casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

То боздид, эй Офтоб!

Бо устоди донишвару пироставу ҷони одам, Саъдулло Раҳимов ҳамеша дар рӯбарӯ ва ҳам телефонӣ чунин суханро оғоз мекардем:
-Дуруд устодҷун!
-Дуруд, дуруд, Зоҳирҷон!
- Ҳолатон чӣ тур аст?
- Як навъе!
-Яъне тоқат кардан мумкин?
-Бале, тоқат кардан мешавад, ин ҳоли маро як сӯ гузореду бигӯед худатон чӣ ҳол доред?
-Ҳоли ман ҳам устод чун ҳоли Шумо як навъеву тоқат карда мешавад...
Лабханди малеҳе мезаданду мегуфтанд, ҳоли ҳардумон, ки як бошад, маълум, ки мо танҳо нестем...
Ва ҳамин тур суханро идома медодем, аз вазъи кору чӣ навишта истоданҳову ояндаи илму адабу фарҳанги миллӣ...
Тайи чанду анд сол, ки албатта, гумон мекардаму мекунам устод Раҳимовро садсолаҳо мешиносам, армонҳову арзишҳои инсониву маънавишонро чунон дарёфтам, ки бо арзишҳову армонҳои ман тавъам ҳастанд. Дар чӣ мавзуе суҳбат намекардем, анқариб назарҳои яксон доштем, албатта, ман инҷо иғроқ мекунам, зеро устод куҷову ман куҷо, аммо ҳамин лаҳза ба худ иҷоза медиҳам, ки андешаҳои миллигароии худро дар паҳлуи андешаҳои устод бигзорам.
Устод Раҳимов, дар андешаи ҳеч кадомамон чунин фикр боре чархида буд, ки рӯзе мерасаду ман дар бораи Шумо хотира менависам, яъне Шумо ҳузури физикиатонро гуселондеду мо дигар маънаван суҳбат мекунем ва барои аҳли завқи илму фарҳанг аз хотираҳои бо Шумо доштаам, қисса мекунам? На! Боре ҳам устод мо дар ин фикру гумон набудем, ман ҳам ба худ иҷоза намедодам, ки чунин рӯзи шумро як лаҳза тасаввур кунам. Чӣ сангин аст, дар бораи тавонотарин марди арсаи илму фарҳанг, наздиктарин инсони баркамоли дилат ёддошт ё арзишмандиҳояшро бозгӯӣ кунӣ. Шахсан иқрор мешавам, ки тавоноии онро надорам, ки шахсияти илмиву фарҳангии Шуморо шарҳу баён бидиҳам, охир, Шумо устод дарёи бепайдоканорро мемондед, ман чӣ, қатрае аз баҳрро оё мемонам ё на. Дар фарҳанги зиндагии Шумо устод вожаи ғуруру такаббуру мағрурӣ буд? Ман надидам, ки Шумо боре аз хилслатҳо ба касеву хасе муъомилаву гуфтор карда бошед, охир, ин гуна пиндору рафтор аз Шумо дурӣ дур буд. Бо ин ҳама донишу фаҳму дарки тавоноятон худро боз шогирд медонистед. Пеши бурузргони ҷаҳонӣ, ки бешак худ ҳам ҷузъи он сайёра будед, густохӣ мешавад мегуфтед, ки агар ман ҳам даъвои бузургманишӣ кунам. Яқнинан, устод Шумо барои ононе, ки дар ҷустуҷӯи инсони баркамол ҳастанд, намунаи олитаринаш будед, оё онҳо Шуморо пайдо карданд ва шинохтанд? Муфассал ...

Ғалабаи  оламшумул  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) 

     Имсол ба Ғалабаи бузургу оламшумули халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) алайҳи фашизм гитлерӣ 79 сол пур шуд. Пирӯзӣ дар ин ҷанги хунину бераҳмона осон набуд. Ҷанг 1418 шабонарӯз идома ёфта,  26,6 млн нафар  аҳолии Иттиҳоди Шуравӣ талаф ёфт. Мувофиқи маълумотҳои дар бойгониҳо маҳфуз буда, дар солхои чанг 1710 шахру шаҳрак ва зиёда аз 70 ҳазор қишлоқ хароб гардид. 31.850 завод, фабрика ва дигар корхонаҳои саноатӣ, 1.876  совхоз, 2.890  станцияи машину трактор ва 98 хазор колхоз, инчунин бисьёр дигар корхонахо ва манзилгоххои шаҳрвандони ИҶШС  пурра ё кисман вайрон ва ғорат карда шуданд [6]. Муфассал ...

Баъзе андешаҳо оид ба иди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

 Ба ҳамагон маълум аст, ки асри ХХ бо тағийроти куллӣ дар сиёсату иқтисод, фарҳангу саноат ва махсусан геополитикаву геостратегияи кишварҳои абарқудрат оғоз гардида, се инқилоби дар Русия баамаломада, тағйироти оғози асрро ба таври ҷиддӣ тағйиру такмил дода, рушди инсониятро самти нав ва дар гуопоиликаи ҷаҳонӣ саҳфиаи наверо кушоданд.
Марҳилаи нави геополитикӣ бо шикасти Русия ва ба ҷои он таъсис ёфтани аввалин Ҳокимияти шӯравӣ (сс.1917-1991) дар паҳнои империяи пештараи Русия боз ҳам муносибати байни давлатҳои мустамликадорӣ ва давлати ҷавони Олмонро тезутунд намуд.
Омилҳои гуногун сабаби аз нав милитарикунонии Олмон ва ба роҳи ҷанги баргаштани саноату хоҷагии халқи он мусоидат намуд. Ба сари ҳокимият омадани социалистони миллатчӣ бо сарварии Гитлер ва босуръат рушд ёфтани ин кишвар ба оғоз гардидани ҷанги нави ҷаҳонӣ замина гардид. Кулли кишварҳои ҷаҳон хатари оғози ҷангро эҳсос намуда, бо роҳи гуногун на пеши роҳи ҷангро гирифтан мехостанд, балки зарбаи ҷангро аз худ дур кардан мехостанд. Аз ин фурсат истифода бурда роҳбарияи Олмони фашистӣ тавонист дар муддати кутоҳ ҳамсоядавлатҳои худро тобеъ ва бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг оғоз намояд.
Ҷанг аз 22 июни соли 1941 барои Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гашта бошад, ҳам барои дигар кишварҳо ҳанӯз аз моҳи сентябри соли 1939 давом дошт. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia