Чавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ташкил медиҳад
- Ҷумъа, Ноя 08 2024
- Андешаи муҳаққиқон
(Бардоштҳо аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ 6-уми ноябри соли ҷори ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар суханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ 6-уми ноябри с.ҷ. ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Мо соли 2024-ро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудем, зеро ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ташкил медиҳад».
«Ҳадаф аз иқдоми мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад». Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд институти ҳуқуқи инсонро мустаҳкам намоем, бо он муносибати эҳтиромона дошта бошем, мақоми қонунро баланд бардорем, шаҳрвандонро дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ тарбия намоем, фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамоҳанг созем.
Пешвои миллат ба иштирокчиёни вохӯрии ботантана ёдовар шуданд, ки «маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар навбати худ, барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад».
Барои ташкил намудани ҷомеаи дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ моро зарур аст, ки мутобиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро ба роҳ монем ва донишҳои ҳуқуқии онҳоро сайқал диҳем, то ки эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун ба ҳукми одату анъана мубаддал гардад. «Зеро тавре равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, - таъкид намуданд Пешвои миллат - танҳо ҷомеае ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳо бечунучаро риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун арзиши муҳимми давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад».
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазир ва таъсиррасони равандҳои ҷомеа заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ ва инкишоф дода, дар табодулу инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмуи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд.
Маърифати ҳуқуқӣ аз намудҳои дигари маърифат ба куллӣ фарқ мекунад, зеро он ба ин васила маҷмуи хоси ҷузъи моддӣ ва маънавиро ташкил менамояд. Таҳлилҳо собит намудаанд, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва лаёқати инсон, муносибати байниҳамдигарии бошандагони ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда ифода менамояд. Маърифати ҳуқуқии инсон, қисми таркибии маданияти маънавӣ ҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, арзишҳои муайян, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин малака ва тавоноии инсон иборат мебошад. Маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи хуқуқии инсон зоҳир меёбад.
Маърифати баланди ҳуқуқӣ - асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти системаи ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсири фаъоле дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар замони муосир аҳамияти хосса пайдо менамояд. Давоми солҳои охир болоравии салоҳиятноки ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида ва огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус эҳтиром нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, кодексҳо ва амсоли онҳо зоҳир мегардад. Мавҷуд будани омилҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон ва танфурӯшӣ ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунанд. Дар ин робита маърифати ҳуқуқӣ дар пешгирӣ кардани ҳодиса ва рафторҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ нақши ҳалкунанда мебозад.
Маърифати ҳуқуқӣ ва васеътар аз он арзишҳои ҳуқуқиро бояд аввал волидон, наслҳои калонсол қабул кунанд: пас наслҳои нав бо ибрати онҳо дар ин руҳия тарбия меёбанд.
Бо такя ба андешаҳои баёншуда, ба назари мо, дар ҳоли ҳозир маърифати ҳуқуқии ҷавонон бояд ба татбиқи маҷмуи ҳадафҳое равона карда шавад, ки дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда инъикос ёфтаанд. Арзишҳои дар онҳо зикршуда, моҳиятан тарзе амалӣ карда шаванд, ки аксарияти мутлақи ҷавонон ба рафтори фаъоли иҷтимоӣ мутамоил гардида, рафторе, ки ба дарки амиқи асоснокӣ, адолатнокӣ ва мувофиқи мақсад будани меъёрҳои ҳуқуқ асос ёфтааст ва фаъолияти шахсро баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва решакан намудани ҳуқуқвайронкуниҳо нигаронида шаванд.
Бояд зикр намоем, ки омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар давлати ҳуқуқбунёд масъалаи меҳварии ҷомеа мебошад ва аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бояд амалӣ карда шавад.
Пешвои миллат дар назди мо вазифа гузоштанд, ки «корҳои фаҳмондадиҳиву маърифатӣ, шарҳу тафсири илмиву оммавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бо иштироки олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мутахассисон ва дар ин замина ташкилу баргузор намудани барномаҳои махсус тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шаванд. Аз ин лиҳоз, ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад».
Ҳамин тавр, маърифати ҳуқуқӣ ба давлат, ҷомеа ва инсоният аҳамияти басо муҳим дорад. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мушкилоти зиёде мавҷуданд, аммо танҳо бо кӯмак ва талошҳои муштараки ҷомеа ва давлат метавон фарҳанги муътадили ҳуқуқӣ ва сатҳи баланди огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандонро ташаккул намуд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли наврасу ҷавон ва солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гаштани Соли маърифати ҳуқуқӣ ба мо илҳоми тоза бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои муҳим - баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини волоияти қонун моро раҳнамо мебошад.
Саидумар Раҷабов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ИФСҲ АМИТ
Матлабҳои дигар аз Институт
- Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва дурнамои инкишофи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии фалсафа» дар мавзӯи: «Рушди илмҳои фалсафӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Бахшида ба 90-солагии академик М.Диноршоев), ки 22 ноябри соли 2024 соати 10.00
- Визит Президента Республики Таджикистан в Саудовской Аравии в рамках развития двустороннего сотрудничества
- Ҳамкориҳои мутақобилан судманд – василаи асосии густариши муколамаи фарҳангҳо
- АҲМАДЗОДА ДИЛНОЗА ДАВРОНАЛӢ