Институт
- Ҷумъа, 23 Декабр 2022
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.
Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Муфассал ...- Чоршанбе, 21 Декабр 2022
Боз як ташаббуси созандаи Пешвои муаззами миллат
14 декабри соли ҷорӣ тамоми расонаҳои хабарии мамлакатҳои ҷаҳон паёми хушеро ба кулли инсоният расониданд – дар ин рўз Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ шуда буд, бо тарафдории 153 кишвари узви СММ қабул намуд. Тавре, ки маълум аст, ин пешниҳоди Пешвои муаззами миллат бори аввал, ҳанўз моҳи марти соли 2021 дар ҷаласаи нахустини пешвоёни Эътилофи обу иқлим ба самъи ҷаҳониён расонида шуда буд ва, хушбахтона, имсол он ба таври расмӣ аз ҷониби тамоми кишварҳои олам пазируфта шуд.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 02 Декабр 2022
Эълон! Институт барои ишғоли вазифаи мудирон ва кормандони илмии шуъбаҳои зерин озмун эълон менамояд
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи мудирон ва кормандони илмии шуъбаҳои зерини Институт озмун эълон менамояд:
Муфассал ...