АБУАЛӢ ИБНИ СИНО, МУҲАҚҚИҚОН ВА МЕРОCБАРОНИ ОСОРИ Ӯ: СИРАТИ ФАЛСАФИИ МУҲАММАДСАЛОМ МАХШУЛОВ
Ба ифтихори Фармони Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб
Фармони Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб, ба фикри мо, иқдоми хеле арзишманд ва саривақтӣ аст. Он минбаъд барои рушди илми тиб чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ берун аз он, дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле зиёданд. Боиси хушиву хушнудист, ки ҳоло ин иқдом марбути бузургдошти Ибни Синост! Аз ин пеш, соли 2006 бо ибтикору дарстгирии бебадали Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди бузургдошти ҳазорсолагии Сино дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ муассисаи нав бо номи Маркази Синошиносӣ бунёд ёфт. Ва ҳоло қариб ду даҳсола мешавад, ки тарҷумаи осори Сино аз тарафи мутахассисон, тарҷумонҳои Маркази синошиносии Институт сурат мегирад. Асари бузурги тиббии Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино “Ал Қонун фи-т-тиб” дар Академияи илмҳо аввалин бор ба забони тоҷикии ҳозира тарҷума шуд. Ин кор бо ибтикори Президенти кишвар ва ташаббуси устоди зиндаёд Саиднуриддин Шаҳобуддинов, яке аз тарҷумонҳои хушсалиқаи Маркази синошиносӣ сурат гирифт. То имрӯз тамоми бахшҳои китоб аз тарафи Марказ ба нашр расиданд. Ин як ҷавоби дандоншикане ба даъвогарони дурӯғини мероси Шайхурраис аст.
Боиси ифтихор аст, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори таҳсиси барномаҳо ва ҷоизаҳои илмӣ дар соҳаи тиби сатҳи ҷаҳонӣ гардидааст. Барои дифоъ аз ин ташаббус ва муаррифии «Китоб-ул-Қонун фит-тибб»-и Абуалӣ ибни Сино метавон гуфт, ки он дар соҳаи тиб асари доиратулмаорифӣ (энсиклопеди)-е мебошад, ки аз с. 1000 то соли 1020 навишта шудааст (оғоз дар Хоразм ва анҷом дар Гурганҷи Хуросон). Яъне ба мисле, ки Фирдавсӣ “Шоҳнома” и худро дар муддати 30 сол навишт, “ал Қонун”- и Абуалӣ ибни Сино кори бистсолаи ӯст! Китоб шомили тамоми риштаҳои тибб аст. Ҳоло дастхатҳои ин асар (ба арабӣ) дар китобхонаҳои ҷаҳон (дар Эрон, Туркия, Арабистон, Аврупо, Осиёи Марказӣ, ва ғ.) ва тарҷумаҳои зиёди «Қонуни тиб» ба забони лотинӣ дар Аврупо мавҷуданд. Дар Тоҷикистон баъзе нусхаҳои хаттии “Ал-Қонун” дар Институти шарқшиносӣ ва маркази дастхатҳои АМИТ маҳфузанд.
Ин китоб маводи асосии таълиму тадрис дар донишгоҳҳои Аврупо то асри XVII буд ва аз нигоҳи шумораи табъу нашр баъди китоби “Библия” (китоби муқаддаси аҳли насоро) дар ҷои дуввум меистод. Дар «ал-Қонун» дуто аз панҷ китоб ба тавсифи ашёи хоми доруворӣ, дорушиносӣ (фармакология) бо истифода аз маводи маъданӣ,рустанӣ, ҳайвонӣ, усулҳои тайёр кардани онҳо ва истифода аз онҳо бахшида шудаанд. Аз 2600 доруе, ки дар «Қонун» тавсиф шудаанд, 1400-тоаш аз растаниҳо сохта шудаанд. Кишфиётҳои Ибни Сино дар соҳаи тиб беназиранд.
Яке аз онҳо ин аст, ки Ибни Сино 800 сол пештар аз Луи Пастер мавҷудияти микробҳо (ҷонварҳои хурди диданашаванда)ро кашф кардааст, ӯ чандин маризиҳоро тасвир ва ташхис кардааст, ва бо систематизатсияи ҳамаи улуми тиб дар ҷаҳон чун бунёдгузори тиби муосир шинохта шудааст.
Вале Ибни Сино ба ғайр аз ин рисолаҳои бешуморе дар илми тиб таълиф кардааст, ба шумали “Рисола адвия ал қалбия” (роҷеъ ба дармони дил), “Сиёсат ул бадан ал фазоил ал шароб ва манофех ул мазореҳ”, “Урҷуза фи т тибб” (рисолаи тиббӣ ба шакли шеър барои доруфурушон), “Рисоали набзия”, “Фи тадбир ул мусофирин”, “Рисола фил боҳ”, рисолаҳо амроз ва табобати гӯшу бинӣ ва меъдаву рӯдаву ҷигар ва ғ., ки ба истиснои баъзеашон бештари онҳо то ба замони мо расидаанд, ба форсӣ тарҷума шудаанд ва дар Тоҷикистон ба нашр расиданд. Китоби тибби Ибни Сино (Ал Қонун) ҳоло дар Ҳинд ва Чин (ба шакли ошнои “тибби чинӣ”) дар байни мардум ва шифохонаҳо мавриди истифода қарор дорад.
Тибқи маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Чин “тибби чинӣ,”ки ҳоло қариб ними дунёро фаро гирифтааст, дар заминаи “ал Қонун” и Ибни Сино сохта шудааст, чиниҳо инро эътироф мекунанд. Тибби Сино дар Тоҷикистон аз тарафи зиндаёд, доктори тиб, проф. Юсуф Нуралиев ҳаматарафа таҳқиқ гардидааст. Ин олими номвар дар чандин мамлакатҳои хориҷаи дуру наздик (Руссия, Ҳиндустон, Чин ва ғ.) системаи тиббии Синоро дар муқоиса бо тибби Авесто дар конфронсҳо ва гиридиҳамоиҳои илмӣ баррасӣ мекарданд.
Чун сухан аз Маркази синошиносӣ ва Устод Муҳаммадсалом Махшулов меравад, бояд сухане чанд аз ватандории ӯ бояд гуфт. Ватандӯстиву ватанпарастии устод Муҳаммадсаломро дар кори ҳаррӯзаи ӯ дар тарҷумаи Осори Абуалӣ ибни Сино баръало метавон дид. Ӯ кори худро ҳамарӯза бо меҳру муҳаббат анҷом медиҳад, аз ходимони пешбар ва собиқадори ин Марказ мебошанд. Ӯ ва ҳамкорони ӯ, ба шумоли проф. Саидраҳмон Сулаймонов (миқдори бузурги тарҷумаи Осорро бар дӯш дорад), проф. Рамазон Назариев, Аҳмадҷон Ҳоҷиев, И.Саидов, проф. М.Маҳмадҷонова, К.Аскардаев, М. Шамсов, А.Рамазонӣ дар Марказ дар соҳаи тарҷума ва таҳқиқи Осори ин абармарди давру даврон, фарзанди шаҳири халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино ба натиҷаҳое расидаанд, ки ҷои шодмонии ҳамагон аст. “Осор”и Абуалӣ ибни Сино дар 10 ҷилд, аввалин бор ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр мерасад. Ин гуна коре ки дар ягон ҷои дунё ҳанӯз сурат нагирифтааст.
Бо вуҷуди ин Устод Муҳаммадсаломро муаррифӣ кардан кори содда аст, зеро аз тариқи технологияи имрӯза ӯ шахсияте аст шинохта дар сатҳи ҷаҳонӣ: шумо номи ӯро дар шабакаи интернет пахш кунед ва миқдори бузурги китобҳои дар кишварҳои гуногуни пасошӯравӣ (Алмата, Бишкек, Москва, Санкт-Петербург, Боку ва ғ.) тарҷума кардаи ӯ ва мукофоти ӯ чун лентаи синамо дар пешатон ҷилвагар мешавад. Ӯ хатмкардаи факултети риёзиёти Донишгоҳи ба номи В.И.Ленин аст, вале бо риёзиёт қаноат намекунад. Дар ҳама ҷо низоми риёзиро ҷустуҷӯ мекунад.
Ибни Сино “Ал Қонун фи-т-тиб” мегӯяд: Табиб бояд чашмони шоҳин, дастони маҳини духтар, хиради мор ва қалби пуршӯри шер дошта бошад! Ин суханони Абуалӣ Сино роҷеъ ба табиб ва аҳамияти чашмони тезу дастони нозуку чобук ва хираду қалби пок ба олимони соҳаҳои дигари илм ҳам нисбат доранд. Аз ҷумла, ба М. Махшулов, ки дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ тадқиқот мебарад, ва боз устоди шеъру адаб ҳам аст. Дар тафовут аз дигарон ӯ осори ҳандасӣ, нуҷумӣ, риёзии Абуалӣ ибни Синоро аз арабию хати форсӣ ба ҳуруфи тоҷикӣ ва русӣ тарҷума мекунад. Муҳаммадсалом шахсияти ҳаматарафа, зуфунун, зулисонайн, инсони ҳақиқатан шариф, зариф, фарди табииву заминӣ ва дар айни замон дорои шахсияти нодир, маънавию донишманд аст. Мувофиқи маълумоте, ки дорем ӯ зода ва парвардаи сарзамини қадими тоҷикон Дарвозҳо (ки бахши онҳо ҳоло дар Афғонистон аст) мебошад. Тибқи маълумоти саёҳони рус роҷеъ ба шоҳҳони Дарвоз, охирин шоҳҳои Дарвоз аз лиҳози насаб шаҷараи аҷдодоии худро ба Искандар мепайвастанд. Албатта, ба таври илмӣ шарҳ диҳем, шояд дар асл сухан роҷеъ ба давлати Селевкиҳо (шоҳҳони эронии давраи юнонӣҳо ё Кӯшониён) меравад. Аз навиштаҳои муаррихи машҳури тоҷик Баҳодур Искандаров дар китоби калонҳаҷми ӯ “Бухорои шарқӣ ва Помир дар охири асри XIX” шоҳигарии Дарвоз яке аз охирин шоҳҳигариҳо ва такягоҳи ҳукуматдории тоҷик буд, ки то дахолати русҳо ба аморати Бухоро ба тасарруфи хонадони турк надаромада буд. Хонаводаи Муҳаммад Салом то омадани ҳукумати русҳо дар муҳити фарҳангии сирф тоҷкии Дарвоз қарор дошта дорои саводи урфии классикӣ буданд, вале омадани абарқудратҳо ба минтақа ва “кишваркушоиҳои онҳо” аз тариқи “тақсим куну ҳукм рон” ба тақдири халқу миллати тоҷики ду соҳили рӯди Омӯ ва кӯҳҳои Помиру Ҳиндукуш дигаргуниҳои зиёдеро ворид кард: миллат парешон шуд, ҳатто бозичаи дасти бегонагон гардид. Дарвозҳо ба се қисм тақсим шуданд: яке ба Бадаҳшони Тоҷикистон, дигаре ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Тоҷикистон (Вахиё ва Тавилдараи Сангвор) ва саввумӣ ба Бадахшони Афғонистон. Бо вуҷуди ин кашмакашҳо ишқу муҳаббати ин мардум ба дониш дар ҳамин гуна шароит аз худ дарак медод. Инҷост, ки Муҳаммадсалом дорои ҳам дониши дунявӣ, ки қобили таҳсину офарин аст, ҳам донишу таҷрибаи маънавию рӯҳонӣ дар соҳаи фарҳангу адабиёт ва дину имон аст. Ин ҳама ба андозаи зиёд мавриди писанди ҳамагон аст. Натиҷаи ин хислатҳои фарогир, ба истилоҳ зуфунунӣ он шуда, ки мелоки ахлоқи ӯ ҳамвора бо дастгоҳи риёзӣ санҷидашуда аст: тамоми андеша, гуфтору ҳаракот ва рафтори ӯ дар зери назорати хоси ақлу корбурди оқилона ва назари орифона аст.
Агар мушаххастар баён кунем, аввалин андешае, ки бо гирифтани ин ном ба хаёли кас мерасад ин хислати писандидаи Муҳаммадсалом – миллатдӯстиии устод аст. Ин пеш аз ҳама хидмати ӯро дар ислоҳоти соҳаи маорифи мактаби миёна (дар Дарвоз), ҳунари тадриси ӯ дар факултаи риёзиёти Донишгоҳи давлатии ш.Кӯлоб, дар ба тасвиб расидани забони тоҷикии форсӣ ба мақоми забони давлатӣ дар давраи бозсозиии замони шӯравӣ ва ғ. Он вақт ӯ дар дастгоҳи Шӯрои Олӣ кор мекард. Баҳсҳо дар атрофи давлатӣ шудани забони миллатҳои шӯравӣ дар авҷ буд. Бисёре аз равшанфикрони замони шӯравӣ ба ин кор муқовимат нишон медоданд, ба фикри онҳо ин алоқаҳои муштарики иқтисодии ҷумҳуриҳои шӯравиро вайрон мекунад. Аз миёни мухолифон профессори фалсафа, ҷойнишини раиси Шӯрои Олӣ проф. В.Приписнов буданд, ки аз М.Диноршоев барои собит кардани далелашон аз В.И.Ленин айнан иқтибос талаб мекард. Устод М.Диноршоев далел мекофт. Вале далелҳои овардаи М.Махшулов барои дифоъ аз забони тоҷикии форсӣ хеле мӯътамад буданд. Бо муроҷиат ба В.Приписнов, устод Муҳаммадсалом Махшулов барои давлатӣ кардани забони тоҷикӣ дар кишвар зарурияти овардани санад аз В.И.Ленинро ғайримантиқӣ хонд: -“забони форсӣ ҳазорсолаҳо дар ин минтақа расмиву давлатӣ буд!!!”. “Ленин ба ин масъала дахле надорад”.
Миллатдӯстии устод Муҳаммадсаломро метавон инчунин дар рисолати равшаннамоӣ ва маърифатнигории устод дид. Ҳангоми машғул будан ба кори роҳбарӣ дар Марказ ягон лаҳзаеро дар хотир надорам, ки устод ба ягон хоҳиш ё муроҷиати роҳбарон, ё рузноманигорон аз радио ё телевизиони Тоҷикистон барои гузориш дар мавзӯи барои кишвари мо, миллати мо муҳим ҷавоби рад дода бошад. Ман худам борҳо шоҳид будам ва солҳо бо ӯ дар ин самт ҳамкорӣ мекардам. Дар ҳамин авохир ҳам барои радиои “Овози Тоҷик” (ба русӣ) роҷеъ ба аҳамияти “Намунаи адабиёти тоҷик”- китоби Қаҳрамони миллат, асосгузори адабиёти навини тоҷик, устод С.Айнӣ сӯҳбати радиоӣ доштем. Дар шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Тоҷикистон” дар таҳияи барномаҳо бахшида ба Наврӯз, Меҳргон, Рӯзи Ваҳдат, Ҷашни Истиқлолият ва ғ. иштирок доштем. Имрӯзҳо расонаҳои телевизионӣ аз сӯҳбатҳои устод дар риштаи таърихи илму фарҳанги тоҷику эронӣ дар тули ҳазорсолаҳо саршоранд ва ин расонаҳо аз маърифату дониши ӯ рангу наво ва ғизо мегиранд, ӯ дар наворгирии филмномаҳо дар бораи Ибни Сино, Насируддини Тусӣ ва ғ. фаъол аст.
Ватандӯстӣ ва муҳаббати беназир ба миллати тоҷик аз рагу хун ва табиати устод меиаровад. Ёд дорам, ки ҳатто замони шӯравӣ, он кас дар яке аз ноҳияҳои муҳими сарҳадӣ ба кори ҳизбӣ машғул буданд ва ба ҳукми тасодуф ман аввалин бор ӯро ҳамон ҷо мо вохӯрдем. Тобистони солҳои 80-ум буд, дар аспирантура мехондам, вақти таътили тобистона. Бо ташаббуси дастгоҳи марказии Ҳизби коммунистӣ дар Душанбе мебоист як конфронси сатҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки мансабдорони ҳукумати марказӣ дар мавзӯи муқовимат бо таъсири торафт афзояндаи дин дар ҷомеа баргузор мегардид. Ба АИ Тоҷикистон аз боло муроҷиат намуданд, ки олимони маскавиро пеш аз ин конфронс дар маҳалҳо ҳамроҳӣ кунем. Роҳбари гурӯҳ устод К.Олимов (ҳоло академик) буданд. Маро бо ду нафар намояндаи Маскав (аз Академия илмҳои ҷамъиятии назди КМ) ба ВМБК фиристоданд. Аз Дарвоз то Хорӯғ бо роҳбарони дастгоҳҳои давлативу сиёсӣ ва фаъолҳои маҳалҳоро вомехӯрдем ва онҳо бо кормандони ҳизбиву давлатӣ сӯҳбатҳо меоростанд. Дар Қалъаи Хум як нафар ҷавон, фаъоли ҷамъиятӣ ва аъзои бахши идеологиии ҳизбро ба мо муаррафӣ карданд, ки дар бораи фарҳанги гузаштаи халқи тоҷик аз ориёно, фарҳанги замони ислом ва муосир маълумоти фаровон дошт ва намояндагони Маскав аз сӯҳбатҳои ӯ ба ваҷд меомаданд. Дар ин мавзӯъҳо он замон фақат одамони ангуштшумор сӯҳбат мекарданд. Меҳмонҳо мепурсиданд, ки чӣ бояд кард, ки таъсири таассуботи динӣ дар байни мардум камтар шавад? Оё иваз кардани хати арабӣ ба лотиниву криллӣ ба суст шудани мавқеи тасаввуроти динӣ мусоидат кард? Оё роҳҳои дигар вуҷуд доранд? Муҳаммадсалом ба ҳар як суол ором, вале бо далелу бурҳон посух медод. Намояндагони Маскав аз пайдо кардани чунин ҳамсӯҳбат, ки аз фарҳанги бостонӣ ва тамаддуни ислом огоҳии хуб дошт, эҳсоси хушнудӣ мекарданд.
Муҳаммадсалом шахси коркушта аст, метавон гуфт, ки ӯ ҷонашро барои кор ба гарав мондааст. Ин хислати ӯро ҳар рӯз метавон ба мушоҳида гурифт: агар ҳангоми вохӯрӣ ба ӯ нигоҳ кунед, бо ӯ ҳамсӯҳбат шавед ё агар бихоҳед, ки чизи ҷиддиеро бо ӯ ба муҳокима гузоред - ин ҳангом ҳам ӯ гоҳе бо шумо аст ва гоҳе нест, ӯ дар ҷаҳони дигар, дар худии худ аст. Албатта, ба суолҳои шумо ҷавоб медиҳад, чун як нафар равшанфикр раванди сӯҳбатро нигоҳ медорад. Вале ботинан ӯ ғарқи хаёлоти худӣ аст: дар мағз-мағзу ҷони ӯ нақшаҳои кор чарх мезананд, якчанд корҳоеву вазифаҳое ки ҳамзамон бояд иҷро шаванд.... Ӯ бештар андармони он аст, ки имрӯз чанд саҳифаи коре ки дар нақшаи ӯ аст, ба иҷро расонад (борҳо шудааст, ки дар ин ҳангом ӯ ба рӯятон назар мекунад, вале бо ангуштонашон саҳифаҳои китобҳоро варақгардон мекунад, вожаҳои калидиро тафтишу тасниф мекунад, миқдори матни тарҷумаро бо аломатҳо ҳисобу китоб мекунад...).
Вале дар баробари иҷрои нақшаҳои кории илмӣ дар фикру мағзаш хаёлоти ғолиб (доминантҳо)-и дигар чарх мезананд: имрӯз бояд ба аёдати кӣ равад, ба кӯмаки кӣ шитобад, супориши кадом набераашро (ки тез тез аз тариқи телефон дастрас мешаванд) барои хариди чизе анҷом диҳад, барои кадоме аз онҳо доруву дармон ё ғизову пӯшок ё ба рӯзи таваллудаш тӯҳфа бихарад. Дар ин ҳангом, ҷолиб аст, ки фарзандону наберагон дар мелоки арзишҳои ӯ дар мақоми аввал қарор доранд: барои иҷрои супоришҳои оилавӣ “бо як ишора ӯ ба сар медавад!” Иллати ин гуна муносибат чист, мепурсед? Онҳое, ки Маҳмадсаломро медонанд, мушоҳида мекунанд, ки ӯ инстинкти сахти падариву бобоиву ҷамоатӣ дорад: лаҳзае аз кор фориғ нест, ҳамвора дар хаёли иҷрои масъулиятҳои хидматӣ, оиладорӣ, хонаводагӣ ва хешутаборӣ аст. Ҳамагон медонанд, ки ӯ як дақиқа, ягон бор, ба кор то ҳатто ба муддати 1 дақиқа дер намондааст (воқеан дар масъалаи вақт ӯ худро бо ифтихор шогирди И.Кант мешуморад!). Мегӯяд, ки ин низоми зиндагиро ман аз кори ҳизбӣ (ки дар ҳақиқат шахсро обутоб медиҳад) гирифтаам ва ӯ, ки аз пайравӣ ба ҳар гуна идеологияҳои барои халқи мо аллакай номаҳбуб худро дур мегирад, вале чун шахси намакшинос аз он мактаби тарбия то ҳанӯз ҳам эҳсоси миннатдорӣ мекунад.
Фазилатҳои устод Муҳаммадсалом зиёданд, вале инҷо наметавон ҳамаи онҳоро баршумурд. Маҳмадсалом дӯсти самимӣ ва дилсӯз аст, ки дар ин мавзӯъ соатҳо метавон сухан кард. Ӯ ба ҳама аз рӯи имкон дар ҳалли ягон масъалае ёрмандӣ мекунад. Вале аз фазилати зебоидӯстӣ ва зебоипарастии ӯ наметавонем сарфи назар кунем. Ӯ зебоиро бистисно дар ҳамаҷо мебинад ва дӯст медорад: дар осмони пурситора, дар табиати пурназора, дар замири одамони гуногунқиёфа ва ғ. Дар тарҷума ва навиштан устод ҳамвора вожаҳои хубу хуш мекобад, беҳтаринҳоро дар матну дар баёни шифоҳӣ истифода мебарад.
Дар ин ҳол ӯ аз хондани рубоиёти Ибни Сино, Хайём ва Боботоҳир лаззат мебарад, гоҳе аз мазмун ва гоҳе аз шакли онҳо маст ҳам мешавад... Ҳамвора бо забони Синои бузург дар бораи арзиш вақт ва аҳамияти он барои шиддати кор мегӯяд:
“З-он пеш ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,
Он беҳ ки набоядат пушаймонӣ хвард.
Имрӯз бикун чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, чу ҳеҷ натвонӣ кард.”
Ё ки: “...Дар торикии шаб ҳар ончӣ кардӣ, кардӣ,
Дар равшании рӯз ҳамон натвон кард...”.
Аз миёни ҳама Бедил ва Бобо Тоҳир ҳама вақт дар ёди ӯст. Забони Бобо Тоҳир лурӣ буда, вале ба лаҳҷаи дарвозӣ наздик аст. Як рубоӣ дар тавҳиди Худо ва фарҳанги мадоро дар байни намояндагони адёни мухталиф аст. Онро ӯ ҳамвора замзама мекунад:
Хушо унон, ки пой аз сар надунанд,
Миёни шӯъла хушку тар надунанд.
Куништу каъбаву бутхонаву дайр,
Сарое холӣ аз дилбар надунанд.
Маҳмадсалом вақти худро бештар барои гирд кардани дониш сарф мекунад. Ӯро на танҳо дар ҷои кор, балки агар ҳангоми дар ҷодаҳо бо ӯ қадам занед, мебинед, ки чӣ гуна чандин духтарону занони хушлибосу хушахлокро (новобаста заз синну сол) бо суханони ширин ҳайру мақдам мекунад, бо забони ба худ хоси мулоим рӯҳбаланд ва гусел мекунад. Аз ин ҷиҳат баъзе занҳо ӯро “мастер комплементов” меноманд.
Ӯ суханонеро барои тасвири зебоии зоҳириву ботинии онҳо дарёфт мекунад, ки онҳо тамоми умр онро ба ёд месупоранд. Ва ин ҳангом онҳо шояд аз зиндагии муқаррарии худ фориғ мешаванд, вале шавқу илҳом ва энерҷии дигар мегиранд. Ин хислат як шакли тарбияи ҷомеа аст, ки на ҳар кас ин гуна рисолатро анҷом медиҳад, ӯ баъзе шахсиятҳои рӯҳафтодаро ҳушёр ва ба зиндагӣ дилгарм мекунад, афсурдаҳолӣ ва маъюсиро аз онҳо бартараф мекунад, ба шахс эътимод ба нафс ва эҳсоси зебоӣ мебахшад.
Агар бо устод Муҳаммадсалом дар боғу паркҳои сайругашт ё аз он масир гузар карда бошед, шумо хоҳед дид, ки ӯ чун ҳамсафар “беаҳд” шуморо муддатҳои мадиде ба ҳоли худ мегузорад ва тани танҳо ба тамошову ташхиси гулҳо меравад. Дар ин ҳангом шумо хоҳед дид, ки назари устод бо мушоҳидаҳои зистшиносӣ ё биологӣ ва зебоишиносӣ ба анҷом намерасад: ба воситаи мушоҳидаҳои худ ӯ таҳқиқ мекунад, ки оё дар рӯи гулҳо занбури асал нишастааст ё на? Аз тариқи ин хулоса мебарорад, ки оё вазъи экологии шаҳру сайёра дар ҳоли рушд ё дар ҳоли завол ва ғуруб аст?! Ин гуна муносибат ба табиат, ба ватандорӣ, ба кори ҳаррӯзаи худ, муносибат бо одамони оддӣ, фарҳанги баланди шаҳрдорӣ на ба ҳар як шахс насиб мешавад.
Агар сирати фалсафии устод Муҳаммадсаломро ҷамъбаст кунем, ба ёрии мо боз ҳам суханони Шайхурраис роҷеъ ба расолати табиб ва гуфтаҳои Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ меоянд, ки дар бораи накӯкорӣ, забони нарм, мададгории дигарон будани ӯ гуфта бошад:
“Беҳин коре, ки андар зиндагонист,
Накӯҳоҳӣ, ба кас роҳатрасонист.
Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,
Кас аз дасти забони худ маёзор,
Илоҷи дардмандон кун ба ҳар дард,
Ки ҳар кас, к ӯ ҷароҳат кард, бад кард.
Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош,
Ба сахти чораи бечорагон бош!
Ба пирӣ хидмати модар падар кун,
Ҷавонию ҷунин аз сар бадар кун...
Ӯ шахсе аст, ки “ваҳшу тайр” ва инсу ҷинсро “роҳатрасон” аст. Умед дорем, ки устод Муҳаммадсалом минбаъд ҳам ба мисли деҳқони накӯкору ҳакимони хирадманди аҳди қадим ин хислатҳои бикру созандаи худро барои дӯстону шогирдони худ арзонӣ медорад, онҳоро ба дидгарон тарғиб мекунад ва ҷаҳони торафт пешбининашавандаи моро заррае ҳам бошад равшанӣ, зебоӣ ва хуррамӣ мебахшад.
Шоҳкориҳои фарзандони халқи тоҷик, ба мисли осори Сино, асарҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар Э.Раҳмон, бо меҳнати ҳалол, илму дониш ва садоқат сохта мешаванд, на аз тариқи зурӣ! Бунёдкории Сино ва муҳаққиқони ӯ сутуданист, зеро ӯ, ба ибораи Бозор Собир сохту дод, ҳарчи дошт! Ин хислати тоҷикист ва насли ҷавон бояд онро ба мерос бигиранд.
Таъкид мекунем, ки хидмати Пешвои Миллат, Президенти Тоҷикистонро дар самти эҳё ва рушди фарҳанги илмӣ ва миллӣ бояд бо дили гарм ва дар ҳама сатҳҳо қайд кард. Эълони Ҷоизаи байналмиллалӣ дар соҳаи дастовардҳо дар тиб яке аз чунин тозакориҳо буд, ки Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 ироа намуданд, ин илова ба он хидмате аст, ки Президент дар с.2005, дар шароити мушкил ва буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ барои бузургдошти хидматҳои Абуалӣ Ибни Сино дар назди халқи тоҷик ва илми ҷаҳонӣ дар Академияи миллӣ Маркази Синошиносӣ сохт ва нашру тарвиҷи Осори Шайхурраисро ба роҳ монданд.
Дар ҳақиқат таъсиси ин Марказ ва минбаъд эълони Ҷоизаи Президент, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои расидан ба дастовардҳои беназир дар соҳаи тиб ва илми ҷаҳонӣ ташаббуси муҳим ва саривақтӣ аст. Он барои омӯзиши бештар ва беҳтари Осори Ибни Сино ва рушди минбаъдаи илми тибби ҷаҳонӣ такони бузурге хоҳад дод. Дар баробари ин ташаббусҳо ифтихороти миллати тоҷику тамоми эрониёнро ба сатҳҳои боз ҳам баланд хоҳад бардошт.
Сунатулло Ҷонбобоев, муҳаққиқи фалсафа
Назарзода С.Т. – номзади илмҳои фалсафа, котиби илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
