casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Воситаҳои тарбиявӣ-ахлоқии пешгирии зуҳури ифротгароӣ дар ҷомеа

  Асосҳои динӣ-мафкуравии тазоҳури экс­тре­мизм ва терроризмро, тибқи андешаи аксарияти му­ҳақ­қиқони исломшиноси ватанию хориҷӣ, на бевосита дар матни таълимоти Қуръон ва аҳодиси набавӣ ва на дар осори донишмандони мазҳаби таҳаммулпарвари ҳанафӣ, балки дар осори Ибни Таймия, Сайид Қутб ва бархе уламои асримиёнагии исломӣ ҷустан лозим аст. Маҳз ҳамин асосҳои мафкуравӣ буданд, ки онҳоро минбаъд дар охири асри XX ва оғози асри XXI муассисони “Ихвону-л-мус­лимин”, “Ҳизбу-т-таҳрир”, ҳизбу ҳаракатҳои дигари экстре­мистию террористии бо ном “исломӣ” барои татбиқи ҳадафҳои динӣ-сиёсии худ истифода бурда, хатари эксремизм ва терроризмро ҳам дар кишварҳои исломӣ ва ҳам дар соири кишварҳои дигари Осиё, Африқо, Аврупо ва Ам­рико интишор доданд. Аз ҷумлаи ашаддитарин таш­ки­лотҳои эксремистӣ-террористӣ, ки аз ин асосҳои мафку­равӣ нашъа гирифтаанд, Толибон, ДИИШ, ТЭТ ҲНИ, ҲИЎ ва ғ. ба шумор мераванд. Бояд хотирнишон сохт, ки ҳамаи ин ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ хусусияти фаромиллӣ доранд ва ба амнияти ҳамаи кишварҳо ва мил­латҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд. Муфассал ...

Пешгирии экстремизму терроризм – вазифаи ҳар як шахси солимфикри ҷомеаи муосир

  Ҳолати кунунии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба бӯҳрони амиқ дучор гашта, таҳдиду хатарҳои зиёд ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Авҷ гирифтани рақобатҳои геостратегӣ миёни абарқудратҳо, дар навбати худ, самти фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ куллан тағйир додааст. Ин ҳолат барои низоми амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бетаъсир буда наметавонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои экстремистиву террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, ҷуғрофиё ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд. Муфассал ...

РАСУЛОВ КУРБОНАЛИ САНГАКОВИЧ

РАСУЛОВ КУРБОНАЛИ САНГАКОВИЧ
Объявление о предстоящей защите диссертации
на соискание ученой степени кандидата наук
Дата публикации объявления: 19.02.2024 г.
Дата защиты: 26.04.2024 г., в 13:00 часов Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia