Skip to main content
Навид

Ҳамоиш. ДУШАНБЕ САРЗАМИНИ ТАХТИ ВОЛО

Имрӯз, 21 апрел дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Душанбе-сарзамини тахти воло” баргузор гардид.

Ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён ҳусни оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт.

Мақолаҳо

ДУШАНБЕ - МАРКАЗИ ИЛМИ ВАТАНӢ ВА БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ САТҲИ БАЛАНД

Имрӯз Душанбе, пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол, ба як маркази бузурги илмӣ ва баргузории чорабиниҳои илмии миқёси байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст. Омилҳое, ки ба ин мусоидат намудаанд, қабл аз ҳама, бо фаъолияти шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонии пойтахти кишвар ва кулли Тоҷикистон алоқаманданд. Ҳамзамон, фаъолияти роҳбарияти худи шаҳр низ тайи чанд соли охир барои рушди пойтахт имкониятҳои заруриро барои банақшагирӣ ва баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ тақвият бахшидааст.

Навид

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Қасри Таврии шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил и

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Қасри Таврии шаҳри Санкт-Петербург дар кори ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа раисони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Навид

Иштирок дар маросими гулгузорӣ дар оромгоҳи ёдгории Пискарёв

Субҳи 18 апрел дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маросими гулгузорӣ дар Оромгоҳи ёдгории Пискарёв иштирок намуданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамин ҷо дар назди Лавҳаи хотиравии сарбозони қаҳрамони тоҷикистонӣ – ҳимоятгарони шаҳри Ленинград дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулдаста гузошта, ба хотираи шаҳидон арҷ гузоштанд.

Мақолаҳо

ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА МАВҚЕИ СИЁСИИ ОН

Дар таърихи ҳар миллат пойтахт ба сифати маркази сиёсӣ ҷойгоҳи устувор дорад. Вазъи сиёсию амниятии ҳар як кишвар, пеш аз ҳама, аз набзи пойтахти он муайян мегардад. Тавассути тасмимгириҳои фарҳангию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии пойтахт робитаи ҳукумати кишвар ва халқ пайванди ногусастанӣ пайдо мекунад.

Бояд гуфт, ки дар раванди таърих инсоният пойтахтро ба сифати маркази давлат ва илму фарҳанг қарор додааст. Яъне ҳамаи самтгириҳои сиёсӣ ва роҳандозии нақшаҳои хурду бузурги миллат мансуб ба пойтахти мамлакат мебошанд.

Навид

Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.04.2025

17 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.

Навид

Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ишт

Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

23121