casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати истиқлолхоҳии Пешвои миллат

  9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи истиқлолиятро интихоб намуд, ки дар он замон алтернативаи дигари ҷавобгӯи ормонҳои миллӣ надошт ва имрӯз ҳам надорад. Аммо дар он давраи ҳассоси таърихӣ, чунонки мо ҷавонони он замона шоҳид будем,  гурӯҳҳое буданд, ки дар бораи бо ҳар роҳе набошад, ҳатман дар бораи дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шакли дигари он боқӣ мондани Тоҷикистон сухан мегуфтанд, иддаи дигаре барои бо давлатҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон пайвастани ҷумҳурӣ даъват мекарданд ва ҳатто нафароне дар кишварҳои ҳамсоя оид ба бунёди давлати ягонаи Туркистон дар қаламрави Осиёи Миёна бо иштироки кишвари тоҷикони ориёиасл сухан меронданд. Хушбахтона, мардуми соҳибтамаддуну соҳибхирад ва дурандешу заковатманди тоҷик роҳи ягонаву дуруст – Истиқлолияти давлатиро интихоб намуда, сарнавишти худро ба дасти худ гирифт, ки интихоби ҷавобгӯи ормонҳои миллӣ буда, садсолаҳо пас ҳам аз ҷониби наслҳои ин миллат қадр карда хоҳад шуд. Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро “арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд. Муфассал ...

Табрикот

   Дар XVI - умин Озмуни байналмилалии корҳои илмӣ – таҳқиқотии «Илм ва истеъдод - 2022» ходими калони илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ – Саидова Фазилатмо Сайдамировна барандаи диплом гардиданд. Муфассал ...

Фалсафаи ваҳдат чун рукни асосии андешаи миллӣ  ва истиқлолият

   Ҳар гоҳ баҳси илмию фалсафие дар миён ояд, зарурати таърифи вожаҳои калидии он, низ пеш меояд. Таърифи ҳар мафҳум пеш аз ҳама ошкор кардани нишонаи куллии он аст, ки дар илми мантиқ «куллиёти хамса» меноманд. Дар мавриди андеша ё ғояи миллӣ ва ваҳдати миллӣ низ ин зарурат ҷой дорад. Қабл аз ҳама дар ин ду истилоҳ вожаи аслӣ «андеша» ё «ғоя» аст, ки  он дар луғот ва доиратулмаорифҳои фалсафӣ ҳамчун мақулаи фалсафӣ шинохта шуда аст ва дорои таърифҳои зиёд мебошад.  Агар мо зери мафҳуми андеша ҳамон «эйдос» ё «мусул»-и Афлотун, ки ба руссӣ «идея» аст, дар назар бигирем, аз замони  Афлотун то имрўз баҳсҳои зиёде дар мавриди ҷойгоҳи он дар ҳастишиносӣ шудааст, ки аҳли фалосифа аз ин равандҳо ва баҳсу муҷодилот огаҳанд. Афлотун андеша-эйдосро вуҷуди мусулии орӣ аз ҷисмият, вале дорои воқеъияти ҳақиқие медонист, ки олами мисол (ғояви)-и хосеро фарогир аст. Дар асрҳои миёна андеша-идеяро ҳамчун нахустмусули ашё (прообраз вещей), ки ба худованд ё рўҳ тааллуқ дорад, мешинохтанд. Дар марксизм  идея-андеша, ғоя ҳамчун шакл (ё қолаб)-и инъикоси воқеъияти айнист ва тибқи «Луғати доиратул-маорифи фалсафӣ» шакл (ё қолаб)-и дарёфти ҳаводиси вақеъияти объективӣ дар фикр, яъне  зеҳн аст («постижение в мысли явление объективной реальности» ).

Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia