casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Аз таърихи парчам ва парчамдории тоҷикон

  Имрӯзҳо парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаю далели истиқлолу ихтиёр буда, ё ҳадди ақал баёнгари вуҷуди худшиносист ва маънои таҳти парчаме ҷаҳду талош барои ба даст овардани мустақилият ва соҳибихтиёриро дорад. Парчами давлатии имрӯзӣ пораест сохташуда аз матоъ ва ифодагари халқу миллат ва фарҳангест, ки дар ҳудуди давлати муайян зиндагӣ мекунанд. Вале на ҳамагон аз таърихи пайдоиши парчам ва парчамдорӣ огоҳ ҳастанд.
  Андешаи истифодаи парчам ҳазорҳо сол пеш аз мо ба вуҷуд омадааст: аввалин парчамҳо хеле содаю оддӣ буданд ва аввалин касоне, ки парчамро истифода кардаанд, шикорчиён ва ҷанговарони қавмҳои гуногун мебошанд. Нақши парчам дар ҷамоаи ибтидоӣ ё давраи тотаърихӣ иборат аз муаррифӣ намудани ин ё он қабила буд. Бо дидани парчами афроштаи қабилае, ки аз дуриҳо намудор мешуд, қабилаҳо вобаста аз муносибате, ки қаблан бо он доштанд, ба тарзи муносибати шоистае: ё дӯстона ва ё ҷанг омодагӣ медиданд. Муфассал ...

Парчам рамзи давлатдорӣ ва ватанпарварӣ  

   Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон. 3.9.2011.
(Суханронӣ ба муносибати барафрохтани Парчами миллӣ, шаҳри Душанбе) Муфассал ...

Диравши Коваёнӣ ‒ таҳкимбахши ҳувияти миллӣ

  Дирафши Ковиёнӣ ҳамон дирафшест дар асотири Эрон, ки Коваи оҳангар пешдомани чармии худро бар сари найза ниҳод ва алайҳи зулму ситами Заҳҳоки морбардӯш бархост. Заҳҳоки морбардӯш мағзи сари 17 писари ӯ ва ҳазорон дигар фарзандони мардуми эронитаборро хӯроки морони худ сохта буд. Коваи оҳангар мардумро атрофи худ ҷамъ овард ва бо роҳбарии ӯ Заҳҳоки мордӯш аз тахт барандохта шуд. Мардум Фаридунро ба маснади шоҳӣ бармегузинанд ва ӯ дастур медиҳад, ки Дирафши Коваёнӣ бо дебоҳои зарду сурху бунафш ороста ва ба он зару гавҳар афзуда шавад ва онро Дирафш ё Парчами шоҳӣ унвон кунанд. Аз он гоҳ баъд Дирафши Коваёнӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва муқовимат ба ҳар гуна зулми дохилию хориҷӣ табдил ёфт ва дар фарҳанги сиёсӣ ва давлатсозии миллӣ зуҳур кард. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia