![Институт](/components/com_k2/images/placeholder/user.png)
Институт
![Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои X-XII](/media/k2/items/cache/6f37918316c428e83362ed5eebb78719_Generic.jpg)
- Душанбе, 10 Август 2020
Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои X-XII
![Актуальные проблемы парламентского права Республики Таджикистан](/media/k2/items/cache/6f393c73a9c9a064c4c50137fe9679b4_Generic.jpg)
- Ҷумъа, 07 Август 2020
Актуальные проблемы парламентского права Республики Таджикистан
![Паём ҳамчун маншаи барномаи амал барои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм](/media/k2/items/cache/cdb07fe52edfc220cecf3f84017ef78e_Generic.jpg)
- Ҷумъа, 07 Август 2020
Паём ҳамчун маншаи барномаи амал барои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм
Новобаста аз вазъи кунунӣ ва мушкилоте дигаре, ки имрӯз ҷаҳон бо он рӯбарӯ гардидааст, ҳанӯз ҳам масъалаи ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ масъалаи доғи рӯз боқӣ монда ва боиси нигаронии инсоният мебошад. Дар иртибот ба ин масъала дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба вакилони Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар ироа гардид, банди махсусе пешбинӣ шуда буд, ки метавонад ҳамчун маншаи барнома барои амал ва мубориза бо ин вабои аср хизмат кунад. Дар Паём таъкид шуд, ки: «Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст». Терроризми байналмилалӣ имрӯзҳо ҳамчун душмани бераҳму шафқат ҳамаи меъёрҳои ахлоқиро зери по карда, аз ягон намуди аҳшоният рӯй гардонидани нест. Дар роҳи амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ «созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд».