Skip to main content

ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА МАВҚЕИ СИЁСИИ ОН

Дар таърихи ҳар миллат пойтахт ба сифати маркази сиёсӣ ҷойгоҳи устувор дорад. Вазъи сиёсию амниятии ҳар як кишвар, пеш аз ҳама, аз набзи пойтахти он муайян мегардад. Тавассути тасмимгириҳои фарҳангию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии пойтахт робитаи ҳукумати кишвар ва халқ пайванди ногусастанӣ пайдо мекунад.

Бояд гуфт, ки дар раванди таърих инсоният пойтахтро ба сифати маркази давлат ва илму фарҳанг қарор додааст. Яъне ҳамаи самтгириҳои сиёсӣ ва роҳандозии нақшаҳои хурду бузурги миллат мансуб ба пойтахти мамлакат мебошанд. Ҳамчунин, осудагии мамлакатро низ аз рӯи вазъу шароити ҳаёти пойтахти давлат муайян менамоянд.

Чуноне ки доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Ятимов С.С. менависанд: «Сарзамин наметавонад орому осуда бошад, агар амнияти марказе, ки аз он идора мешавад, зери суол қарор бигирад. Аз ин ҷиҳат, таъкид мебояд кард, ки сиёсатмадорони бузург асолати давлатдориро ба пойтахти он марбут донистаанд. Сухани машҳури Исмоили Сомонӣ - бунёдгузори давлати миллии тоҷикон «то вақте зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам» гувоҳ ва тасдиқи ин гуфтаҳост. Ҳамчунон, дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон аҳамияти пойтахти мамлакат борҳо, гаштаву баргашта таъкид гаштааст». Ин аст, ки пойтахти давлатро ҳамчун муҷассамаи хиради давлатдорӣ, тавсиф мекунанд. Зеро дар он рукнҳои асосии ҳукумати мамлакат ҷойгир мебошанд.

Тавре маълум аст, аз моҳи ноябри соли 1924 шањри Душанбе пойтахти ҶМШС Тоҷикистон ва аз соли 1929 бошад пойтахти ҶШС Тоҷикистон интихоб гардид. Дар тӯли зиёда аз 100-соли пойтахт қарор доштани шаҳри Душанбе дар тараққиёти мамлакат нақши бузурге иҷро карда истодааст. Аз ин лињоз, шаҳри Душанбе дар назди наслҳои имрӯза ва оянда масъулияти бузурги таърихӣ дорад.

Воқеан ҳам шаҳри Душанбе муаррификунандаи имиҷи сиёсии кишвар буда, дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ба таври сазовор намояндагӣ менамояд. Махсусан, аъзои як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ буда, дар шаклгирии низоми хориҷӣ дар байни пойтахтҳо нақши фаъол дорад. Аз ҷумла, аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ) мебошад. Дар баробари ин, имрўз Душанбе бо шаҳрҳои Санкт – Петербург, Теҳрон, Минск, Клагенфурт, Боулдер, Ройтлинген, Мазори Шариф, Урумчӣ, Лаҳор, Санъо, Монастир, Лусака, Шероз, Анқара, СЯМЭН, Ашќобод, Музофоти Хайнан ва Чиндао ҳамчун бародаршаҳр мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пойтахти Тоҷикистон торафт ба марказ ва меҳвари баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаи обу пиряхҳо, иқлим ва терроризму ифротгароӣ имрўзҳо садҳо нафар масъулони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш ва нишастҳои ҷаҳонию байналмилалӣ ба Душанбе меоянд. Ин ташаббусҳои Пешвои миллат аҳамияти муҳим дошта, ҳамеша пешниҳоду идеяҳои созандаро дарбар мегиранд, ки дар ҳифзи манфиатҳои сокинони сайёра нақши муҳим доранд. Инчунин, барои устувор намудани муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дорои аҳамияти муҳим мебошанд.

Дарвоқеъ, имрӯзҳо симои милливу тоҷиконаи шаҳри Душанбе диққати ҳар як меҳмони хориҷиро ҷалб карда метавонад. Душанбе имрӯз тарҳи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳонро ба худ мегирад, ки воқеан ҳамчун падидаҳои бузурги фарҳанги шаҳрдории мо машҳури дунё мегардад.

Бунёдкориҳову ободиҳои пойтахт намунаи беҳтарин барои пешрафти дигар шаҳрҳои Тоҷикистон аст. Аз ин рў, моро зарур аст, ки пойтахти мамлакатро ҳамчун гавҳараки чашм пок, беолоиш, дар сулҳу субот ва оромиву осудагӣ нигаҳ дорем. Зеро рисолати пойтахт дар ҷамъу муттамарказ кунонидани нерӯҳои солими сиёсӣ ва фарҳангии ин ё он давлат зоҳир мегардад.

Фазилат Саидова – н.и.с., ходими калони илмии ИФСҲ АМИТ

Add new comment

Plain text

  • No HTML tags allowed.
  • Lines and paragraphs break automatically.
  • Web page addresses and email addresses turn into links automatically.
3123123