casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Дастовардҳои беназири даврони Истиқлоли давлатӣ пойдевори рушди ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
   Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатиро «арзишмандтарин дастоварди мардуми соҳибтамаддун ва қадимаи тоҷик» дар замони муосир арзёбӣ карданд. Воқеан, ба даст овардани ин неъмати олӣ, ки барои ҳар як халқу миллат хеле арзишманд ва боиси эҳтиром аст, сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоюли рушди тамоми паҳлӯҳои дигари ҳаёти давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад. Аз ҷумла, ба шарофати ин дастовард, яъне пас аз ба даст овардани истиқлолият, миллати тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат дар тӯли 30 сол ба дастовардҳои назаррас ноил гашт, ки дар таърихи мардуми мо ҳамто надоранд.      Дастовардҳои назарраси Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муддати 30 сол хело зиёданд ва барои баррасии онҳо даҳҳо ҷилд китобу рисолаҳо кам мебошанд. Аз нуқтаи назари мо, ин комёбиҳоро мухтасар ба таври зерин зикр намудан мувофиқи мақсад мебуд: Муфассал ...

Нигаронии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон нисбати масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ: вазъи ноором дар Афғонистон

  Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон пайваста ба масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Дар замони муосир яке аз таҳдидҳои бузург барои амнияти минтақавӣ вазъи кунунии Афғонистон мебошад. Афғонистон бар асари хуруҷи нерӯҳои ҳарбии NATO бо роҳбарии ИМА аз қаламрави он имрӯз дар вартаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор дорад.
  Вазъи мураккаби хатарноке, ки тули моҳи охир дар ин кишвар хукмронӣ дорад, танҳо мушкилоти кишвари Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами умуиҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Ба сари қудрат омадани намояндагони ҳаракати “Толибон” дар Кобул ба равандҳои геополитикии минтақаи ОМ бетаъсир нахоҳад монд. Муфассал ...

Мукофоти давлатӣ ба устод Назри Яздонӣ муборак бошад!

  Дар арафаи 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ходими пешбари илмии  Шуъбаи   фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи А.Баҳоваддинови  АМИТ, номзади илмҳои  фалсафа,  Назри Яздонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гаштанд, ки боиси  ифтихор ва  фараҳмандии ҳайати кормандон  ва  ходимони илмии  муассисаамон гардид. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia