Skip to main content
Мақолаҳо

23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳар як миллат таъриху санаҳои муҳим ва хотиравии худро дорад, ки нишондиҳандаи роҳи тайкардаи он мебошад. Ин санаҳо ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиро дар ҳар як шахс бедор менамоянд. Барои миллати тоҷик аз ҷумлаи, яке аз ин санаҳои муҳим 23 феврал ба ҳисоб меравад.

Аз соли 1922 инҷониб ин рӯз дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи ҳимоятгарони Ватан ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, маҳз 23 феврали соли 1993-ро ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар эълон намуд.

Семинари илмӣ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ

Имрӯз 18 феврали соли 2025 бо ташаббуси Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовадинови АМИТ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи Анъанагароӣ ва постмодернизм: нуқтаҳои ҳамгироӣ дар ҷомеа ва фарҳанги муосири миллӣ» баргузор гардид.

Семинари мазкур дар ҳошияи анъанаи шуъба баргузор гардида ба хотираи неки устодони шуъба А. Муҳаммадхочаев, Ғ. Ашуров, М. Диноршоев, М. Ҳазратқулов, Х. Додхудоев бахшида шудааст.

Мақолаҳо

ТАҲЛИЛ ВА МУҚОИСАИ ДУ ДИДГОҲ АНДАР МУАРРИФИИ ҶОЙГОҲИ ТОҶИКОН ДАР СОХТОРИ ИҶТИМОИИ АМОРАТИ БУХОРО

Дар асарҳои муҳаққиқони хориҷӣ дар баробари баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии аморати Бухоро, ба мавзуи муайян кардани ҳайати аҳолӣ, нуфуз ва мақоми гурӯҳҳои этникӣ дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хосса дода шудааст. Махсусан, ба маълумоти муаррихон ва ҷомеашиносон дар асри XIX аҳолии аморати Бухороро, асосан тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо, арабҳо, эрониҳо (форсҳо), яҳудиҳо ташкил медоданд, аммо мардуми аз ҳама қадим, таҳҷойӣ, сокинони аслии шаҳр тоҷикон маҳсуб меёфтанд ва теъдодашон тӯли чандин садсолаҳо аз дигар гурӯҳҳои этникии маскуншудаи шаҳр зиёд буданд.

Мақолаҳо

Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем.

23121