Институт
- Ҷумъа, 06 Январ 2023
Мавлоно ва мавлавия
Дар монография решаҳои сиёсӣ, таърихӣ-иҷтимоӣ, назариявӣ ва асосҳои таълимоти Мавлоно Ҷалолиддин Румии Балхӣ ва тариқати ӯ - мавлавия оид ба масъалаҳои ҳастишиносӣ, маърифат, ахлоқ, иҷтимоиёт ва амалияи ирфонӣ равшан карда шудаанд. Ҳамчунин сайри таърихии андешаҳои мутафаккир аз даврони ташаккули мавлавия то имрӯз нишон дода шудааст. Монография барои муҳаққиқони таърихи фалсафаю ирфон ва тамоми ҳаводорони андешаҳои фалсафӣ пешбинӣ гардидааст.
Муфассал ...- Ҷумъа, 06 Январ 2023
Идеологияи сиёсӣ (дастури таълимию илмӣ)
Дастури таълимию илмии мазкур ба омўзиши масъалаи идеология ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятию сиёсӣ бахшида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки идеология неруи қудратмандест, ки ба ҷомеа таъсири назаррас дошта, метавонад ҷиҳати ба ҳам омадани қувваҳои гуногун ва сафарбарии онҳо баҳри ба даст овардани мақсадҳои дар пеш гузошташуда, нақши босазо дошта бошад. Шинохти моҳияти идеологияҳои классикӣ, омўзиши роҳҳои ташаккулёбӣ ва мақсаду вазифаҳои онҳо дар шароити пуртаззоди имрўза аҳамияти муҳимми илмию назариявӣ дорад.
Муфассал ...- Ҷумъа, 06 Январ 2023