Skip to main content

ИБРОН ШАРИПОВ - ФАЙЛАСУФ ВА СИЁСАТШИНОСИ БЕҲАМТО

Дарвоқеъ, устод файласуф ва муҳаққиқи воқеъбин ва инсони наҷиби худшиносе буданд, ки дар тарбияи кадрҳои илмӣ дар Тоҷикистони азиз нақши муҳим доштанд. Ба андешаи мо, камолимоне мисли Иброн Шарипович буданд, ки дар он замони Шуравӣ ба масъалаҳои миллӣ вахудшиносии миллӣ сару кор мегирифтанд. Азбаски банда ба ин самти илмӣ таваҷҷуҳи зиёд доштам, ҳамчун олими ҷавон бо устод ҳамеша дар тамос будам ва то ҳанӯз касеро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ чун ӯ ба донишҳои этникӣ муссалаҳ надидаам.

Дар тарбияи кадрҳои миллӣ марди беҳамто буданд. Ҳамон вақт танҳо як шогирдашонро медонистам, ки хеле марди донишманд ва забони русиро хуб медонистанду кори илмияшон масъалаҳои миллӣ буданд. Он кас муаллим Сайдамир Ҷононов буданд. Ба ман ҳам бароиинтихоби кори илмиям эҳтироми самимӣ доштанд, баъзан самти кориямро тағйир ҳам медоданд.

Ҳаёт ва фаъолияти ин марди бузург хеле ранго-ранг ва пурғановат гузаштааст. Ӯ дар замони Шуравӣ ва давраи соҳибистиқлолии кишварамон бештар фаъолияти илмӣ омӯзгорӣ, идоракунӣ ваилмӣ-тадқиқотӣ доштанд. Иброн Шарипов фаъолияти омӯзгориро ба сифати ассистент азкафедраи марксизм ва ленинизми соли 1956 аз Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб оғоз намудааст. Баъдан дар муддати солҳои 1971-1983 дар шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси мудири бахши коммунизими илмӣ фаъолият варзиданд.

Солҳои 1971-1983 бошад, дар шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси мудирибахши коммунизими илмӣ, солҳои 1984-1994 дар вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ва аз соли 1998 то соли 2001 дарвазифаи мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия фаъолият намуданд.

Таълифоти арзишманди он касро муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ чунин баррасӣ намудаанд: доир ба масъалаҳои «Ҳақиқат - хусусияти ҷудонопазирии инсони советӣ» (Душанбе, 1965); “Гуманизм ва шахсият» (Душанбе, 1967); “Ташаккулёбии ахлоқи коммунистӣ»(Душанбе,1975); “Роҳҳои азнав инкишофёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар ҷодаиинкишофи муносибатҳои ғайрикапиталистӣ»(Душанбе, 1976, ҷилди 1); “Қонуниятҳои ташаккулёбии муносибатҳои ҷамъияти сотсиалистӣ дар Тоҷикистон” (Душанбе, 1983); “Бавуҷудоии муносибатҳои идеологӣ дар Тоҷикистон”(Душанбе, 1986); “Воқеаҳои давравӣ дар роҳи мустааҳкамкунии давлатдории миллӣ” (Душанбе, 2004) “Тақдири фоҷиавии пурасрори тоҷикон вадавлатдории тоҷикон” (Душанбе, 2005) ва ғайра.

Асарҳои ин устоди ҳақиқатпарастии тоҷик дар ҳамзамон ҳам моломоли андешаҳои адолатпарваронаи тоҷикӣ будаанд. Ӯ дар таҳқиқи масъалаҳои милллӣ бо андешаҳои хосси миллии хеш тафовут дошт. Ифтихороти миллии ӯ аз тоҷику тоҷикистонӣ буданаш ба ростқавлие монандӣ дошт, ки дар суҳбатҳо хеле оддӣ ва адолатмандию бузургиашро нишон медод.

Хусусан, дар замони идеологияи Шуравӣ Иброн Шарипов ҳамчун ҷомеашиноси варзида, даршинохт ва муаррифии намояндагони равияимаорифпарварӣ ва давоми мантиқии онҳо ҷадидия, ки барои худшиносии миллати тоҷик саҳми бузургдоштанд, беназир аст.

Хизматҳои бузурги устод дар роҳи илму маърифат ифодагари иродаи қавии ин марди ҳалим нисбат ба миллат ва арзишҳои фарҳангии он мебошад, ки имрӯз ҳам аз ёдҳо зуддуда нагардидааст. Асарҳои эҷодкардаи устод ба масъалаҳои муҳимми ташаккули муносибатҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Тоҷикистон, худшиносии миллӣ, консепсияи бунёди давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бахшида шудааст.

Банда дар назди он кас имтиҳонҳои номзадӣ аз фалсафа ва таърихи фалсафа супоридаам, ки чунин сахтгирӣ ва илмталабии ӯро кам одамон таҳаммул мекарданд. Хуб ба ёдам аст, ки саволе, ки 20 дақиқа маро пурсиданд ин «Проблемы причинность в Канон врачебной науки» буд. Албатта ба ҷавобҳои ман на ҳама қонеъ буданд, вале дар бораи ин масъала замоне кори курсӣ навишта будам, аз ин рӯ, онро хеле хуб медонистам. Дар вақти баҳогузорӣ бошад, барои баҳои аъло гузоштан хеле пӯштибонӣ карданд. Ёдашон ба хайр донишманди бузургу бовиқоре, ки барои насли дигари олимони тоҷик хизматҳои бебаҳо карда буданд.

Ҳамин тавр, чархи фалак ба худ розҳое доштааст, ки хеле аҷиб, бо амри таърих замоне пеш омад, ки банда мушовири илмии рисолаи доктории фарзанди Иброн Шарипов - Суҳроб Шарипов таъйин гардидам. Бояд гуфт, ки бо шогирди ғурамаргам корҳои зиёди илмӣ-таҳқиқотҳое бурдем, вале афсус аз марги нобаҳангоме, ки ӯро ба коми худ бурд. Аҷибаш ин ки боз ман роҳбари илмии духтари Суҳроб Шариповро ба уҳда гирифтам. Онҳо ҳама аҳли илм, боинсоф, донишманд ва боиси эҳтиром мебошанд.

Муҳаммад Абдураҳмон - узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
23121