосир ба яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти илмии сиёсӣ табдил ёфтааст. Дар замони таҳаввулоти босуръати низоми байналмилалӣ, ки бо равандҳои ҷаҳонишавӣ, рақобати геополитикӣ, афзоиши таъсири қудратҳои бузург ва густариши таҳдидҳои фаромиллӣ тавсиф мешавад, масъалаи ҳифз ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ барои ҳар як давлат аҳамияти калидӣ касб менамояд.
Мақолаҳо

АБУАЛӢ ИБНИ СИНО, МУҲАҚҚИҚОН ВА МЕРОCБАРОНИ ОСОРИ Ӯ: СИРАТИ ФАЛСАФИИ МУҲАММАДСАЛОМ МАХШУЛОВ

Ба ифтихори Фармони Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб

Фармони Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб, ба фикри мо, иқдоми хеле арзишманд ва саривақтӣ аст. Он минбаъд барои рушди илми тиб чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ берун аз он, дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

МИРЗОДА ФИРӮЗ САФАРАЛӢ

Эълон оид ба ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сотсиологӣ
Санаи ҳимоя: 18.09.2026, соати 13:00

Навид

ТАШАККУЛИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВА ТАҲАВВУЛИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ

Имрӯз дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки ба баррасии мероси илмӣ, фалсафӣ ва нақши арзишманди донишманди маъруф Иброн Шарипов дар рушди андешаи миллӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ бахшида шуда буд.

ДОДИХУДОЕВ ХУРШЕД АЗАМДЖОНОВИЧ

Объявление о предстоящей защите диссертации
на соискание ученой степени доктора политических наук
Дата защиты: 19.09.2026 г., в 13.00 часов
Дата размещения: 12.06.2026 г.

Мақолаҳо

ИБРОН ШАРИПОВ - ФАЙЛАСУФ ВА СИЁСАТШИНОСИ БЕҲАМТО

Дарвоқеъ, устод файласуф ва муҳаққиқи воқеъбин ва инсони наҷиби худшиносе буданд, ки дар тарбияи кадрҳои илмӣ дар Тоҷикистони азиз нақши муҳим доштанд. Ба андешаи мо, камолимоне мисли Иброн Шарипович буданд, ки дар он замони Шуравӣ ба масъалаҳои миллӣ вахудшиносии миллӣ сару кор мегирифтанд. Азбаски банда ба ин самти илмӣ таваҷҷуҳи зиёд доштам, ҳамчун олими ҷавон бо устод ҳамеша дар тамос будам ва то ҳанӯз касеро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ чун ӯ ба донишҳои этникӣ муссалаҳ надидаам.

Навид

КИТОБИ ТОЗАНАШР

Бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти «Шарқи Озод» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар ҳаҷми 247 саҳифа монографияи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, корманди ИФС ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Абдумуминзода Ситора аз нашр баромад.

Моногрфияи мазкур бо қарори Шурои олимони Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмзои Тоҷикистон аз 13. 05.2026 с., таҳти №1514 ба чоп тавсия шудааст.

23121