Институт
- Панҷшанбе, 03 Ноябр 2022
Таъғиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида заминаи такмили системаи сиёсӣ ва давлатдории миллӣ
Маълум аст, ки ҳар як давлат ба воситаи механизмҳои идоракунии давлатӣ идора карда мешавад. Тоҷикистон низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол идоракуниашро ба воситаи механизмҳои идоракунии давлатӣ ба амал мебарорад. Дар илмҳои сиёсӣ зери мафҳуми механизмҳои идаракунии давлатӣ, дар назар дошта мешавад, Конститутсия, Ҳокимияти Қонунгузор, Ҳокимияти иҷроия, Ҳокимияти Судӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, Милиция, ва ғайра.
Муфассал ...
- Чоршанбе, 02 Ноябр 2022
Чанд андеша оид ба мафҳуми тоҷикият
Масъалаи муайянсозии миллияти ин ё он халқҳо, аз ҷумла мушаххас сохтани муҳтаво ва моҳияти тоҷикият, ки мавриди баҳси ҷомеашиносон қарор дорад, як мушкилоти хеле нозук ва аз ҷониби дигар, хеле мураккаб буда, баррасиҳои амиқу дақик ва хеле тӯлониро тақозо мекунад. Вобаста ба ин мехостем чанд андешаеро бо такя ба таҳқиқоти мавҷуда дар ин самт доир ба масъалаи тоҷикият ва мавзӯъҳои дигари алоқаманди он ҳамчун ибтидои баҳс баён созем.
Муфассал ...
- Сешанбе, 01 Ноябр 2022
Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари фарҳанги миллии тоҷикон
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавони руй бар ин ганҷ неҳ.
К. Биноӣ
Миллат аз нури хирад бино шавад,
Гар шиносад хешро эҳё шавад.
М. Иқбол
Тоҷикон дар таъриху фарҳанги башарият ҷойгоҳи хоссае доранд ва имрўз ба кулли ҷаҳониён маълум аст, ки тоҷикон дар радифи дигар мардумони куҳантамаддуни дунё - ҳиндуҳо,чиниҳо, мисриёну бобулиён ва юнониён, яке аз бостонитарин халқҳои олам мебошанд. Таъриху тамаддуни мардумони ориёитабори Моваруннаҳру Хуросон - тоҷикон сарчашма аз умқи асрҳо - Авасто мегирад. Авасто яке аз нахусткитобҳои олам муатаалиқ ба Зардушт - нахустпаёмбари ақвоми ориёӣ, сарсилсилаи таъриху тамаддун ва фарҳангу адаби миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷикони тоҷдор мебошад, ки дар баробари “Веда”-ҳои ҳиндуҳо яке аз қадимтарин осори хаттии инсоният маҳсуб мешавад.
Муфассал ...