Институт
- Панҷшанбе, 01 Сентябр 2022
Фарҳод Раҳимӣ: «Бояд роҳи 31-солаи тайкардаи мамлакатро тавъам бо кору пайкори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба риштаи таҳқиқ кашем»
- Панҷшанбе, 01 Сентябр 2022
Меҳвари истиқлол – худшиносӣ ва шинохти миллӣ аст
Чист Истиқлолият?
Пайки бахту муждаи озодӣ аст,
Дар Ватан сарманшаи ободӣ аст.
Маҳви чуғзи ғам зи тири шодӣ аст,
Дар ватандорӣ муҳаббатхоҳӣ аст.
Давлат Сафар
Оре, Истиқлолият ин муждаи озодию пайки бахт буда, сарманшаи ободии Ватан ва муҳаббатҳоҳӣ дар ватандорӣ мебошад, ки ҷавҳари он Истиқлол аст. Истиқлол яке аз усули асосии фарҳанги умумии башар ва ба ибораи дигар, истиқлол манбаи асосии сиёсат, ҳуқуқ, адёни ҷомеаи инсонӣ аст. Дар баҳсҳои ҳуқуқи башар ба унвони манбаи истиқлол панҷ аслро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор медиҳанд: 1) асли ҳаёти шоиста; 2) асли каромати инсонӣ; 3) асли таълим ва тарбия; 4) асли истиқлоли масъулона; 5) асли тадбир. Ғайр аз ин, истиқлолро гоҳ ба истиқлоли ҳуқуқӣ ва истиқлоли фалсафӣ низ ҷудо намуда, гоҳо онро баробари адолат ва озодӣ донистаанд ва робитаи байни ақл ва истиқлолро ақлоният медонанд, ки имрӯз маънои тавоноии таҳлилӣ ва мантиқӣ будани фикр аст, тасвир менамоянд. Истиқлол аз ҳама ғараз берун аст, фақат бо як меъёр арзёбӣ мегардад, истиқлол танҳо ба хотири истиқлол маҳдуд мешавад ва дар натиҷаи ин маҳдудият, меъёри «умуми»-и он, яъне манфиати умумӣ, ба ногузирии амнияти истиқлол оварда мерасонад.
Муфассал ...- Душанбе, 29 Август 2022