casino malaysia
casino malaysia
Мактуби иттилоотӣ

wrapper

 

          Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо эҳтиром иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» санаи 19 апрели соли 2024 гузаронидани конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ – омили тақвияти тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният» ба нақша гирифта шудааст.
         Дар кори конференсияи мазкур иштироки олимон, ҳуқуқшиносон, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд, кормандони мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст.
         Иштироки бевосита ва ё ғоибона дар кори конференсия имконпазир мебошад.
         Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад.
         Забони кори конференсия – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
         Баъд аз анҷоми кори конференсия омода намудани маҷмуаи маводи конференсия дар назар аст.
         Барои иштирок дар кори конференсия то 9 апрели соли 2024 шакли электронии фишурда (тезис) ё мақола қабул карда мешавад.
         Суроғаи электронӣ барои ирсоли мавод: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
         Оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия метавонед тавассути телефонҳои 915 07 33 22,  918 42 11 04 дар тамос бошед. Шахси масъул: Абдуҷалилов Абдуҷаббор.
Суроғаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025 ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33; тел. (факс): 221-56-89; 221-77-96; нишонии сайт: www.ifppanrt.tj
 
 
Кумитаи тадорукот

 

 

 

 

 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia