Skip to main content
Навид

17 апрел Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Федератсияи Россия с

17 апрел Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Федератсияи Россия сафар карданд. Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Мақолаҳо

ТОҶИКИСТОН, УЗБЕКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН – ДӮСТИИ БЕЗАВОЛ

Тавре ба ҳамагон маълум аст, рузи 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар фазои сулҳу субот, дустӣ ва бародарӣ баргузор гардид.

Воқеан, Наврӯз паёмовари баҳор, сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва муттаҳидкунандаи халқҳо аст.

Навид

Кумакҳои Пешвои миллат ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 15.04.2025

15 апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларзаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод кумакҳои иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки 13 апрели соли 2025, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Мақолаҳо

ФОЗИЛИ ДАВРОН

«Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ нақши арзанда мебозанд».
Эмомали Раҳмон

Зиёиён дар ҳар давру замон равшангарони асосии ҷомеа маҳсуб шуда, маҳз илму дониш ва ақлу хиради онҳост, ки маърифати мардум боло меравад ва ҷомеа рушду тараққӣ менамояд.

Навид

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо 15.04.2025

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

23121