casino malaysia
casino malaysia
Миллати рамзовари тоҷик ва Дирафши Ковиёнӣ

wrapper

  Дар таърихи инсоният шояд миллати дигаре набошад ва ё нодир бошад, ки Дирафшро дар лаҳзаи аз ҳама ҳассостарини мубориза бо душмани ашаддии худ ҳамчун рамзи Истиқлол ихтироъ ва баланд афрошта, дар зери ливои он бар душман ғалаба намуда, давлатдории мустақилу соҳибихтиёри худро эҳё намуда бошад. Достони таърихии марди бузург аз ниёгони миллати тоҷик – Коваи Оҳангар, ки дар асари “Шоҳнома”-и мутафаккири оламшумул Абулқосими Фирдавсӣ баён гардида аст, аз эҷодкорӣ ва назарияпардозии миллат ҳикоят дорад.
  Тоҷикон яке аз қадимтарин халқияти ориёӣ мебошанд, ки Дирафшро ҳамчун рамзи Истиқлол, рамзи давлатӣ, рамзи Ваҳдати халқ аввалин маротиба истифода намуда, таҷрибаи парчамдориро ба миён овардаанд.
Рамзофарӣ ҳарчанд мақсади Коваи оҳангар набуда, ў танҳо барои муттаҳид намудани халқ ва дар ҷараёни таъкиду сухангуйӣ барои таъсири бештар аз он истифода кард, вале ин таҷриба кофӣ буд, то дар натиҷаи такрорёбӣ аз ҷониби дигарон ба таври васеъ истифода гардад ва парчамдорӣ ба рамзи давлатдорӣ мубаддал гардад.
  Таҷрибаи парчамдорӣ аз лаҳзаи одӣ, вале пурмасъулияти фаъолияти як шаҳрвандии одии кишвар барои ваҳдати халқ бар зидди ғосибон оғоз гирифт ва имрўз дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ таҷассумгари оғози садҳо муносибату чоранибиниҳо, давлату кишвар, ташкилоту созмонҳо гаштааст. Ин таҷриба баёнгари он аст, ки ихтирооти бузург низ аз қадамҳои одӣ сарчашма мегиранд.
   Гузаштагони мо - мардуми ориёӣ Парчамро на танҳо ҳамчун рамзи мубориза барои Истиқлолият ва давлатдории мустақил истифода бурдаанд, ки худ моҳияти бузурги онро нишон медиҳад.
  Албатта, Дирафши Ковиёнӣ таърихи куҳани ин рамзро ошкор менамояд, ки дар давоми ҳазорсолаҳо аз ҷониби давлатдорони ориёӣ ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ дошта мешуд ва араби ғосиб бо шикаст додани дудмони Сосониён тавонист ба ин рамзи бузургарзиши ориёӣ даст ёбад ва коре кард, ки аз бузургон нашояд. 
  Аллакай дар парчамҳои давлатҳои аввалини ориёӣ мушоҳида намудан мумкин аст, ки ба ғайр аз он, ки Парчам ҳамчун рамзи давлат ки дар макони муҳим ва дар саънаҳои бузурги миллат барафрошта мешавад, дар он рамзҳои муҳимме нигошта шудаанд.
  Сухан дар бораи якчанд рамзи дигар, аз ҷумла рангҳои дар Парчам ҳаккокишуда меравад, ки мазмуну моҳияти сиёсиву иҷтимоии онҳо барои мардуми ориёӣ ва имрўз барои мо низ ошкор шудааст.
  Дар Парчаме, ки аз Ҳахоманишиҳо боқӣ мондааст, парчам чор гўшаи рост дорад ва дар тамоми даври он секунҷаҳои сурх, сафед сабз ва кабуд пайи ҳам духта шудаанд. Маълум аст, ки ранги сурх ба артиш ва ҳокимият мансуб буда, ранги либоси онҳоро таҷассум мекунад. Ранги сафед таҷассумгари табақаи руҳониён, ранги илм ва дониш буда, ифодагари мавқеи руҳониён дар давлатдории ориёӣ мебошад. Ранги саб ба табақаи кишоварзон таалуқ дошта, рамзи ҳосилу сарсабзии кишвар ва мақоми кишоварзон дар кишвар мебошад. Ранги кабуд ба косибону ҳунармандон тааллуқ дошта, баёнгари саҳми ин гуруҳи аҳолӣ дар ҳаёти кишвар аст.
  Ҷамъ омадани ранг-рамзҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ дар як Парчам, маънои амиқ дошта, даъват намудани куллӣ қишри ҷомеа ба ваҳдату муттаҳидӣ ва якдилӣ мебошад. Парчами мазкур ҳамчун рамзи ҷомеаи муттаҳид ва ваҳдатгарои кишвар дар фазои он парафшонӣ мекунад. Андешаи амиқи сиёсӣ ва идеали давлатдории ориёӣ на танҳо дар шеъру достонҳо аз қабили “Авесто”, достонҳои “Шоҳнома”, таърихномаҳои бузурги бостонӣ, балки дар Парчами давлат низ инъикос ёфта, тавонистаанд, ки мардумро ба ободкориву созандагӣ, рушду камол, қаҳрамониҳо барои Истиқлол ва манфиатҳои кишвар равона созад.
  Аз ин сабаб, парчамдории ниёгон барои ҳар яки мо, махсусан давлатдорону сиёсатмадорон, зиёиёну фарҳангиёни кишвар бояд намунаи барҷастаи ватандорӣ, ҳифзи манфиатҳои Ватан, устувору таҳким додани ғояву мафкураи давлатӣ, давлатсозӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ бояд бошад.
Ҳамеша парфишон бош, парчами Тоҷикистони мо!
 
Буризода Эмомалӣ Бозор
– д.и.ҳ., профессор,
Давлатмуродзода Балхия Давлатмурод.
ходими хурди илмӣ (Шуъбаи таърихи давлат ва
ҳуқуқи Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илм
ҳои Тоҷикистон)

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia