ТОҶИКИСТОН, УЗБЕКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН – ДӮСТИИ БЕЗАВОЛ
Тавре ба ҳамагон маълум аст, рузи 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар фазои сулҳу субот, дустӣ ва бародарӣ баргузор гардид.
Воқеан, Наврӯз паёмовари баҳор, сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва муттаҳидкунандаи халқҳо аст. Дар ин бора Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид кардаанд: “Ғояву анъанаҳои тағйирнопазири Наврӯз ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ водор месозанд”. Беҳуда нест, ки файласуфи Юнони қадим Арасту мақоми дӯстиро дар миёни мардум боло дониста гуфтааст, ки агар мардум бо ҳам дӯст бошанд, барои онҳо “адолат” лозим нест.
Музокироте, ки дар таҷлили Наврӯзи сулҳовар миёни Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавқат Мирзиёев ва Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров сурат гирифт рӯйдоди ниҳоят муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ин музокироти сатҳи олӣ, ки аз ҷониби сарони давлвтҳои зикргардида анҷом ёфт, мавриди баҳои баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардида, арзиши ҷамъиятӣ пайдо кардаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ҷараёни мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон санади муҳими таърихӣ, яъне “Аҳднома оид ба нуқтаи пайвастшавии марзҳои давлатии се кишвар” ба имзо расид. Воқеан, ин санади муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, марзҳои се кишвари ба ҳам дӯсту бародарро пайваста барои густариш, таҳкими равобит ва ҳамкориҳои муштарак дар бахшҳои маориф, илм, тандурустӣ, нақлиёт, иқтисодиёт ва дигар соҳаҳо мусоидат намуда, боиси беҳбуди зиндагии мардуми минтақа хоҳад шуд.
Аҳдномаи мазкур як қадами муҳим, устувор дар роҳи сулҳ, ҳамкории мутақобил ва решакан кардани моҷарои марзӣ аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд. Мо дар Тоҷикистон ба муносибатҳо бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем”.
Воқеан ҳам эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муносибат дар доираи баробарҳуқуқӣ ва накуҳамсоягӣ барои ҳамаи кишварҳои минтақа хеле муҳим аст. Зеро чунин муносибатҳо боиси осоиштагии минтақа, амният, ривоҷи иқтисодӣ ва робитаҳои устувор мегарданд.
Иброҳимов Ф. ходими калони илмии шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ