ШИНОХТИ КУРУШИ КАБИР ДАР САРЧАШМАҲОИ ИЛМӢ
Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихӣ, сиёсатмадори варзида, тарғибкунанадаи адолат ва таъминкунандаи баробарии иҷтимоии ҳамаиқишрҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти муаррихи бузург Ҳеродот «бунёдгузори нахустин империяи ҳахоманишиниҳо» мебошад, ки то замони лашкаркашию кишваркушоиҳои Искандари Мақдунӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ назире надошт.
Тибқи маълумоти катибаҳои Дорои Бузург ва муаррихони юнонӣ ҳудуди давлати Куруши Кабир дар се қитъаи олам - Осиё, Аврупо ва Африқо, дар 22 вилоят: Порсу Мод, Бобулу Ошур, Мисру Финикия, Лидияву Урарту, Парфияву Гиркания, Бохтару Суғд ва ғайра доман паҳн карда, бештар аз 70 қавму миллатҳои гуногунро муттаҳид менамояд. [8.-С.21]
Давлати ў дар доираи принсипҳои адолати иҷтимоӣ бунёд гардида, худи ў аз миёни шоҳони қадим ҳамчун сарвари адлгустар, таҳаммулпеша, инсонпарвар, боинсоф ва хирадманд шинохта шудааст. Эъломияи ҳуқуқии ў дар таърихи тамаддуни башарӣ яке аз шоҳкориҳои аввалин оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, падидаи комилан нави сиёсию фарҳангӣ, эъломияи башардӯстона, ки метавон нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон шумурд, аз тамаддуни ориёӣ ғизо гирифтааст. Асоси онро ҳанўз дар аҳди қадим таъсиси ҷомеаи дунявию адолатпарвар ташкил медиҳад, ки баъдан тавассути рӯшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро падид овард.
Ба иттилои муаррихон ин эъломия, ки бо забони аккадӣ (бобулӣ) навишта шуда, то имрўз ба мо мерос мондааст зери номи «Устувонаи Куруш» низ ёдоварӣ мешавад. Зеро шакли гилнавишти силиндрмонандро дошт.
Таърихнигори бритониёӣ Ҳормуз Рассам соли 1879 ҳангоми ҳафриёти Бобул (дар наздикии Бағдод) «Устувонаи Куруш» - ро бо ҳамроҳии китобхонаи ба ном «Шоҳ Ашурбанипал» пайдо карда, ба Лондон мебарад. Баъдан матни слиндраро тањќиќгари шинохтаи фарњанг ва тамаддуни Ошур - Генрӣ Равлинсон ба англисӣ баргардон мекунад.
Бо саъй ва кўшишҳои олими шинохтаи тоҷик П.Ҷамшедов ин матн ба забони тоҷикӣ ба таври зайл тарҷума шудааст: «Манам Куруш, шоҳи шоҳон, шоҳи бузург, шоҳи неруманд, шоҳи Бобул, шоҳи Сумер ва Аккад, шоҳи чаҳор мамлакат, писари Камбуҷия - шоҳи бузург, навосаи Куруш, шоҳи бузург аз шохаи салтанати адабӣ, ки салтанаташ мавриди худоён ва ҳукуматаш ба дилҳо наздик аст. Вақте, ки бе ҷангу ҷидол вориди Бобул шудам, ҳама мардум қудуми маро ба шодмонӣ пазируфтанд. Дар қасри подшоҳони Бобул ба сарири салтанат нишастам. Мардук - худои Бобул дилҳои наҷиби мардуми Бобулро мутаваҷҷеҳи ман кард, зеро ман ӯро муҳтарам ва гиромӣ доштам. Лашкари бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагузоштам садама ва озоре ба мардуми ин шаҳру ин сарзамин ворид ояд. Вазъи дохилии Бобул ва амокини муқаддаси он қалби маро такон дод. Фармон додам, ки ҳеч як аз хонаҳои мардум хароб нашавад. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Куруш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишастаанд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони ғарб тамоман хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул бар пойҳои ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад… ва ҳамаи сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Ҳама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Шумеру Аккадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «шодии дил» ном доранд, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам». [8. - С.20]
Бояд гуфт, ки меъёрҳои ин санади ҳуқуқӣ «ҳамаи мардумон дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединон таҳти фишор қарор нагиранд»; «касе ҳақ надорад касеро кор фармуда, ба ӯ музд надиҳад»; «ҳар кас озод аст, ҳар динеро, ки майл дорад, баргузинад, ихтиёр дорад дар ҳар ҷо хоҳад сукунат намояд ва ба ҳар гуна дину мазҳаб, ки муътақид аст, ибодат кунад ва эътиқодоти худро ба ҷо оварад… танҳо ба шарте, ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон ворид насозад»; «виҷдони инсони ҳозира қобили пазириш нест, ки дар назди чашми ҳамагон инсонҳо аз гуруснагӣ мемиранд ва ё аз надоштани маводи зист даст ба худкушӣ мезананд»; “ҳар кас посухгӯйи аъмоли худ мебошад”[1] аз ҷумлаи он арзишҳои инсонгароёнае мебошанд, ки дар низоми риояи ҳуқуқу озодиҳои шањрванд ҷойи созгорро ишғол менамоянд.
Хусусан, се арзиши демократӣ, ки аз ин нигошта мушаххас мегарданд: озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷойи зист ва поймол накардани ҳуқуқи каси дигар дар таҳияи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10-уми декабри соли 1948 қабул шудааст, ҳамчун сарчашмаи асосӣ ва роҳнамои ҳуқуқӣ нақши мондагор гузоштанд. Имрўз як нусхаи «Устувонаи Куруш» дар идораи марказии СММ ҳамчун рамзи арзиши пойдории ҳуқуқи башар нигоҳдорӣ мешавад.
Метавон қайд намуд, ки аксар равшанфикрони маъруфи ҷаҳонӣ бо дар назардошти хусусиятҳои инсонпарваронаи империяи таъсисдодаи Куруши Кабир ба шахсият ва империяи ў таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Ҳамин аст, ки дар бораи шахсияти Куруши Кабир, сиёсати кишваркушоии ў, таъсиси империяи тавоною мутамаркази ориёӣ ва нақши мондагори ў дар низоми давлатсозӣ аз сарчашмаҳои зиёди таърихӣ ва адабиёти илмӣ метавон маълумоти зиёдеро ба даст овард.
Масалан, падари таърих Ҳеродот дар асари худ «Таърих» доир ба шахсияти Куруш ва усули давлатдории ў чунин нигоштааст: «Куруш подшоҳи фурўтан, баландҳиммат ва родмарди шуҷоъ буд. Ў порсҳоро аз хироҷ додан раҳонид ва соҳиби империяи ҷаҳонӣ ва миллати нерумандтарин гардонид». Рушду густариши соҳаҳои гуногуни давлати Ҳахоманишиён дар аҳди Куруш яке аз мавзӯҳое мебошад, ки дар маркази таваҷҷуҳи муаллиф қарор гирифтааст. Ҳеродот дар идома атрофи ободкориҳои Куруши Кабир андешаҳояшро иброз дошта, аз ҷумла чунин менависад: «Куруш ҳангоми сохтани роҳҳо дар фосилаҳои муайяни роҳ аломатҳои шинохти роҳро мегузошт. Баъди ҳар панҷ фарсанг бошишгоҳҳои амонатӣ ва баъди ҳар бист фарсанг дар гузаргоҳҳои чорроҳа корвонсарою шаҳракҳои тиҷоратӣ бунёд менамуданд». [2.-С. 178-206]
Бинобар андешаи Ҳеродот чунин низоми давлатдорӣ дар замони худ беназир арзёбӣ мешавад. Файласуфи бузурги Юнон Афлотун диққати худро бештар доир ба адолатпарварию озодманишии ориёиҳо дар аҳди давлатдории Куруш равона карда, дар нигоштаҳои хеш бузургию хирадгустарии Курушро ситоиш намудааст. Бо мақсади муайян намудани низоми давлати иҷтимоию ҳуқуқбунёд Афлотун аз Куруш ёд карда, чунин менависад: Куруш сарвари бузург буд. Дар замони ӯ ориёиҳо аз озодӣ бархурдор буданд ва бар бисёр халқҳои дунё фармонравоӣ мекарданд. Ӯ ба ҳамаи миллатҳое, зери фармони ӯ буданд ҳуқуқи озодӣ бахшид, аз ин рӯ вайро ҳама дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд. Беҳтарин хислатҳои Куруши Кабир ҳамчун подшоҳи одилу адолатпарвар дар асари “Курушнома”- и олими намоён Газанфун инъикос ёфтааст. Газанфун менависад, ки “... Куруш нобиғаи бузург буд, ки дар тамоми умр ба ҳадафи муқаддас пайравӣ мекард. Ӯ дӯсти инсонҳо ва талаби илму ҳикмат, ростӣ ва дурустӣ буд. Куруш ақида дошт, пирӯзӣ ба ҳеҷ кишваре ҳуқуқ намедиҳад, ки халқи мағлубро асир кунад”. [9.-С.145-146 ]
Дар воқеъ, агар мо ба ҳуҷумҳои Куруш ба Лидия ва Бобул назар андозем ба дурусти мушоҳида карда метавонем, ки ӯ нисбати мардумони бебизоату асир ва эҳтиёҷманд аз хираду адолат муносибат намуда худро паногоҳи эшон эълон медорад.
Бинобар маълумоти китоби “Курушнома” - Куруш ба мардуми мағлубшуда имкону озодӣ медод то дар таъмини адолати иҷтимоӣ саҳмгузор бошанд. Бо ҳамин мазмун Газанфун менависад, ки Куруш чунин андеша дошт: “Ҳангоми ҷанг бояд кӯшид, ки кишоварзон ва мардуми ғайрисипоҳӣ зарар набинанд. Шаҳри шикастхӯрдаро набояд ғорат кард. Куруш муваффақ шуд, ки миллатҳои шикастхӯрдаро шефтаи худ созад. Тавре, ки порсҳо ӯро падар хондаанд. Миллатҳои мағлуб ӯро Худовандгор меҳисобанд. Куруш бузургтарин, бахшандатарин, покизатарин, дарёдилтарин марди таърихи дунё буд. Куруш бузургтарин ҳаводори фарҳанг ба шумор мерафт”. [ 9.- С.146] Аз љумла, файласуфи олмонӣ Фридрих Гегел дар китоби худ «Фалсафаи таърих» оид ба пайдоиши тамаддуни башарї маълумоти арзишманди илмї дода, ќайд кардааст, ки низоми давлатдории мутамаддин ва умуман таърихи тамаддуни умумибашарӣ маҳз аз таърихи пурҷозибаи порсҳо ва оини давлатдории Куруши Кабир ибтидо меёбад.
Академик Бобоҷон Ғафуров њомии хуқуқу озодиҳои инсон ва эътирофкунандаи дину оини халқҳои гуногун будани Куруши Кабирро ҷонибдорї карда, менависад, ки “Ҳахоманишҳо бар хилофи подшоҳони пешини замони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои сойири халқҳо хеле ботаҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро ба мисли ибодатхонаҳои Бобул ва Яҳудистон дубора барқарор намуданд.[3.- С.87]
Бисёр ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки мақому манзалати Куруши Кабир дар як қатор адабиёти динию мазҳабӣ бо як услуби махсус ва мазмуну муҳтавои хосса тасвир шудааст. Қабл аз ҳама дар китоби муқаддаси яҳудиён “Таврот”, ки ба паёмбар Мӯсо тааллуқ дорад исми Куруш 23 маротиба ба некӣ ёд мешавад. Масалан, дар боби 42-юми ин асар аз номи Худованд ишора ба Куруш чунин оварда шудааст: “... ӯ шубони (чӯпон) ман аст ҳар чӣ ӯ кунад он хости ман аст”. Дар боби 45-уми ҳамин китоб сухани Худованд ба таври зайл нишон дода шудааст: “Куруш - Масеҳ (наҷотгар) - и ман дар рӯйи замин аст”. [ 6]
Ин гуфтаҳо боис бар он шудааст, ки манзалати Куруш дар миёни халқҳои яҳудӣ мақоми хосаеро пайдо намудааст. Аз нуқтаи назари рӯҳониёни дини яҳудия Куруш фардест, ки зери назари раҳмати офаридгор ба дунё омада чун сарбози тариқати ростӣ дар ин дунё бояд ҷадал кунад. Гузашта аз ин тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд Куруш барои ҳифзу таъмини амнияту адолат ва ободониҳои мардуми яҳудия дар қатори дигар халқҳо нақши беназири худро гузоштааст. Аз ин ҷост, ки яке аз донишмандони дини яҳудия Эзро аз номи Куруш чунин мегӯяд: “Ҳамаи мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон ба ман додааст ва ӯ ба ман амр додааст, ки дар Ерусалим (Байтулмуқаддас), ки дар Яҳудия аст, хонае барои ӯ бино намоям... ”[6 ]
Барои тақвияти ин гуфтаҳо рӯ меорем ба боби 5-уми Инҷили Матто: “... ҳаргиз қасам ёд накун, на ба осмон зеро ки тахти Худост, на ба замин чунки пояндози ӯст, на ба Ерусалим, чунки шаҳри подшоҳи бузург аст”. Ба назари аксари донишмандон зери ибораи “подшоҳи бузург” Куруши Кабир дар назар аст, зеро дар дунёи қадим бо бузургӣ (кабирӣ) танҳо ӯ маъруф буд ва гузашта аз ин дар дубора сохтани Байтулмуқаддас нақши асосӣ дошт.
Дар китоби муқаддаси “Қуръон” аз Куруш ҷое ба ном ёд нашудааст, аммо миёни гурӯҳе аз донишмандон атрофи шахсияти Зулқарнайн, ки дар сураи “Каҳф” аз он ба некӣ ёд мешавад баҳсҳо идома доранд. Гурӯҳе бар ин андешаанд, ки зери номи Зулқарнайн Куруш нуҳуфтааст. Албатта баҳси Зулқарнайн баҳси танҳо имрӯз набуд. Дар аксари асарҳои муаррихону мутафаккирони асримиёнагӣ ба монандӣ: “Таърихи Табарӣ”-и Имом Табарӣ, “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Равзат-ус-сафо”-и Мирхонд ва ғайра масъалаи мавриди назари мо ба дарозо мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Хусусан, имрўз дар китоби тозанашри Мавлоно Абдулкаломи Озод бо номи “Куруши Кабир - Зулқарнайн”[7.-С.240], ки аз ҷониби муаррихи тоҷик Р.Мирализода аз хатти форсӣ ба кирилӣ баргардон шудааст шахсияти Куруши Кабир аз диди нав, ҳамчун Зулқарнайн, ки дар китоби муқаддаси Қуръон зикр шудааст, муаррифӣ карда мешавад. Азбаски ин паҳлуи мавзуъ тадқиқи алоҳидаро мехоҳад мо дунболи он суханро ба дарозо намекашем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошанд, дар асари пурмуҳтавои худ «Чеҳрањои мондагор» дар мавриди мақому манзалати Куруши Кабир баҳои арзишманди илмӣ дода, аз ҷумла дарҷ менамоянд, ки Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи оламгир ёфтааст. Хусусан, ў сиёсатшиноси нуктасанҷ буда, пеш аз ҳама гуна муҳориба барои нарехтани хун ба рақибонаш бо кафолати амният, озодї ва бо шартњои барои онњо имтиёзнок бастани сулҳро пешниҳод мекард. Танҳо дар сурати аз ҷониби муқобил қабул нашудани пешниҳодҳояш даст ба ҷанг мезад... одамшиносу инсондўст буд ва шахсони лаёқатмандеро, ки барояш содиқона хизмат мекарданд, қадр мекард ва ба онҳо мансабҳои калони давлатиро медод.[8. - С.21]
Бояд қайд намуд, ки шинохти воқеии яке аз бузургтарин чеҳраҳои таърихи куҳани тоҷикон Куруши Кабир аз ҷониби ворисони ӯ дар даврони соҳибистиқлолӣ зери андешаҳои миллатдӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд омад. Дар ин самт худи Пешвои миллат аввалин шуда дар асарҳои таърихии хеш аз ҷумла: “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Чеҳраҳои мондагор” ва дигар суханронию баромадҳояшон нақши ин абармарди таърихро дар густариши ободию озодӣ дар қатори дигар фарзандони барӯманди халқи тоҷик баданд арзёбӣ намуданд. Нависандаи тоҷик Бароти Абдураҳмон соли 2006 романеро бо номи «Куруши Кабир - шоҳаншоҳи тамаддунофар» таълиф карда, дар он сарнавишти ибратомӯз, талошу пайкорҳои давлатсозӣ ва муттаҳидгардонии ќавмњои парокандаи ориёиро рўи сафҳа тасвир медорад. Умуман, ба бањои арзишманди академик Б.Ғафуров Куруши Кабир барои форсњо љадди бузург, барои бобулињо расули худои Мадрук, барои юнонињо раљули бузурги давлат ва барои яњудиён наљотбахши худо Яњве шинохта мешуд.[3.- С.72]
Ин далел исбот менамояд, ки бар хилофи шоҳони пешин Куруши Кабир оину мазҳаб, ҳуқуқу озодиҳои соири халқҳоро бо таҳаммул пешакӣ, дурандешӣ эътироф карда, барои эҳёи арзишҳояшон монеа пешорў намесохт. Бинобар ин, ў пайвандгари суннати таҳаммулгароӣ миёни аҳли башар мебошад.
Адабиёт:
1. Аъзам Мӯсоев. Санаде, ки аз эъломияи Куруши Кабир замина мегирад. «Садои мардум». - №155 (3140). 2013, 10 декабр.
2. Геродот. История. Кн.1. - М., 1972.
3. Ғафуров Б. Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. -Душанбе: Дониш, 2008. - С. 87.
4.Гафуров Б. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. - М., 1972.
5. Дандамаев М. И. Иран при первых Ахменидах. - М. 1963.
6. Китоби муқаддас. Аҳди қадим ва аҳди ҷадид. Китоби Эзро, боби 1. - Стокголм, 1999.
7. Мавлоно Абдулкаломи Озод. Куруши Кабир – Зулќарнайн. - Д., 2019. - 240с.
8. Эмомалӣ Рањмон. Чеҳраҳои мондагор. - Д., 2016. - 364с.
9. Яъқубов Ю. Таърихи халқи тоҷик. Китоби дарсӣ. –Душанбе, 2015.
Бобоҷон Самиев - мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

