ҶАНГ БО ҶАНГ
Маҳз ҳамин фазли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили асосии бо роҳи мусолиматомез ҳал гардидани мушкилоти марбут ба сарҳади давлатӣ бо ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон мебошад
Дар доираи мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки барои иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварда буданд, доир гардидани маросими имзои санадҳои таърихӣ - Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, созишномаҳои байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ», «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» ва Протоколи мубодилаи тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ рӯйдоди ба маънои том таърихӣ маҳсуб шуда, армуғони бебаҳои наврӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷику тоҷикистониён ва кулли мардуми минтақа маҳсуб мешавад.
Бо муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар мавриди он ки моҳияти имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон кам набуда, зарур аст, ки Пешвои миллат мавриди арҷгузории бештар қарор гиранд, комилан ҳамфикрам.
Тавре шоҳид будем, пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.
Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид. Сипас сарони давлатҳо дар маросими ифтитоҳи фосилавии стелаи (сутуни) рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Тамоми мардуми сайёра шоҳид буданд, ки 31 март муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» иборат аз барномаи муштараки фарҳангии аҳли ҳунари се кишвар пешкаш гардид, иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки ин раванд идомаи мантиқии сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 12 марти соли равон сурат гирифт. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтани меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва иштироки сарони давлатҳо дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон лаҳзаҳои таърихии сафари мазкур мебошад.
Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон, Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ, Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027, Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030, Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳамон ҷумлаанд.
Дар ин зимн сарони давлатҳо азми худро барои андешидани тадбирҳои зарурӣ барои таҳкими беш аз пеши робитаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон тасдиқ карда, аҳамияти таърихии Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро таъкид намуданд.
Муҳимтар аз ҳама онҳо изҳор намуданд, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар боқӣ мемонад ва сарони давлатҳо барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати халқҳои бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон азми қатъӣ доранд.
Ибтикори мазкур рамзу ҳикмати зиёд дошта, “бо ҷанг ҷанг кардан”-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба маъраз гузошт.
МУШКИЛКУШОИ МИЛЛАТ
Бамаврид ёдовар шавам, ки дар робита ба ин масъала ҳамчун журналист мавқеи қотеъ доштам ва дар ин бобат бо назардошти манофеи милливу давлат як силсила матолиб низ иншо карда будам.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамон айём неруҳои солимфикри ҷомеа – онҳое, ки ба арзишҳои инсонӣ, давлатӣ ва миллӣ содиқу арҷгузоранд, ибтикори вобаста ба ин қазия аз ҷониби сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишударо дурусту саривақтӣ арзёбӣ карда, ҳамраъйии худро иброз намуданд.
Ҳамрадиф бо онҳо он замон ашхосе “зуҳур” карданд, ки бо вуҷуди аз кӯчаи сиёсат ва дипломатия нагузаштан, “устод ва пандгӯю пайи эрод шуда”, дар рафтору гуфтор ва кирдорашон аз популизми сиёсӣ ва ҳолати баамаломада суиистифода карданӣ буданд.
Дар он марҳилаи бениҳоят ҳассос таъкид карда будам, ки зарур ва ногузир аст, ки ҳар яки мо баҳри ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ беш аз пеш фаъол бошем, вале муқаддасоти инсонӣ ва оини ҳамсоядорӣ низ бояд аз мадди назарамон дур намонанд.
Дар кулли матолиби ба ин масъала рабтдошта, аз ҷумла матлаб бо линки мазкур https://sadoimardum.tj/.../irodai-avii-siyosii-peshvoi.../, меҳвар иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат ва мушкилкушои миллат будани ин Абармарди дунёи сиёсат маҳсуб мешавад. Нигошта будам, ки маҳз иродаи қавии сиёсӣ замина фароҳам овард, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд. Ёдовар шуда будам, ки формулаи сулҳи Пешвои миллат яке аз ҳазор маҳсули ин ирода аст. Ба шарофати он тоҷику тоҷикистониён бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавафшон намуданд, низоми давлатдориро дар мамлакат устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд.
Дар замоне ки аксар “сиёсатмадорон”-и аз эъмори давлат “дасту дил шуста”, пайи чанд қисмат кардани кишвар меандешиданд, иродаи қавии сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки ягонагӣ ва тамомияти давлату миллат ҳифз гардад. Ба таъбири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон, “роҳи тайкардаи ин Абармарди ҷабҳаи сиёсат фарохтар аз марзу буми Тоҷикистони азиз рафта, бо хираду фитрати азалӣ миллату давлати тозаистиқлолро дар арсаи ҷаҳони мутамаддин соҳиби ҷойгоҳи муносибу арзанда намуд. Давлатро аз нестӣ, миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, ваҳдати сартосариро таъмин сохт. Дар татбиқи ормонҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ чун кӯҳ устувор аст...”.
Маҳз иродаи қавии сиёсӣ Абармардро таҳрик бахшид, ки новобаста аз хавфи зиёд, борҳо ба минтақаҳои доғ, аз ҷумла Афғонистон сафар намуда, ба мухолифони давлату миллат, бо вуҷуди гузаштаи бениҳоят пурдоғашон, гузашт кунанд. Касе наметавонад инкор намояд, ки маҳз дар ин замина сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид.
Ба шарофати иродаи қавии сиёсии Роҳбари давлат аркони фалаҷгаштаи давлатӣ эҳё ва пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд. Иродаи қавии сиёсии Президент зимни бунёди неругоҳ, роҳу нақб ва дигар иншооти барои мардум зарурӣ, ки сохтани аксари онҳоро дар замони давлати абарқудрати шуравӣ ғайриимкон дониста буданд, баръало ва ҳалкунанда буд. Нақби “Истиқлол ва НБО-и “Роғун” “муште аз хирвор” дар робита ба андешаи баёнгардида аст.
Аз ин нуқтаи назар муътақид будам, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат қазияи мазкур низ ҳалли худро хоҳад ёфт. Хушбахтона, чунин шуд.
БЕНАЗИР, МУВАФФАҚ ВА НАМУНАИ ИБРАТ
Ин таснифи мухтасари усули «дарҳои кушода», ки давлати мо дар сиёсати хориҷӣ пеш гирифтааст, мебошад. Аз далелҳои таърихӣ ҳам бармеояд, ки таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи тӯлонӣ ва ғании дипломатӣ дорад ва дар бораи сифату хислати сафирон ё ба қавли ниёгонамон - фиристодагон даҳҳо китобу рисолаҳо таълиф шудаанд. Дар осори бузургон сифатҳои умдаи фиристодагон - муаррифгарони роҳбари давлат ва миллату кишвари худ, яъне хирадмандӣ, равшанравонӣ ба маънои ахлоқи нек ва аҳамияти забондонӣ ба таври возеҳ таъкид шудаанд.
Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон бахшида ба «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» ва ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ 29 - уми сентябри соли 2016 иброз доштанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди сипарӣ гардидани марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ, ки даврони ба эътидол овардани вазъияти дохилӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дар равобити байналмилалии худ сиёсати «дарҳои кушода»-ро эълон дошт, ки ин хатти сиёсӣ имрӯз низ муваффақона идома дорад. Самараи чунин сиёсатро мо дар робитаҳои хориҷии гуногунҷанбаи кишварамон дар арсаҳои гуногун мебинем».
Сиёсати «дарҳои кушода», ки меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир интихоб гардид, дар замони истиқлолияти давлатӣ воқеӣ, дурустӣ ва манфиатнокии худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Вобаста ба масъалаи мавриди назар бамаврид аст аз «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар шавем. Он принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо дарназардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати кишвар муайян шудаанд, танзим менамояд. Зарурати таҳия ва қабули ин консепсия мушаххас намудани ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар ва ташаккули симои нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа дар даҳаи дуюми асри XXI ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд ба эътирофи баробарӣ, эҳтироми истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо, дахлнопазирии марзҳо, истифода накардан аз зӯрӣ ё таҳдид дар муносибатҳои байналмилалӣ, ҷонибдорӣ аз ҳалли осоиштаи ихтилофу низоъҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар авлавият дода мешавад.
Эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон, иҷрои уҳдадориҳое, ки аз ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, риояи принсипи волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, орӣ будани муносибатҳои байнидавлатӣ аз идеология, барқарор намудан ва густариш додани робитаҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва напазируфтани ҳама гуна шаклҳои поймол намудани ҳуқуқ дар амалияи байналмилалӣ идомаи мантиқии ин раванд мебошад.
Бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони мусоир манфиатҳои миллии мо дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, пеш аз ҳама, ҳимоя ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллии он, эҷоди навори амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои кишвар ва инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила маҳсуб мешавад.
Сониян, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодии кишвар ва таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, дастёб шудан ба амнияти озуқаворӣ ва ғайра.
Ниҳоят, таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд ва мусоидат намудан ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар. Қобили зикр аст, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа авлавият эътироф шудааст. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, кишвари мо ҷонибдори минбаъд вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардуми Осиёи Марказӣ мебошад.
Хеле рамзӣ аст, ки дар мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон сарони давлатҳо омодагии худро барои ҳамкории зичи се кишвар дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои мутақобил барои муттаҳидии минтақавӣ ва иртиботи мутақобили байниминтақавӣ ба мақсади таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ изҳор намуданд.
Сарони давлатҳо мавқеи ошкоро ва созандаашонро оид ба масъалаҳои обу энергетика тасдиқ намуда, аҳамияти рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетикаро дар кишварҳои худ ҳамчун манбаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршаванда таъкид намуданд. Илова бар ин, тавсеаи мунтазами ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, харидуфурӯши одамон, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла дар фазои киберӣ, ҳам дар сатҳи сеҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои байналмилалӣ зарур шуморида шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баимзорасидаро барҳақ «санади таърихӣ» номида, таъкид намуданд, ки «ҳамин тавр, мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пуштибонӣ мекунем».
Дар маҷмуъ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян кардани сиёсати хориҷии мамлакат, расидан ба ҳадафҳо, коркарду пешбурди усулҳои самаровар ва барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили қабул меҳварӣ ва муассир мебошад. Муҳиму беназир он аст, ки тавсеа ва тақвияти сиёсати хориҷии кишвари мо ба тахайюли коршиносону ба истилоҳ назарияпардозон рабте надошта, аз иродаи қавӣ ва руҳияи шикастнопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтааст.
Далер АБДУЛЛО,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”, номзади илмҳои сиёсӣ