casino malaysia
casino malaysia
Дастовардҳои беназири даврони Истиқлоли давлатӣ пойдевори рушди ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ

wrapper

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
   Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатиро «арзишмандтарин дастоварди мардуми соҳибтамаддун ва қадимаи тоҷик» дар замони муосир арзёбӣ карданд. Воқеан, ба даст овардани ин неъмати олӣ, ки барои ҳар як халқу миллат хеле арзишманд ва боиси эҳтиром аст, сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоюли рушди тамоми паҳлӯҳои дигари ҳаёти давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад. Аз ҷумла, ба шарофати ин дастовард, яъне пас аз ба даст овардани истиқлолият, миллати тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат дар тӯли 30 сол ба дастовардҳои назаррас ноил гашт, ки дар таърихи мардуми мо ҳамто надоранд.      Дастовардҳои назарраси Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муддати 30 сол хело зиёданд ва барои баррасии онҳо даҳҳо ҷилд китобу рисолаҳо кам мебошанд. Аз нуқтаи назари мо, ин комёбиҳоро мухтасар ба таври зерин зикр намудан мувофиқи мақсад мебуд:
   1. Дастовардҳо дар соҳаи сиёсат, яъне дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба ҳайси як давлати мустақил шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазирои гардидани он ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аввалин суханронии сарвари давлати Тоҷикистон - Пешвои миллат аз минбари ин созмони бонуфузи байналмилалӣ. Дар ин раванд бояд таъкид намуд, ки интихоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари давлат, ки ба шарофати он ҷанги шаҳрвандии аз берун таҳрезӣ карда шуда хотима ёфт ва сохти конститутсионӣ, инчунин тамоми шохаҳои ҳокимият барқарор гардиданд. Сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар таъмин карда шуданд ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ аз ҷониби тоҷикон намунаи беназир барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Бешубҳа, раванди оғози созмони давлати миллӣ дар давраи муосир ва ташаккули мактаби сохтмони давлати миллии Пешвои миллат ҷиҳати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, воҳид ва иҷтимоӣ, ки дар маҷӯъ барои ба вуҷуд овардани ҷомеаи одилона нигаронида шудааст, дастоварди беназири даврони истиқлолият ба шумор меравад. Зиёда аз ин, таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон аз сифр ва таҳти назорати пурраи он будани ҳифзи сулҳу суботи давлат ва тамоми марзҳои он, пайдоиш ва рушди қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қабули қонунҳои миллӣ, ки дар таҷрибаи ҳуқуқии, ки ҷаҳонӣ ҳамто надоранд, намунаи комёбиҳои назарраси мамлакат дар соҳаи сиёсати дохилӣ даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Дар самти сиёсати хориҷӣ бошад, татбиқи принсипи «дарҳои кушода» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон, эътирофи байналмилалии он аз ҷониби тақрибан 200 кишвари олам ва теъдоди зиёди созмонҳои байналмилалӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо 179 давлат, кушодани тақрибан 50 намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи намояндагии дипломатии зиёда аз 30 кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон дастоварди муҳим ва назаррас дар муддати 30 соли истиқлолият ба ҳисоб мераванд. Инчунин раисии мустақими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, табдил додани пойтахти кишвар ба платформаи баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ва эътирофи ҷаҳонии «Раванди Душанбе» ҳамчун бренди миллии мамлакатамон дар чорабиниҳои байналмилалӣ низ аз ҷумлаи чунин дастовардҳо ба шумор меравад. Татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи обӣ ҳамчун унсури беҳамтои амалӣ гардидани сиёсати хориҷии он, табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои бехавфи ҷаҳон ва шомил гардидани он ба рейтинги байналмилалии бехатартарин кишварҳои олам ва ғайра бевосита муваффақияти даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.    
  2. Дастовардҳо дар соҳаи иқтисодиёт, ки онҳо дар таърихи навини миллати тоҷик (шурӯъ аз замони ба вуҷуд омадани  Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон) дар се даҳсолаи истиқлолияти давлатӣ бесобиқа ва воқеан ҳам хело бузург арзёбӣ мегарданд. Мисоли равшани тасдиқи ин сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун ва даҳҳо дигар чунин иншоотҳо, 50 маротиба зиёд гардидани Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММД) дар солҳои истиқлолият, муайян ва амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, суръат бахшидани индустриализатсияи кишвар ва расидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо шуда метавонанд.      
  Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 97 ва хароҷоти он 96 маротиба зиёд гардид. Афзоиши гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ нисбат ба соли 1991 тақрибан 35 маротиба ва шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 358 адад дар соли 1991 то 2500 адад дар давраи ҳозира оварда расонида шуд.     
   Рушди бахши хусусӣ дар кишвар, ки то замони ба даст овардани истиқлолият умуман вуҷуд надошт, имрӯз беш аз 70% ММД ва тақрибан 80% пардохтҳои андоз ба буҷети давлатро ташкил медиҳад, наздики 70% аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолро бо кор таъмин мекунад. Азнавсозии 728 корхонаи мавҷудаи кишоварзӣ ва 31 хоҷагиҳои хусусӣ ва дар заминаи онҳо тақрибан 6000 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва тақрибан 162000 хоҷагиҳои ёрирасони хусусӣ таъсис дода шуда, онҳо зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти кишоварзиро дар кишварамон истеҳсол мекунанд.     
  Дар самти кишоварзии соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ пешравиҳои бузург ва барои мардуми ватанамон муфид ба вуқуъ омаданд. Масалан, майдони боғу токзори мамлакат дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ ба бештар аз 200 ҳазор гектар расонда шуд, ки ин назар ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд аст. Тақсими 75 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон тибқи ду фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке музаффариятҳои чашмраси ин давраи таърихӣ ба ҳисоб меравад.     
  3. Соҳаи иҷтимоии ҷомеаи тоҷикистонӣ дар замони соҳибистиқлолӣ сифатан тағир ёфта, ботадриҷ рушд намуд ва дар ин муддат дар кишварамон зиёда аз 50 ҳазор иншооти хурду калони иҷтимоию иқтисодӣ, маишӣ, фарҳангӣ сохта ва ба истифода дода шуданд. Бо мақсади дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун манбаи асосии рушди давлат, сохтмони зиёда аз 3 ҳазор иншооти таълимӣ, ки барои зиёда аз 645 ҳазор ҷой пешбинӣ шуда анҷом ёфта, афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бошад аз 13 адад бо 70 ҳазор донишҷӯ соли 1991 ба 40 адад бо шумораи донишҷӯён то 230 ҳазор дар ин давра расонида шуд.     
Дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолӣ ин баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, афзоиши шумораи онҳо дар ҳама шохаҳои ҳокимият, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, дар корхонаҳои давлатӣ ва соҳибкории хусусӣ мебошад.     
Дар соҳаи иҷтимоӣ тандурустии аҳолӣ мақоми баландро касб намуда,  яке самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол муайян гардидааст. Дар ин давра шумораи муассисаҳои давлатии тиббӣ ба 500 адад расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 1991 126 адад ва шумораи пунктҳои тиббӣ ба 1750 адад ва дар тоносуб бо солҳои аввали истиқлолият 240 адад зиёд аст. Инчунин мувофиқи омори расмӣ, дар ин муддат фавти модарон 1,8 маротиба ва фавти кӯдакон 2,7 маротиба кам гардид.     
   Таъмини амнияти озуқаворӣ ва тақрибан 3 баробар кам гардидани сатҳи камбизоатӣ дастоварди муҳими дигари замони истиқлолияти давлатӣ мебошад.     
  4. Дастовардҳо дар соҳаи фарҳанг ва маънавиёт дар 30 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе муболиға, бесобиқа ва бениҳоят бузург мебошанд. Эҳёи анъана ва фарҳанги миллии тоҷикон, эътирофи воқеии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, эҳтироми доимии шахсиятҳои бонуфузи миллати тоҷик ва таърихи қадимаи халқи тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла шомил шудани Саразм (с. 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (с. 2013) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, «Шашмаком» (с. 2008), иди Наврӯз (с. 2010), «Оши палав» (2016) ва «Чакан» (с. 2018) ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ва ғайра аз зумраи чунин дастовардҳо ба шумор мераванд.     
  Арҷгузорӣ ба Имоми Аъзам ва эътирофи таълимоти ҳанафӣ ҳамчун мазҳаби суннатии миллат, ки монеа дар роҳи парастиши шаҳрвандон нисбати ҳаракатҳои мазҳабии бегоншуда метавонад, инчунин тарҷумаи китоби муқаддаси «Қуръон» ба забони тоҷикӣ ва ба ҳар як хонадони ҷумҳурӣ тақсим намудани он комёбии назарраси даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.     
  Ҳамчунин тағироти куллӣ дар намуди зоҳирии пойтахти давлатамон ш. Душанбе, сохтмони нақбҳо, пулҳо, шоҳроҳҳои асосии автомобилгард ва роҳи оҳан дар саросари кишвар, табдили Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешсафи ҷаҳон ва миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷиҳати сифатнокии роҳҳоро низ дастовардҳои назарраси се даҳсолаи аввали истиқлолияти давлатӣ шуморидан мумкин аст. Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолияти давлатӣ зиёданд, ки онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ возеҳу рушан ба назар мерасанд. Аммо, номбар кардани ҳатто шумораи маҳдуди ин дастовардҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик дар як муддати хеле кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ роҳеро, ки гузаштагони мо аз сулолаи Сомониён тай намуда, забон, фарҳанг ва руҳияи миллии мардуми моро дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳифз кардаанд.     
  Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолияти давлатӣ низ дар саҳифаҳои китоби бузурги таърихи халқи тоҷик, ҳамчун таърихи давраи Сомониён, бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд ва барои абадӣ гардонидани фарҳанг, тамаддун, забон ва дигар арзишҳои миллии ҷомеаи тоҷикистонӣ хидмат хоҳанд кард.
                         
Саидов А.С.,
доктори илми фалсафа, профессор,
мудири Шуъбаи фалсафаи иҷтимоии
Институти фалсасафа, сиёсатшиносӣ
 ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia