НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ПЕШБУРДИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Масъалаи истиқлолияти сиёсӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи назариявию амалии он дар шароити муосир ба яке аз самтҳои муҳими таҳқиқоти илмии сиёсӣ табдил ёфтааст. Дар замони таҳаввулоти босуръати низоми байналмилалӣ, ки бо равандҳои ҷаҳонишавӣ, рақобати геополитикӣ, афзоиши таъсири қудратҳои бузург ва густариши таҳдидҳои фаромиллӣ тавсиф мешавад, масъалаи ҳифз ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ барои ҳар як давлат аҳамияти калидӣ касб менамояд. Маҳз сатҳи воқеии истиқлолияти сиёсӣ муайян месозад, ки давлат то кадом андоза қобилияти мустақилона қабул ва татбиқ намудани қарорҳои стратегиро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доро мебошад.
Истиқлолияти сиёсӣ ҳамчун шакли олии соҳибихтиёрии давлатӣ баромад намуда, ҳуқуқ ва имконияти давлатро барои мустақилона муайян намудани самтҳои рушди дохилӣ ва хориҷии худ ифода мекунад. Он на танҳо рамзи мавҷудияти давлат, балки асоси фаъолияти самараноки тамоми низоми давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина истиқлолияти сиёсӣ бо чунин мафҳумҳои бунёдӣ, ба монанди соҳибихтиёрии давлатӣ, амнияти миллӣ, манфиатҳои миллӣ, якпорчагии ҳудудӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ робитаи мустақим ва ногусастанӣ дорад.
Таҳлили таҷрибаи давлатҳои муосир нишон медиҳад, ки истиқлолияти сиёсӣ танҳо дар шароити мавҷудияти низоми муассири идоракунии давлатӣ, иқтисодиёти рақобатпазир, ҷомеаи муттаҳид ва сиёсати хориҷии мутавозин метавонад пойдор боқӣ монад.
Аз ин рӯ, истиқлолияти сиёсӣ на танҳо натиҷаи ба даст овардани соҳибистиқлолии давлатӣ, балки раванди доимии таҳким ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар шароити таъсири омилҳои беруна ва дохилӣ давлатҳо маҷбур мебошанд механизмҳои нав ва самараноки ҳифзи истиқлолияти сиёсиро таҳия ва татбиқ намоянд.
Дар мавриди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти истиқлолияти сиёсӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад, зеро давлатдории муосири тоҷикон маҳз дар заминаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ташаккул ёфтааст. Таҷрибаи солҳои аввали истиқлолият нишон дод, ки заиф гардидани пояҳои истиқлолияти сиёсӣ метавонад ба нооромии сиёсӣ, ихтилофҳои дохилӣ ва халалдор гардидани рушди давлат оварда расонад. Аз ин рӯ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд.
Дар ҳамин асос, истиқлолияти сиёсӣ ҳамчун арзиши олии давлатдорӣ ва шарти асосии рушди устувори ҷомеа баромад намуда, таҳқиқи ҳамаҷонибаи он барои дарки равандҳои сиёсии муосир, муайян намудани роҳҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими мавқеи давлат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ аҳамияти муҳими илмӣ ва амалӣ дорад. Танҳо дар шароити истиқлолияти воқеӣ ва устувори сиёсӣ давлат метавонад рушди дарозмуддат, амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегии худро таъмин намояд.
Дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мавқеи калидӣ ва сарнавиштсоз дорад. Маҳз дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки давлат бо хатари аз байн рафтани низоми давлатдорӣ ва парокандашавии ҷомеа рӯ ба рӯ гардида буд, роҳбарияти сиёсӣ тавонист заминаҳои устувори эҳёи давлат ва таҳкими истиқлолиятро фароҳам созад.
Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии сиёсӣ набуд, балки раванди мураккаби ташаккули давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва муайян намудани самтҳои рушди минбаъдаи кишварро низ дар бар мегирифт. Дар чунин шароит вазифаи асосӣ ҳифзи якпорчагии давлат, таъмини суботи сиёсӣ ва муттаҳид сохтани ҷомеа дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ ба ҳисоб мерафт.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ҳамчун роҳбари давлат масъалаи таҳкими истиқлолият ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ-давлатиро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуд. Дар суханрониҳо ва асарҳои илмӣ-сиёсии худ пайваста таъкид менамояд, ки истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик буда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Ба андешаи Пешвои миллат, истиқлолият танҳо дар сурати мавҷудияти ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори иқтисодӣ метавонад пойдор ва устувор боқӣ монад.
Яке аз дастовардҳои муҳими роҳбарияти давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 барои ҳифзи давлатдории миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дошт. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати сулҳофарона хатари парокандашавии давлат аз байн рафта, заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатдории миллӣ муҳайё гардиданд.
Дар баробари ин, нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии истиқлолияти давлатӣ низ назаррас мебошад. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили низоми қонунгузорӣ, таҳкими сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва рушди институтҳои сиёсӣ ба ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд мусоидат намуданд. Ин тадбирҳо барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботи сиёсӣ аҳамияти калидӣ доштанд.
Ҷанбаи муҳими дигари фаъолияти Пешвои миллат таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангии тоҷикон мебошад. Бо ташаббуси роҳбарияти давлат омӯзиши мероси таърихии миллат, эҳёи суннатҳои миллӣ, рушди забони давлатӣ ва гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи таърихи тоҷикон ба сиёсати муҳими давлатӣ табдил ёфтанд. Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор ва дигар ҷашнҳои миллӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳсоси ифтихори ватандорӣ мусоидат намуданд.
Дар сиёсати хориҷӣ низ Пешвои миллат тавонист заминаҳои мустаҳками ҳифзи истиқлолияти сиёсиро фароҳам созад. Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ сиёсати хориҷии «дарҳои боз», ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва иштироки фаъол дар созмонҳои байналмилалиро роҳандозӣ намуд. Ин сиёсат имкон дод, ки манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳифз гардида, мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол таҳким ёбад.
Дар шароити муосир масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, норасоии захираҳои обӣ ва ҳифзи муҳити зист ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ ва минтақаи ташаккули қисми назарраси захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳалли ин мушкилоти глобалӣ нақши фаъол дорад. Дар ин самт ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти махсуси сиёсӣ, экологӣ ва башардӯстона касб намудаанд.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти Тоҷикистон масъалаи обро ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими рушди устувор, амнияти экологӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуд. Пешвои миллат дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста таъкид менамоянд, ки захираҳои обӣ на танҳо омили рушди иқтисодӣ, балки заминаи таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва иҷтимоии аҳолии ҷаҳон мебошанд.
Нахустин ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии бехатар мусоидат намуд.
Дар идомаи ин сиёсат бо пешниҳоди Тоҷикистон солҳои 2005–2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон гардид. Ҳадафи асосии ин даҳсола баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи устувори захираҳои обӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби тоза ва тақвияти тадбирҳои ҳифзи муҳити зист буд. Дар доираи татбиқи ин ташаббус даҳҳо ҳамоишҳои байналмилалӣ баргузор гардида, масъалаҳои муҳими идоракунии захираҳои обӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ташаббуси дигари муҳими Пешвои миллат қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» мебошад. Ин иқдом идомаи мантиқии ташаббусҳои қаблӣ буда, ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, бахусус ҳадафи шашум – таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ равона гардидааст.
Дар солҳои охир тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ба яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбанд, аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим таъсири ҷиддӣ мебинад. Тибқи маълумотҳои илмӣ, дар даҳсолаҳои охир ҳазорҳо пиряхҳои хурду миёна дар Тоҷикистон қисман ё пурра аз байн рафтаанд, ки ин раванд метавонад ба таъмини оби минтақа дар оянда таъсири манфӣ расонад.
Бо дарназардошти ин хатарҳо Пешвои миллат масъалаи ҳифзи пиряхҳоро ба сатҳи байналмилалӣ бароварданд. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон намуд. Ҳамзамон қарор қабул гардид, ки аз соли 2025 минбаъд ҳар сол 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда шавад. Ин иқдом аҳамияти калони илмӣ ва экологӣ дошта, барои муттаҳид намудани талошҳои кишварҳои ҷаҳон дар роҳи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо равона гардидааст.
Ташкили Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва баргузории конфронсҳои сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва иқлим низ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими дипломатияи экологӣ ва обии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ташаббусҳо имконият фароҳам оварданд, ки масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, коҳиши захираҳои обӣ ва амнияти экологӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гиранд.
Таҳлили ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳамчун яке аз кишварҳои пешсаф дар пешбурди дипломатияи обӣ ва экологӣ эътироф гардидааст. Ин ташаббусҳо на танҳо ба ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба об ва иқлим мусоидат мекунанд, балки обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро низ таҳким мебахшанд.
Сиёсати байналмилалии Пешвои миллат дар соҳаи об, экология ва ҳифзи пиряхҳо намунаи равшани ҳамоҳангсозии манфиатҳои миллӣ бо манфиатҳои умумибашарӣ мебошад. Ин ташаббусҳо саҳми арзишманди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии асри XXI инъикос намуда, ҷойгоҳи кишварро ҳамчун ҷонибдори рушди устувор, ҳифзи муҳити зист ва ҳамкории байналмилалӣ таҳким мебахшанд.
Дар маҷмӯъ, таҳлили таҷрибаи давлатдории муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, барқарорсозии сулҳ, ташаккули давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори кишвар аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона ва фаъолияти пайгиронаи роҳбарияти давлат истиқлолияти Тоҷикистон аз марҳилаи осебпазирии ибтидоӣ гузашта, ба пояи устувори рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар табдил ёфтааст.
Бедилзода Ҳ.- мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байналмилаӣ ИФС ба номи А.Баҳовиддинови АМИТ
