casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Фалсафаи Наврӯз чӣ аст? Чӣ чиз онро писандидаи ҷаҳон карданист?

     Пеш аз ҳама барои Наврӯз, ки маросими тақвимӣ аст, парастиши замин, экологияи он ва умуман экологияи табиат муҳим аст. Ягона нерӯе, ки нигаҳбону парастандаи замину табит инсон аст. Ва ҳам вайрон кунандаи қонунҳои табиату Сайёраи нозуки мо низ инсон ас.
Аммо инсон ғолибан  бо тамоми арзишҳои созандаву гуманистиаш дар фикри ривоҷ додани арзишҳои Замин мебошад.
Аз ин рӯ фалсафаи Наврӯз – фалсафа фарҳанги ҳувиятсоз буда, фазои олами моддӣ ва маънавии мардумро муайян менамояд, ба вай рӯҳияи оптимистӣ эҳдо менамояд. Муфассал ...

Бегонапарастӣ ва таъсири он ба фарҳанги миллӣ

(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат)
  Масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Аҳли ҷомеа бояд нисбат ба ин зуҳурот бетараф набуда, дар якҷогӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои бегона мубориза баранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки  яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона  ба ҳисоб меравад ва Роҳбари давлат махсус ин нуктаро таъкид намуданд, ки: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд». Гуфтан ба маврид аст, ки бегонапарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона, аслан, хоси мардуми тоҷик набуда, дар раванди  ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба наслҳои оянда таъсири зараровари худро мерасонад.  Муфассал ...

Таассубу хурофот ва зиёдаравӣ  - монеаи асосии пешрафти ҷомеа  

  9 марти соли 2024  мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузор гардид.
  Новобаста аз корҳои фаҳмондадиҳиву бунёдкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоии аҳолиии мамлакат, ҳолатҳои суйистеъмоли меъёрҳои динӣ, ҳурофоту зиёдаравӣ ва таасcуб дар ҷомеа аз ҷониби шахсони аз меъёрҳои аслии дини мубини Ислом бехабар, ҷой дорад.  Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia