casino malaysia
casino malaysia
Идеологияи миллӣ – неруи бузурги давлатдорӣ

wrapper

Андешаҳои ноиби Президенти АМИТ, профессор Абдураҳмон Муҳаммад

 Имрӯз рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ воситаи мувофиқ баҳри тарғиби ғоя ва арзишҳои гуногуни ифротию террористӣ шуда, ба парокандагии ғоявии ҷомеа мусоидат менамояд. Барои таъмини ҳимояи манфиатҳои миллӣ алоқамандии сиёсат ба амнияти идеологӣ* ҳамчун  омили  таҳкими амнияти  миллӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аҳамияти хосса дорад. Омили идеологӣ* ҳамчун василаи танзимкунандаи рафтори субъектони сиёсат қудрати низомсоз дорад, зеро неруе, ки ба ҳуҷумҳои идеологии*  бегонагон муқовимат карда метавонад, танҳо  идеологияи* миллӣ мебошад.
Чунин ибрози андеша намудааст ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД дар мақолае, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Дар зер матни пурраи он пешниҳоди хонандагон мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаби асосии фирефтаи таблиғгарони ташкилоту созмонҳои экстремистиву террористӣ гардидани ҷавононро, пеш аз ҳама, аз сатҳи пасти донишу маърифат, ҷаҳонбинии маҳдуд, инчунин аз назорат дур мондани онҳо медонанд ва ин беваҷҳ нест.  Ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи экстремистӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамроҳ шудани баъзе ҷавонони мо низ боиси ташвиш гардидааст, ки инро Сарвари давлат зимни суханрониву вохӯриҳо бо ҷавонон ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа борҳо таъкид намудаанд.
Воқеан, таҳлили муборизаҳои мафкуравӣ дар шароити  пуртаззоди ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ин раванд боз ҳам шиддатнок мегардад. Бинобар ин идеологияи* миллӣ имрӯз  бузургтарин неруест, ки дар муқовимат ба падидаҳои номатлуби ифротгароию ғайридунявӣ таъсир  гузошта метавонад.
Идеологияи миллӣ* ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятию сиёсӣ неруи қудратмандест, ки ба ҷомеа таъсири назаррас дошта,  метавонад ҷиҳати ба ҳам омадани неруҳои гуногун ва сафарбарии онҳо баҳри ба даст овардани мақсадҳои миллӣ нақши калидӣ дошта бошад. Дар  маҷмӯъ, идеология*- ин низоми ғояҳои муҳими иҷтимоӣ ва ба таври назариявӣ ташаккулёфтае мебошад, ки дар он манфиатҳои табақаи муайяни ҷомеа таҷассум меёбад ва барои мустаҳкам намудан ва ё тағйир додани муносибатҳои ҷамъиятӣ хизмат менамояд. Инчунин он воситаи бонизоми муттаҳидкунандаи тафаккури гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад.
Идеологияи* миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  иқтидори бузурге пайдо намудааст, ки ба воситаи он метавон ба афкори ҷамъиятӣ таъсири амиқ расонид. Дар ин росто, амнияти идеологӣ* барои ташаккули  робитаи ҷамъиятӣ қодир буда, муносибатҳои мутақобила ва якдигарфаҳмӣ миёни ҷомеаро таъмин карда, ҳамчун унсури муҳими низоми идоракунӣ боқӣ мемонад.
Дар баробари ин, дар саҳифаҳои интернет паст задани шаъну шарафи инсонҳо  тавассути паҳн намудани иттилооти иғвогарона   ва таҳрифшуда, тарғиби идея ва арзишҳои бегона, зӯроварӣ ва даҳшатафканӣ нақши муборизаҳои идеологиро* боз ҳам зиёд мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, идеология* ва андешаи бегонапарастонро қабул надошта бошем. Дар набардҳои идеологӣ* маҳз падидаи ватандӯстӣ, мавҷудияти заминаи устувори идеологӣ* ва шахсиятҳои аз диди мафкуравӣ устувор метавонанд дар муқовиматҳо муваффақ шаванд. Дар ин самт, ба андешаи мо, танҳо  дар давлати миллӣ идеологияи* миллӣ метавонад баҳри сарҷамъӣ ва муттаҳидию ваҳдат нақши бориз дошта бошад.
Маҳз идеологияи* миллӣ  имкон медиҳад, ки табақаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои этникӣ худро субъектҳои мустақили раванди таърих муаррифӣ намоянд. Бинобар ин, ҳар неруи сиёсӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки консепсияи мушаххаси идеологие* ба вуҷуд оварад ва ба воситаи он модели махсуси рафтори иҷтимоиро ташаккул диҳад. Мавриди зикр аст, ки робитаи дохилии генетикии сиёсат, идеология* ва амният дар ҷузъҳо ва зуҳуроти гуногуни фаъолияти сиёсӣ, дар равияю мазмуни он ифода меёбад ва зери мафҳуми «амнияти идеологӣ» бояд ҳамеша таъмини амнияти тамоми ҷомеа фаҳмида шавад.
Ҳамин тариқ, то замоне, ки дар ҷомеа табақаҳои гуногун ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ мавҷуданд, амнияти идеологӣ* ҳамчун  омили  таҳкими  амнияти  миллӣ ва шакли махсуси тафаккури гурӯҳӣ  махфию  ошкоро мавҷудияти худро  бояд нигоҳ дорад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар шахсе, ки аз ҳимояи ҷамъият бархурдор мебошад, вазифадор аст, ки ба ҷамъият хизмат намуда, ҳиссаи мувофиқи қобилияташро гузорад. Бештари масъалаҳои амниятии шаҳрвандон дар он зоҳир мегарданд, ки манфиатҳои ашхоси дигар халалдор нагарданд. Яъне қонун риоя карда шавад ё ин ки кирдори одам ба дигарон зараровар набошад. Муҳимтарин сабаби пайдоиши идеологияи* миллӣ ҳамчун маҳаки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар мамлакати мо- ин талабот ба муҳофизати аъзои ҷамъият мебошад.
Дар баробари ин тасаввурот дар бораи идеологияи* миллӣ бо қиёси ҳақиқати воқеӣ мавҷуд аст, ки асоси он эътимод ва боварӣ ба алоқамандии ҳамаи субъектҳои амният мебошад. Бинобар ин, боло бардоштани мавқеи амнияти идеологӣ дар фаҳмиши васеи шаҳрвандони мо бояд ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи умумимиллӣ ва давлатӣ қарор дошта бошад.
Идеологияи” миллӣ нуқтаи муҳими пайдоиши талабот дар низоми пурқуввати ҷомеаи инсонӣ буда, усули махсуси танзими  муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, дар сиёсати давлатӣ амнияти идеологӣ бояд ҳамеша нақши асосӣ бозида, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирад. Зеро хавфу хатар ва таҳдидҳо ба амнияти шахсӣ ва ҷомеа инсонҳоро ҳамеша ба зарурат ва фаҳмиши зиндагии якҷоя барои ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва миллӣ водор месозанд.
____________________________
*Идеология — маҷмӯи ғояҳои ба таври консептуалӣ ба расмият даровардашудае мебошад, ки манфиатҳо, ҷаҳонбинӣ ва мафураи субъектҳои гуногуни сиёсат – табақаҳои иҷтимоӣҷомеа, аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятиро ифода мекунад. 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia