Skip to main content
Эълон!

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «СИЁСИШАВИИ ДИН ВА ХАТАРИ ОН БА СУБОТИ ИҶТИМОӢ ВА АМНИЯТИ ФАРҲАНГИИ ҶОМЕА

Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо камоли эҳтиром Шуморо ба конференсияи байналмилалӣ даъват менамояд!

🗓 Таърих: 12 майи соли 2026

⏰ Оғоз: 09:00

Навид

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин 11.05.2026

11 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷалб намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Чинро шарики боэътимод ва калидии худ дар ин раванд номиданд.

Навид

Мулоқот бо Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуа 11.05.2026

11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Шӯрои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо ба дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтор, логистика, бахши бонкӣ, саноат ва соҳаи кӯҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба роҳандозии ҳамкории судбахш алоқамандии худро таъкид доштанд.

Навид

Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 11.05.2026

11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Навид

ВОХУРИИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ, ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО БО ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи амали татбиқи ҳадафҳои “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” эълон шудани соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар Кохи фарҳанги шаҳр ба номи Олим Бобоев бо намояндагони ҷавонони шаҳр вохурӣ намуд.

Мақолаҳо

ВКЛАД ТАДЖИКИСТАНЦЕВ В ПОБЕДУ ВО ВТОРОЙ МИРОВОЙ ВОЙНЕ НА ДАЛЬНЕМ ВОСТОКЕ

Бойцы из Таджикистана сыграли важную роль в победе над Японией в 1945 году. В Маньчжурской наступательной стратегической операции участвовала 53-я армия, сформированная в Среднеазиатском военном округе и включавшая в свой состав полки из жителей Таджикистана, Узбекистана, Кыргызстана и Казахстана.

Большую роль в победе Красной армии в Манчжурской операции сыграли выходцы из Таджикистана - бойцы 53-ой армии, входившей в Забайкальский фронт под командованием маршала Малиновского и сформированная в Среднеазиатском военном округе.

Мақолаҳо

ТОЛИБИ ҒАЛАБА ДАР МАЙДОНИ НАБАРД

123123“Тору мор гардидани Германи фашистӣ намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Тақрибан 100 ҳазор ҷавонмардони тоҷик дар врсаи ҷанг қаҳрамонона шаҳид гаштанд. Мо дар назди хотираи неки онҳо сари таъзим фурудмеорем ва бо зикри хайр номи онҳоро зинда меорем ”

Табрикот

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА ВА СИЁСАТШИНОСӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Ҳамватанони гиромӣ, муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Рӯзи Ғалаба яке аз саҳифаҳои пурифтихор ва ҳамзамон пурдарди таърихи инсоният ба шумор меравад. Ин санаи муқаддас рамзи матонат, фидокорӣ, ватандӯстӣ ва иродаи шикастнопазири халқҳоест, ки баҳри ҳифзи озодӣ, адолат ва шарафи инсонӣ ҷоннисорӣ намуданд.

Семинари илмӣ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РӮЗИ ҒАЛАБА – РАМЗИ ШУҶОАТ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД!

Имрӯз 07.05.2026 сол дар Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рӯзи Ғалаба рамзи шуҷоат ва ифтихори ватандорӣ” баргузор гардид.

Семинари мазкур аз ҷониби муовини директори Институт, доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёи Хуршед Махшулзода ифтитоҳ гардид. Дар сухани ифтитоҳии худ ӯ аҳамияти таърихӣ ва иҷтимоии Рӯзи Ғалабаро махсус таъкид намуда, онро яке аз падидаҳои муҳими тарбиявӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рӯҳияи ватандӯстии ҷомеа арзёбӣ намуд.

Мақолаҳо

БАЪЗЕ АНДЕШАҲОИ ЗИДДИИФРОТӢ ДАР ОСОРИ МИР САЙЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Мир Саййид Алии Ҳамадонӣ (1314–1384) яке аз шахсиятҳои барҷаста ва намояндаи шинохтаи илму ирфони тоҷику форс дар асри XIV буда, бо осори ғаниву пурмуҳтавои худ дили чандин олимону орифони асрҳои миёна ва баъдро тасхир кардааст.
23121