casino malaysia
casino malaysia
ЗИҲӢ, ШОИР! Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа рӯихотирбиниро сабаби дар Бадахшон беҷазо мондани одамони ҷинояткор номид

wrapper

  Руихотирбозӣ боис гардид, ки дар Бадахшон одамони ҷинояткор беҷазо монанд. Ин нуктаро шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода, лауреати ду ҷоизаи бонуфузи адабии Русия —  ордени «Золотая осень»-и ба номи Сергей Есенин ва медали «Ф.М. Достоевский», муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа зимни муроҷиат тавассути ТВ «Бадахшон», ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Фейсбук низ паҳн гардид, иброз дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
  Дар тақвияти гуфтаҳои худ шоир мисол меорад, ки солҳои 90 то 94-ум ба ҳайси муаллифи барномаҳои ҳуқуқии радиои вилоятии Бадахшон чандин парвандаҳоро мавриди таҳлил қарор дода, парвандаеро дар ёд надорад, ки он ба фоидаи шахси ҷабрдида ҳал шуда бошад.
  «Боре аз раиси суди вилоят (ё шояд прокурор буд) Иванов суол кардам, ки хулосаи коратон дар Хоруғ чист?, — ёдовар шуд Ато Мирхоҷа. — Ҷавоб дод, ки: «О какой работе ты говоришь? В Хороге кругом одни питиши. Тут некого ловить» (Дар бораи кадом кор ҳарф мезанӣ? Дар Хоруғ ҳама питиши (амакбача, холабача) якдигаранд. Ин ҷо касеро дастгир кардан мумкин нест)».
Дар идома муовини раиси Иттифоқи нависандагон сокинони Бадахшонро ба ҳамкории зич бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ёрӣ расондан ба онҳо барои ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷинояткор даъват намуд.
Бояд тазаккур дод, ки бо мустаҳкам шудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ акнун имкони халос шудан аз ба ном лидерони ҷудоиандоз, нашъафурӯш, тангназар ва худписанд ба вуҷуд омадааст.
Ҳукумат низ талош дорад, ки ба мавҷудияти ин гурӯҳҳо нуқта гузорад, зеро онҳо муттасил бо кирдорҳои авбошонаи худ ба кори муътадили мақомот ва осудагиву оромии шаҳрвандони одӣ халал мерасонанд. Низоъҳоеро, ки онҳо дар ҷомеа меандозанд, боиси хушнудии бадхоҳони миллат ва давлат, онҳое мегардад, ки Тоҷикистонро дар солҳои 90-ум ба коми оташи ҷанг тела дода буданд.
Шоир таъкид намуд, ки имрӯз дасти Ҳукумат ба тамоми соҳаҳо мерасад ва он қодир аст, ки амнияти шаҳрвандонро дар ҳама гуна вазъу ҳолат ҳимоят намояд.
«Ман дар муддати даҳ соли охир дар мақолаҳоям чандин маротиба ба масъалаи Хоруғ, ки маркази асосии нобасомониҳои вилоят мебошад, рӯ оварда, андешаву бардоштҳоямро навишта будам, — тазаккур дод Ато Мирхоҷа. — Мақолаҳоям боиси гуфтумонҳои зиёде ҳам гаштанд».
  Дар ин иртибот муовини Раиси Иттифоқи нависандагон ҳодисаеро низ мисол меорад: «Моҳи июли соли 2018 ҳангоми рухсатӣ ба зодгоҳам рафтам. Ҳамон шабу рӯз кадом як ҷавоне дар роҳи ҷониби  табобатгоҳи Ҷелондӣ шахсеро, ки дар қади роҳ дар назди автомобили худ истодагӣ будааст, зер карда, ба ҳалокат мерасонад. Шоҳидони ҳол гуфтанд, ки ронанда мошину шахси дар наздаш истодаро возеҳу равшан дидааст, аммо рост омада, он мардро зер карда будааст. Ин ронандаи бехирад(мутассифона, номаш дар хотирам намондааст), чанд моҳ пеш аз ин, ба ҳамин тариқ, шахси дигареро ҳам бо мошини худ зер карда будааст. Бо такудави хешу табораш ӯ аз суд шудан наҷот меёбад. Ҳатто аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрумаш ҳам накардаанд. Дар натиҷаи пӯшондани он ҷиноят ин ҷинояти дигар сар мезанад. Боз ҳамон хешу табор — питишу амаку тағову акаву додару янгаву қайсингулу ҳоказо дастҷамъона барои аз ҷавобгарӣ озод кардани он бадбахт ба такудав меафтанд. Ман барои дидорбинии дӯстам — генерал Паноев ба хонааш рафта будам, ки телефонаш занг зад ва кадом хеши ҳамин ронандаи бетавфиқ аз ӯ илтимос кард, ки барои аз дасти мақомот раҳо кардани ӯ барояшон кумак намояд. Генерал сахт ба ғазаб омад ва гуфт: «Ба дасти ман бошад, ин хел падарсагро ба ҳабси якумрӣ мешинонам!». Ҳоло равшан намедонам он ҷинояткорро ба ҳабс гирифтанд ё тибқи «қонунҳои дохилии хоруғӣ» ҷавобаш доданд, аммо возеҳан медонам, ки даҳҳо ҳамин гуна девонабашараҳо дар ин қаламрав ба далели «маш вирод», яъне худӣ буданашон, аз подоши амал дар канор мемонанд».
  Ато Мирхоҷа ба ёд овард ва иқрор шуд, ки ҳанӯз дар охирин рӯзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукумати  воқеӣ дар шаҳри Хоруғ ба дасти саркардагони олами ҷиноят гузашта буд. Мардуми одӣ аз онҳо меҳаросиданд, чун аз дасти онҳо ҳама гуна кори паст меомад. Мақомоти дахлдори давлат нисбат ба онҳо мавқеи бетарафона гирифта буданд, чун агар милиса дастгир кунад, прокурор ҷавобашон медод, прокурор дастгир кунад, суд бегуноҳашон мебаровард ва ҳоказо.
«Сабаб боз ҳамон питишбозӣ, хешутаборчигӣ, ҳамшаҳригарӣ… Ҳоло ҳама дар хусуси печидани иддаи бузурги ҷавонони Хоруғу атрофи он ба афюну бангу ҳероин ҳарф мезананд. Вале шояд на ҳама донанд, ки заминаи онро наркобаронҳои машҳур Алёша-Горбун ва Ҳофизу ёру ёварони онҳо ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри гузашта гузошта буданд! Аммо аз он ки касе пишаки онҳоро пишт нагуфт, ин рӯбоҳон аз пушти маводи мухаддир сарвати ҳангуфт андӯхта, ба «шерони жаён», ҳатто «қаҳрамонон! табдил ёфтанд», — иброз дошт шоир.
  Дар солҳои аввали истиқлол  ин «лидерон» мардуми моро ба чӣ балоҳое гирифтор карданд ва барои ҳар шахси солимфикре, ки ҷанги худкушии тоҷиконро аз сар гузарондааст, ин мисли офтоб равшан аст.
«Ман андешаҳою ёддоштҳоямро дар ин бора дар китоби «Одами тиллоӣ», маҷмӯи хотираҳоям бо номи «Хоруғ 1994-95» ва ғайраҳо ба чоп расондаам. Ба аксари ҳамдиёронам, ҳатто дӯстони наздикам писанд наомаданд», — тазаккур дод  Ато  Мирхоҷа.
Калонсолон медонанд, ки ҷанги солҳои 90-ум бо «ташаббуси» хушкмағзони тангназари тундрави ифротӣ сар зад ва талхии онро миллати мо то ба ҳол чашида истодааст. Шӯрандозиву авантюристии ҳамин гуна бефаросатони давр буд, ки Хоруғи орому осуда ба нооромтарин нуқтаи Тоҷикистон мубаддал гашт. Илм, фарҳанг, адаб, маориф ночиз шуд. Зӯроварӣ, ҳамдигаркушӣ, нашъамандӣ, духтарҷаллобӣ, авбошпарастӣ ба авҷи аъло расид. Аҳли фазлу ҳунар муҳтоҷи як пора нон гашт. Бар замми нодориву қашшоқӣ ҳар замон мавриди озору таҳқири авбошону ҷиноятпешагоне, ки ягон мақоме гӯё пеши роҳашонро гирифта наметавонист, қарор мегирифтанд. Ба ин сабаб ҳамаашон роҳи пойтахт ё дигар шаҳрҳои амни ҷумҳуриямонро пеш гирифтанд.
  Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо худи шоир Ато Мирхоҷа мебошад, ки соли 1995 ба Душанбе кӯчид. Соле баъд нависандаи забардаст Наҷмиддин Шоҳинбод ба Хуҷанд ва баъдан Раънои Мубориз ба пойтахт кӯч бастанд.
Дар ин солҳои наҳс даҳҳо нафар овозхонон, мутрибон, ҳунарпешагон, муҳандисон, меъморон, наққошон ва намояндагони дигар касбу кор Хоруғи гулрангро бебозгашт тарк карданд.
«Аз шоирони номвар, ба сабаби куҳансолӣ, дар Хоруғ танҳо устод Ширин Бунёд монд, ки шамъи рақиқи маърифату адабро аз пуфбоди ҳодиса нигаҳбонӣ мекард. Аммо ҳамин як шоирро ҳам дар он муҳит рӯи хуш надоданд. Ҳатто пас аз маргаш ҳам тангназарони бемаърифат, назар ба қавли як дӯстам, портрети филизии дар сари роҳи деҳааш гузоштаро бо сангандозӣ сӯрох-сӯрох кардаанду баннери акси дар маркази ноҳия гузоштаи ӯро ҳамин сол оташ задаанд!, — изҳори таассуф кард шоир. — Оё дидаед ё шунидаед, ки дар Панҷакент ё Хуҷанд ё Кӯлоб ё Ҳисор ё Ғарм халқ ба шоири номвараш чунин муносибатро раво дидааст?!».
  Ба таъкиди ӯ, Хоруғ ҳам, чун дар гузаштаҳо,  бояд билохира ба шаҳри ором, меҳмондӯст ва муътадилавзоъ табдил ёбад. Барои расидан ба чунин мақсад дар навбати аввал бояд нуфузи атаманҳои кӯчабозориро ба сифр баробар кард ва дигар, ҳамаи онҳоеро, ки таҳти таъсири ин лидерҳо фазои зиндагии шаҳрро олуда месозанд, зери назорати мақомоти дахлдор гирифта, барои баромадан аз ин буҳрони равонӣ ба онҳо ёрӣ расонд. Ҳамчунин бояд ҳама қонунро риоя намоянд.
Ин муроҷиати Ато Мирхоҷа дар фазои интернет аз ҷониби шахсони касбу кори гуногун  ҳамовозӣ ва ҷонибдорӣ пайдо намуд. Аз ҷумла, раиси Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Саъдӣ Маҳдӣ бо овардани якчанд иқтибос ба муовини Раиси иттифоқи нависадагон дар саҳифаи фейсбукии «Ормонҳои миллӣ» таҳсин хондааст.
«Зинда бошӣ, шоир Ато Мирхоҷа, барои  шуҷоат, ҳақгӯӣ! Ман бовар дорам, ки бештари одамон метарсанд ҳаққи гапро гӯянд. Офарин шоир,  респект!», — навиштааст ӯ дар шарҳи муроҷиат.
Журналисти маъруф, сармуҳаррири рӯзномаи «СССР» Сайёфи Мизроб низ гуфтаҳои Ато Мирхоҷаро ҷонибдорӣ намуда, бо таассуф изҳор доштааст, ки кош чунин намояндагони аҳли зиё на танҳо дар Хоруғу Душанбе, балки дар Кӯлобу Ғарму Хуҷанду Панҷакент ҳам мебуданд.
  «Иззат ва эҳтироми Шумо Атоҷон дар дилам дучанд афзун гардид! Танҳо Шумо бо сароҳият ошкоро ҳақиқатеро гуфтед, ки дигарон аз ифшои он парҳез мекарданд ё метарсиданд. Офарин!», — навиштааст собиқ вазири фарҳанг ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ.
  Ҷонибек Асрориён низ дар муроҷиат ба нотавонбинон навиштааст, ки манзараи умумӣ ва асли воқеият аз навиштаҳои устод Ато бароям рушан шуд. Онҳое, ки ба осиёби сепаратизм об мерезед ва дар ҷудоии мардуми тоҷик талошҳо доред, аз сӯзиши дили нависанда бохабар шавед.
  «Кош, ҳама чунин беғаразона таҳлил карданро метавонистанд», — шарҳ гузоштааст рӯзноманигори нашрияи «Омӯзгор» Дилафрӯз Қурбонӣ.
Корбари дигар аз доштани дӯстони зиёд аз Помир ва эҳтироми бағояташ нисбат ба онҳо навишта, Помирро як порчаи зебои Тоҷикистони дилрабо  хондааст.
Ба ҳамин минвол чандҳо корбарони дигари шабакаи иҷтимоии фейсбук ба Ато Мирхоҷа таҳсин гуфта, аз муроҷиати ӯ ҷонибдорӣ кардаанд.
Муроҷиати шоир Ато Мирхоҷа дар ҳолест, ки аксари намояндагони аҳли зиё, адибону нависандагон ва ходимони касбу кори гуногун дар робита ба масъалаҳои мубрами иҷтимоии ҷомеа хомӯширо пеша карда, худро канор ва бетараф мегиранд. Ҳол он, ки рисолати аввалиндараҷаи аҳли зиё ва адибону олимон вокуниши саривақтӣ ба масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Бояд гуфт, ки дар асарҳои шоир Ато Мирхоҷа аксаран мавзӯъҳои ватандӯстӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолият,   сулҳу субот ва ғайраҳо таҷассум ёфтаанд. Аз ҷумлаи он асарҳо, достони «Ҷони ширин»-и шоир мебошад, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» пурра нашр гардида, дар пайравӣ аз достони «Ҷони ширин»-и устод Мирзо Турсунзода эҷод ва ба мавзӯи бисёр муҳим ва тақдирсоз — Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст.
Дар достон ҳаводису рӯйдодҳои солҳои аввали Истиқлолият, суханбозиву шиорпартоиҳои дурӯғини ҳизбҳову ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва  ба сангарҳо ҷудо кардани миллати тоҷик тасвир шуда, баъдан талошҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ, таъмин намудани сулҳу субот, роҳ гирифтан ба сӯи ободиву шукуфоиро дар худ таҷассум менамояд. Ин асар ба хонанда арзиши гарон ва баҳои баланд доштани Ваҳдати миллиро муаррифӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки дар пайравии достони «Ҷони ширин»-и устод Мирзо Турсунзода бори аввал аст, ки шоири даврони истиқлолият достон менависад.
Асари дигар маҷмӯаи ашъор, достон ва манзумаҳои шоир Ато Мирхоҷа таҳти унвони «Субҳи беғуруб» мебошад.
Маҷмӯа ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардида, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интишор ёфтааст.
Ато Мирхоҷа дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуда буд, ки дар китоб манзумаҳои «Субҳи беғуруб» (бахшида ба Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Истиқлол» (бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон), «Анҷумани наврӯзӣ»  (бахшида ба мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён, 6 ноябри соли 2017),   достонҳои «Нуристон» (роҷеъ ба сохтмони НБО-и “Роғун”) ва шеърҳое, ки бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суруда шудаанд, гирдоварӣ гардидаанд.
Муҳаррири маҷмӯа Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло мебошад.
 P.S. Дар китоби муқаддаси Қуръон Худованд ба меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигар, осудагиву саодат ва зебогиву тозагӣ ҳидоят мекунад. Асоси тамоми зебогиҳо муҳаббат аст. Ҷамъияте, ки бо инсонҳои дӯстдорандаи якдигар ба вуҷуд омадааст, ҷомеаи қавӣ ба ҳисоб меравад. Ҷомеаҳоеро, ки якдигарро дӯст медоранд, Худо ҳам онҳоро дӯст медорад ва аз онҳо розӣ мешавад. Муҳаббат барои бо тартибу низом ҷорӣ шудани зиндагонии иҷтимоии мо нақши калон бозида, дар ҷомеа иттиҳод, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва бародариро ҳифз мекунад ва яке аз сабабҳои асосии устувории адолат мебошад. Аз ин ҷост, ки Пайғамбар (с) низ муҳаббатро сарчашмаи некию тамоми зебогиҳо ва асоси фазилат медонист.  Пас, биёед якдигарро дӯст дорем, эҳтиром кунем ва дар фазои тинҷу орому осудаи Ватан атрофи Пешвои хирадманду инсондӯсти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъонаву муттаҳидона ба сар барем ва дар гулгулшукофии минбаъдаи он саҳмгузор бошем!  

Бознашр: https://khovar.tj/2022/01/zi-shoir-muovini-raisi-ittifo-i-navisandagoni-to-ikiston-ato-mirho-a-r-ihotirbiniro-sababi-dar-badahshon-be-azo-mondani-odamoni-inoyatkor-nomid/ 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia