casino malaysia
casino malaysia
Паём-мароми мо бунёди ҷомеаи фарҳангию ҳаёти шоиста

wrapper

    Чун анъана дар арафаи анҷомёбии ҳар сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаи хешро ба маҷлиси Олии кишвар ироа намуда, тамоми ҷанбаҳои мусбату манфӣ ва бурду бохти ҳаёти ҷомеаро ҳам аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳам сиёсию фарҳангӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода ба тамоми масоил нигоҳи нуктасанҷонаву мушикофона менамояд, ки воқеан шоёни таҳсин аст.       
  Мусаллам аст, ки кишвари ҷавону тозаистиқлоле чун Тоҷикистон ҳам акнун масири бунёдкориву созандагиро зери сиёсати хирадмандонаи ин давлатмард бо маром тай намуда дар ҳоли рушду такомул аст. Лозим ба тазаккур аст,ки гарчанде даҳ соли аввали даврони соҳибистиқлолӣ барои бартараф кардани хисороти аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ расида сипарӣ гардида бошад ҳам дар тули бист соли баъдӣ, давлати ҷавони мо тавонист ин марҳилаи озмоиши сахту сангини таърихиро  муваффақ паси сар намуда ба дастовардҳои назаррасе ноил гардад. Агар ба таври мухтасар ба дастовардҳои ин даврон назар афканем,  бараъло  мебинем, ки мо чи пешравиҳое кардем, масалан дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Дар ин муддати начандон тӯлонӣ  Тоҷикистон ба чор ҳадафи бузурги стратегӣ: раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва охирон саноатикунонии босуръати мамлакат даст ёфта то соли 2017 Тоҷикистон аз кишвари се порча ба як кишвари воҳиди як порча табдил ёфт. Инчунин дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 НБО-ии хурду бузург, 1,5 ҳазор км хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар аз навсозӣ гардид. Дар ин давра мо беш аз 2000 меговатт иқтидорҳои иловагӣ бунёд кардем.
   Ҳамчунин дар ин муддат бо гузаронидани ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи кишоварзию заминдорӣ ва рушди маданияти истифодабарии замин таъмини ҳадафи сеюми стратегӣ-таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба худкифоии миллӣ-истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ даст дода бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида аз 11 млрд соли 1992 ба 40 млрд сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд, ки қариб чор баробар афзоиш ёфт. Ба ғайр аз ин дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида,ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард. Инчунин дар ин муддат ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд, танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб гардид,ки бевосита барои ноил шудан ба ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар яъне саноатикунонии босуръат мусоидат менамояд. Дигар нуктаи муҳимме, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат ироа гардид ин таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва махсус ба соҳаи маориф ва илм ҳамчун соҳаҳои калидӣ ва авлавиятноки давлатсоз мебошад. Зимни ин, Пешвои миллат соҳаи маорифро ҳастии миллату давлат унвон карданд,ки дар воқеъ ҳам чунин аст. Бидуни муболиға маориф пойдевор ва шоҳсутуни бинои ҳастии миллат ва бақою пойдории давлат мебошад, зеро ки масъалаи таълим ва тарбия дар тамоми давру замонҳо ва ҷумла халқҳои олам чун масъалаи маргу зиндагӣ яке аз масоили асосӣ ва абадӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳамаи давру замонҳо ва ҳама халқҳои олам ба ҳар тариқу равише вобаста ба замон ва хусусиятҳои он ба ин масъала пардохта ва башарият ҳеҷ гоҳе аз таълиму тарбият бениёз набудааст.          
  Бесабаб нест ки дар адабиёти классикии мо аҷдоди баруманди миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик шуруъ аз сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс маликушшуаро Рӯдакӣ то имрузиён пайваста дар фавоиди таълиму тарбия ва нақши он дар ташаккули инсони комил ва ҳамчунин нақди ҷаҳлу нодонӣ таъкид намуда, дар ин бора асарҳои махсусе чун “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус, “Гулистон”у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Пирӯзнома”-и Ибни Сино ва садҳо пандномаю ҳикматномаҳои дигар,ки маҳз зарурат,ногузирӣ ва фоидаи таълиму тарбияро қайд мекунанд офарида шудаанд. Хулоса адабу фарҳанги тоҷик хато намешавад бигуем ки қариб саросар ба ҳамин масъала,тарбияи зеҳнӣ, рӯҳию равонӣ ва ҷисмонии инсон бахшида шудаасту онро васф мекунад ва дурӣ аз ҳар гуна ҷаҳлу нодонӣ, таассубу хурофот ва кулли бадиҳоро талаб ва тақозо мекунад. Дар пайвастагӣ ба масъалаи мазкур дар Паёми имсола Пешвои миллат чун давомдиҳандаи ин анъанаи неки аҷдодӣ ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф,тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 млрд сомонӣ равона гардидааст. Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расида аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав-литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмиллалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат,инчунин 196 муассисаи таҳсилоти то мактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардид,ки дар ин муассисаҳо 150 ҳазор хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид, ки шумораи онҳоро мутаносибан ба 144 ва 41 расонид. Соли хониши ҷорӣ шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷуёни муассисаҳои олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки ин шумора нисбат ба соли 1991 1,6 баробар ва донишҷуён 3,5 баробар зиёд мебошад. Гузашта аз ин бо мақсади фароҳам созии омилҳои ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз 01 июли соли ҷорӣ ҳама намуди стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Илова бар ин дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд сол ба сол афзоиш ёфта дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст ва ин гувоҳи он аст ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри омода намудани кадрҳои баландихтисос ҳама саъйу талоши хешро дареғ намедорад, зеро ин амал метавонад кафили рушди босуботи ҷомеаи тоҷик дар имрӯзу оянда бошад.
 
 
Холов Шаҳбоз
 
ходими илмии Шуъбаи
масъалаҳои фалсафии дини
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia