РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ - НИШОНИ АРҶГУЗОРӢ БА ХИДМАТҲОИ РОДМАРДОНИ ВАТАН
Артиши миллӣ нишон аз ҳастии давлату миллат буда, он ҳамчун рукни муҳим дар пойдории амнияту ҳифзи марзу бум ҳамчун сипари боэътимод фаъолият мебарад. Артиш дар таърихи давлатдорию кишваркушоиҳои бесобиқаи шоҳони таърихӣ ҳамчун омили ба даст даровардани сарзамину мояи васеъ намудани ҳудуди ҳукмронии салтанатхоҳони замон ва ҳимоят аз таъсири қувваҳои харобиовари берунаву дохила эътироф гардидааст.
Ҳалқи тамаддунофару соҳибфарҳанги тоҷик ҳанӯз дар таърихи аввали давлатдории худ соҳиби артишу сипоҳи ҷангозмудаву бонизом будааст, ки он дар зафарёбиҳои бесобиқаи худ аз муҳимтарин восита маҳсуб мешавад. Агар дар саросари шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ – “Шоҳнома” рӯ оварда шавад, ба хубӣ мунъакис мегардад, ки халқи тоҷик аз азал соҳиби давлату артиш буда, дар таҳкими амнияти худ тадбирҳои муҳим андешидааст. Ҳимоят аз сарзамини аҷдодӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти он, эҳтиром гузоштан ба як зарра обу хоки Ватан маҳакаи асосии ин асари таърихӣ аст. Яъне ин аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик бо гиромидошт ва арҷгузории хоки поки худ решапайвандии амиқ дошта, дар ин масир пайроҳаҳои зиёдеро тай намуда, қувваи муҳофизати худро аз таъсири душманон дар баробари донишу хирад, маҳз, дар қудрати неруи ҷангии худ медид.
Дар воқеъ пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ муддате нагузашта, бо мудохилаи баъзе аз кишварҳои манфиатҷӯ ва як гурӯҳ аз шаҳрвандони роҳгумзада, ки манфиатҳои хешро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло мегузоштанд, фазои сиёсии кишварро ноором карданд. Дар ин замина хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва порчашавии сарзамини он ба миён омад.
Ин дар ҳоле буд, ки пояҳои Ҳукумати марказӣ комилан фалаҷ гардида, дар кишвар садҳо гурӯҳҳои силоҳбадаст ба вуҷуд омаданд, ки ҳар яке мақсаду мароми хоҷагони хориҷии худро амалӣ кардан мехостанд. Ягон қувва ва қудрати миллию давлатие мавҷуд набуд, ки пеши роҳи ҳамаи онҳоро гирифта тавонад. Дар ҳамин замони ниҳоят мушкил, ки тақдири минбаъдаи давлату миллати тоҷик ҳаллу фасл мегардид, дар ростои ақлу заковати азалие, ки Офаридгор барои тоҷикон насиб гардонида буд, як гурӯҳ аз донишмандону зиёиёни ватандӯсти тоҷик ҳолати ба вуҷудомадаро таҳлилу баррасӣ намуда, бо саъю кӯшиши онҳо Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон даъват ва баргузор карда шуд.
Иҷлосия вопасин умеди мардуми тоҷик барои ояндаи дурахшони мамлакат буд. Аз ин лиҳоз, бо як назари нек ба он нигариста, орзуи хотима ёфтани ҷангу ҷидол ва њамбастагию ягонагӣ дар кишварро мекарданд.
Рӯзномаи Иҷлосия муҳимтарин масоилро барои ҳалли мушкилоти ба вуқуъпайваста дар ҷумҳурӣ фарогир буд. Аз ҷумлаи он масъалаҳо, ки гардиши куллиеро дар ҳаёти кишвар ба миён овард, интихоби Раиси Шурои Олии Тоҷикистон буд, ки аз ҷониби вакилони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб карда шуд ва ӯ тавонист мардуми кишварро дар атрофи як дастархони сиёсӣ муттаҳид намуда, манфиатҳои миллӣ, давлатӣ ва умумии мардуми Тоҷикистонро аз ҳама боло гузорад ва халқи ҳазор сол дар вартаи парешонӣ мондаро соҳибдавлат намуда, миллат ва давлати моро ба ҷаҳониён дар симои як давлати демокартӣ, дунявӣ ва ҳуқуқию иҷтимоӣ муаррифӣ намояд
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳи душманони миллатро, ки дар фикри нобудии тоҷикон буданд, ба хубӣ эҳсос намуда, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ чандин иқдоми дурандешона пеш гирифт, ки аз ҷумлаи он таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо роҳбарӣ ва ибтикороти Сарвари давлат 18 - уми декабри соли 1992 Қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон“ ба имзо расид, ки он заминаи асосие барои ташкили Артиши миллӣ дар ҷумҳурӣ гардид. Ҳамин буд, ки муддати зиёде нагузашта, бо ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат 23 - юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ихтиёриёни “Фронти халқии Тоҷикистон” баргузор карда шуд, ки минбаъд ин сана ҳамасола чун рӯзи ташкили Артиши миллӣ қайд карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар он лаҳза, амалан кори ниҳоят душвор буд. Зеро кишвар дар ҳолати буҳрони сиёсию иқтисодӣ қарор дошта, буҷаи мамлакат касод шуда буд ва барои ташкили неруҳҳои мусаллаҳ ҳатто сару либос намерасид. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ артиши боқимондаи он ҳам аз хоки кишвар баромаданд ва он ҳама таҷҳизот, техникаҳои ҳарбие, ки мавҷуд буданд, бо ҳар роҳу восита аз ҷумҳурӣ берун бароварда шуданд.
Пешвои миллат хуб медонист ва дарк мекард, ки бидуни таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ баромадан аз ин роҳи наҳамвори мавҷуда душвор аст. Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи ин норасоиҳо ва мушкилот нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавӣ, иродаи устувор, донишу малакаи роҳбари ва аз ҳама муҳим, боварӣ ба фардои дурахшони кишвар ба ташкили неруҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ пардохта, бо иқдомҳои шоиставу наҷибонаи хеш, марҳила ба марҳила Артиши миллиро бо силоҳ, лавозимоту таҷҳизоти ҳарбӣ, сару либос, хӯрока ва ҷои зист таъмин намуда, ҷавонони содиқ ва фарзандони бонангуори ин Меҳанро ба сафи он ҷалб намуданд.
Маҳз ҷасорату мардонагӣ ва дӯст доштани Ватан буд, ки барои дастёбӣ ба сулҳу ваҳдат ҷони хешро сипар карда, қатъи назар аз ҳамаи мушкилот аз ин давраи пуртаҳлука бо сарбаландию саодатмандӣ бароянд. Сарвари давлат бо кору пайкори нотакрораш сиёсатмадори беназир будани хешро собит намуд ва ба ҷаҳониён исбот гардонид, ки миллати тоҷик аз насли Курушу Дориюш, Ардашеру Анушервон, Яъқуб ибни Лайсу Исмоили Сомони ва даҳҳо сиёсатмадори камназиру донишмандони бузург ҳастанд, ки бо қудрати ақлу заковат, илму дониш ва тамаддунофарӣ ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварда буданд.
Имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби бузурги мардонагӣ, матонату шуҷоат ва кафолати зиндагии орому осудаи халқ, таҳти роҳбарии сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сохтори муташаккилу муҷаҳҳаз табдил ёфтааст ки дар ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ, амният ва иқтидори мудофиавии он нақши бузургу созанда дорад
Илҳом Қурбоншоев н.и.ф., ходими калони шуъбаи таърихи фалсафаи ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

