casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Эмомалӣ Раҳмон - муаллиф ва меъмори мутлақи сулҳи тоҷикон

  Дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ зикр гардид, ки “ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод...Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд... Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон намоям. Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем. Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидааст”.

Муфассал ...

Сафедро набояд сиёҳ гуфт: далелҳое аз ин ки ҲНИ ҳеч вақт як тарафи сулҳ набуд

  Чанд рӯз пештар мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуд. Мутаассифона, арҷгузорӣ ба ин дастоварди муқаддаси таърихи муосири миллати тоҷик имрӯз ба баъзе ҳамватанонамон хуш намеояд. Хусусан ба онҳое, ки баъди содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш аз Ватан хоинона фирор кардаанд ва аз ҷавобгарӣ дар назди қонун дар кишварҳои дигар пинҳон шудаанд.
Айни замон дар фазои маҷозӣ, аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳо дар атрофи мавзуи Ваҳдати миллӣ ва сулҳи тоҷикон, фаъолияти тарафҳои музокирот дар он замон ба таври фаъолона баррасӣ мегардад. Муфассал ...

Ваҳдати миллӣ-умри бардавоми миллат

  Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту се  сол сипарӣ мешавад. Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи такдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.
  Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд:
«Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia