casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Мактуби иттилоотӣ

 

          Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо эҳтиром иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» санаи 19 апрели соли 2024 гузаронидани конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ – омили тақвияти тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният» ба нақша гирифта шудааст.
         Дар кори конференсияи мазкур иштироки олимон, ҳуқуқшиносон, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд, кормандони мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст.
         Иштироки бевосита ва ё ғоибона дар кори конференсия имконпазир мебошад.
         Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад.
         Забони кори конференсия – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
         Баъд аз анҷоми кори конференсия омода намудани маҷмуаи маводи конференсия дар назар аст.
         Барои иштирок дар кори конференсия то 9 апрели соли 2024 шакли электронии фишурда (тезис) ё мақола қабул карда мешавад.
         Суроғаи электронӣ барои ирсоли мавод: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
         Оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия метавонед тавассути телефонҳои 915 07 33 22,  918 42 11 04 дар тамос бошед. Шахси масъул: Абдуҷалилов Абдуҷаббор.
Суроғаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025 ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33; тел. (факс): 221-56-89; 221-77-96; нишонии сайт: www.ifppanrt.tj
 
 
Кумитаи тадорукот

 

 

 

 

 

Муфассал ...

Новая монография Муродовой Тожинисо

         В издательстве «Дониш» в 2024 г. издана монография Муродовой Тожинисо «Джоме’-ал-хикматайн» Носири Хусрава
как историко-философский источник». В монографии на основе философского произведения Носири Хусрава «Джоме’-ал-хикматайн» («Свод двух мудростей»), которое по признанию самого мыслителя является квинтэссенцией, или же концентрированным выражением его философии, где анализируются категории «субстанциональное» и «акцидентальное» и их взаимодействие, движение, пространство и время и степень их причастности к материи, понятия Бога и природы в философской концепции Носири Хусрава. Дается анализ соотношения объективной и субъективной логики в свете учения Носири Хусрава о человеке как воплощении единства души и тела, материи и формы. Также, дается анализ иерархии бытия в философской концепции Носири Хусрава и здесь огромное значение имеет его натурфилософия.
         В работе также дается анализ чувственного и рационального в теории познания Носири Хусрава и надо отметить, что заслуга мыслителя в области разработки теории познания заслуживает особого внимания исследователей, поскольку его теория познания изобилует оригинальными выводами и приемами. 
         Результаты работы могут быть использованы для исследований в области средневековой таджикской философии и ряда других этико-философских и общественно-политических течений, таких, как исмаилизм, сторонников первоматерии и т.п.
         Книга рассчитана на специалистов по истории философии, преподавателей философии, студентов и лиц, интересующихся историей философии и общественно-политической мыслью таджикско-персоязычных народов в средних веках.
 
Муфассал ...

Наврӯз - муаррифгари тамаддуни бостонии тоҷик

Новобаста аз он, ки Наврӯз ҳамчун ҷашн ҳанӯз дар замони аxдодон ва шояд пеш аз он ҳам маълум буд, вале аксари олимону коршиносон бар он назаранд, ки асосгузор ва эҳёгари Наврӯз Ҷамшед аст, зеро маҳз бо ибтикори ӯ Наврӯз бо тамоми суннатҳояш эҳё  гардид ва дар аҳди вай бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешуд. Аз навиштаҳои таърихнигорон ва адибон маълум аст, ки «Наврӯзи Сосониён», «Наврӯзи Балх», «Наврӯзи Суғд», «Наврӯзи Бухоро», «Наврӯзи Хуҷанд», «Наврӯзи Хатлон», «Наврӯзи Бадахшон», «Наврӯзи Панҷакент», «Наврӯзи Самарқанд» ва ғайра вуҷуд дошт, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он дубора эҳё гардид. Ҳоло дар Тоҷикистон минтақае нест, ки дар он ҷо Наврӯзро ҷашн нагиранд. Имрӯзҳо Наврӯзро дар тамоми олам беш аз 300 миллион нафар ҷашн мегиранд ва аз тариқи воситаҳои ахбори ҷаҳон дар бораи он беш аз як миллиард нафар иттилоъ пайдо менамоянд, ки ин ваҳдату пайванди инсону табиат ва ҳиссаи тоҷикон дар рушди тамаддуни башарӣ бо ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифтааст. Мо ифтихор аз он дорем, ки ирузҳо дар тамоми ҷаҳон халқияти ҷаҳон ҷашни Наврузро ҳамчун ҷашни ҷаҳони мепиндоранд. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia