casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Семинари илмӣ

  11-уми марти соли равон дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовадинови АМИТ дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар семинари илмӣ баргузор гардид. Муфассал ...

Дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат

  9 марти соли равон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мулоқот доир намуда, дар он аз Қуръони маҷид иқтибосҳо оварда, суханҳои панду насиҳат гуфтанд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки ҳикмати парҳезгории рўзадорӣ танҳо дар тарки хурдану ошомидан нест, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим барои анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб мешавад. Муфассал ...

Андешаҳо перомуни мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

  Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин бо фарогирии маҷмӯи масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоии ҷомеаи кишвар, иқдоми навбатии шоистаи Сарвари хирадманди мамлакат маҳсуб мегардад.
Пешвои миллат дар оѓози суханронии пурмӯҳтавои хеш иброз доштанд, ки миллати тоҷик дар солҳои нахустини соҳибистиқлолии хеш дар сарҳади бархурди режимҳои исломиву дунявӣ, дар ҳавзаи муноқишаи манфиатҳои милии таърихиву замонавӣ, дар майдони муборизаҳои мазҳабию ақидавии бо сиёсат ва мустақилиятхоҳӣ махлутгардида қарор гирифт. Воқеан ҳам дар он солҳо шароити таърихӣ имкони эълони истиқлолро дар тангнои замона фароҳам оварда, ҳифзу ҳимояи онро бо сахтӣ, муборизаҳои хунин ва қурбониҳои зиёд рӯ ба рӯ сохт. Вазъият аз идора берун рафта, мақомоти марказии идораи давлатӣ фалаҷ гардид, қудрат ба дасти яроқдорон гузашт, таҷрибадорону пешвоён аз идораи давлат даст кашиданд. Миллати тоҷикро саргумӣ, давлати тоҷикро нестшавӣ, халқи Тоҷикистонро парокандагӣ таҳдид мекард. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia