casino malaysia
casino malaysia
Мукофоти давлатӣ ба устод Назри Яздонӣ муборак бошад!

wrapper

  Дар арафаи 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ходими пешбари илмии  Шуъбаи   фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи А.Баҳоваддинови  АМИТ, номзади илмҳои  фалсафа,  Назри Яздонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гаштанд, ки боиси  ифтихор ва  фараҳмандии ҳайати кормандон  ва  ходимони илмии  муассисаамон гардид.
   Файласуф ва шоири  маъруфи  тоҷик Назри Яздонӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон”   қадрдонӣ гаштанд,   ки ӯро ба муносибати ин руйдоди саодатманд аз номи Роҳбарияти  институт   самимона табрику муборакбод менамоем!!!
 Маъмурияти ИФСҲ ба
 номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia