casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Сиёсишавии дин — хатар ба фаҳанги миллӣ ва суботи ҷомеа. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ Март 23, 2024 16:33   ДУШАНБЕ, 23.03.2024 /АМИТ «Ховар»/

Ҳодисаҳо ва зуҳуроти  мухталифи ҳаёти сиёсии ҷомеа мураккабу пурпечутоб буда, омӯзиши ҳамаҷониба, таҳлили воқеӣ ва баҳогузории объективӣ талаб менамоянд. Дар замони муосир яке аз ин гуна масъалаҳо, ки дар шароити кунунии инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ мубрам ва зарурӣ эътироф мешавад, сиёсишавии дин ва хосиятҳои асосии он мебошад.

Инкишофи давлатҳо дар шакли давлати дунявӣ ва ифодаёбии ҳокимият дар шакли низоми демократӣ омӯзиши масъалаҳо ва равандҳои ба онҳо таҳдидоварро муҳим гардонидааст. Дар ҷомеа ва давлатҳои муосир, ки ба ҳайси либералӣ ва демократӣ шумурда мешаванд, ҳама гуна равандҳои сиёсии монеъшавандаи рушди онҳо бояд аз ҷиҳати илмӣ дақиқ баррасӣ шаванд.

Масъалаи сиёсишавии дин баҳси рӯзмаррае аст, ки дер боз диққати олимон, таҳлилгарони соҳаҳои гуногуни донишҳоро ҷалб намудааст. Доираҳои илмӣ ва академикӣ ба ин масъала бевосита таваҷҷуҳ менамоянд. Онҳо пайвастагии ин ду падидаи ҷамъиятиро аз диди илмӣ баррасӣ намуда, ҳанӯз аз марҳилаҳои пешин тобеъ гаштани яке аз онҳо ба дигар ва ё истифода бурдани яке аз онҳо аз ҷониби барандагони дигарашро бо мақсадҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Муфассал ...

Ҷанбаҳои фарҳангӣ ва ҷаҳоншинохтии Наврӯз

Наврӯз, ба унвони яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳо дар олам бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди  давом ва бақои кавми тоҷик ва дигар ақвоми ориёитабор махсуб мешавад. Ин ҷашнро ақвоми зиёди муҷовир аз дуру наздик: аз марзи  Чин ва ақсои Ҳинд то савоҳили уқёнуси Атлас ва аз арозии Сибириё то Халиҷи Форс ба унвони ҷашни миллӣ ва қавмии худ пазируфта, бо шукӯҳу шаҳомати хосае онро таҷлил мекунанд, ки ин худ далели возеҳу раднопазирест роҷеъ ба таъсири фарҳангии тоҷикону дигар ориёинажодон бар сокинони ин марзу бум ва куллан тамоми ақсои олам.
Гузашта аз он, «иморати хештаншиносии тоҷику эронӣ ду шаҳсутун дорад: яке забони порсисту дигаре чашни Наврӯз».[1]
Дар ин набиштаи мухтасар ишороте чанд хоҳад омад ба унвони далел бар асолату дурустии ин суханон, бо таъкид бар он ки «забони порсӣ (точикӣ) ба унвони ҳомилу ҳомии осор ва пиндори фарҳангӣ ҳам ҳофизаи таърихӣ ва ҳам дурнамои рушди маънавиамонро таҷассум мекунад. Ҷашни Наврӯз ба унвони суннати зиндаи халқ замонати бақои рузгори ӯст».[2]   Муфассал ...

Наврӯз – эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва таблиғгари ҳунарҳои мардумӣ

 

Наврӯз даррасиду ғам аз дил бурун шавад,
Шодии мардумӣ ҳамагонӣ фузун шавад,
Аз покии вуҷуд бигӯ з-он, ки бегумон,
Нопокию палидию дун сарнагун шавад.
       Айёми наврӯзӣ ва баҳорӣ замони бедоршавӣ, эҳёи табиат, эҳсос, отифат ва фикру андешаи инсонҳост. Воқеан, ҷашни бедории табиат ва инсон аст, ки ҷузъи ҷудонопазири ин табиати бузург мебошад. Такроршавӣ ва раванди тавлиду бозтавлидӣ махсуси табиат, эҳсос ва ҷамъият аст. Аз миёни ҷашну сур ва идҳои марғуб ва хеле дилпазири қавмҳои тоҷику форс ва халқу миллатҳои ҳамҷавор Наврӯз яке аз қадимтарин, густурдатарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Худи вожаи «Наврӯз» – калимаи мураккаби форсии – дарӣ, калимаи тоҷикист, ки аз ду ҷузъ «нав» ва «рӯз» иборат аст. Дар ин айём Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад ва ин ба рӯзи 31-уми моҳи Фарвардини авестоӣ ва Ҳамали аҷамӣ рост меояд.  Тибқи шаҳодаи манбаъҳо дар он айём Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд ва онро ба 2 ҳисса – Наврӯзи омма (Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи сағир) ва Наврӯзи хоса (Наврӯзи бузург, ки рӯзи шашуми Фарвардинмоҳ оғоз меёфт), тақсим мекарданд. Наврӯз қарнҳои дароз бар ҳама ҷашнҳои ҷаҳон ҷилва мебахшад, ҷашни ҷаҳону ҷавонию шодмонист, ҷашни замину офтоб аст, шӯри заданҳову ҷӯши шукуфтанҳо, саршор аз нури шукӯҳи оғоз аст. Ҷашни эҳёи мавҷудоти гетӣ буда, танҳо покию сафо ва хуррамию фаровонӣ меоварад.   Муфассал ...
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
casino malaysia