casino malaysia
casino malaysia
Дастовардҳои бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ

wrapper

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Тоҷикистон 9 сентябри 2021 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад. Мардуми тоҷик ин солгарди Истиқлолро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷашн хоҳад гирифт. Истиқлол пурарзиштарин дастоварди давлату миллати  тоҷик аст, ки си сол муқаддам муҳимтарин падидаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи  пурсаодат аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи  Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид  ва минбаъд  ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашнӣ муқаддас  ба ҳисоб меравад.
  Тамоми ҳамватанони кишвари   соҳибистиқлоли мо имрӯз ифтихор доранд, ки сӣ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
  Воқеаи муҳими таърихӣ барои халқи тоҷик 9 сентябри соли 1991 буд, ки  дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул карда шуд. : "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо ибора дигар  "Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд аст."
  Марҳилаи нав дар таърихи фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 оғоз ёфт. Сабаби ин қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар он асосҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол гузошта шуда буданд.
  Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори Президенти кишвар таҳким ва густариши робитаҳо дар доираи сохторҳои ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ, ҳамчунин, созмонҳои байналмилалии молиявӣ аҳамияти  хосса  пайдо кард. Дар амали кардани сиёсати хориҷии кишвар албатта нақши шахсият баланд аст. Сиёсатмадорони  сатҳи ҷаҳонӣ, метавонанд бо як сухан, як ишора ва ё як рафтор ба сиёсати байалмилалӣ таъсир расон бошанд ва ҳатто имиҷии байналмилалии давлатро тағйир диҳан. Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомали Раҳмон аз зумраи  ҳамин гуна сиесатмадорони ҷаҳон мебошанд,ки бо як рафтори худ ба афкори ҷомеаи ҷаҳони  таъсир  расонанд. 
  Дар натиҷаи  фаъол гаштани    сиесати хориҷии  дар асоси  сиёсати «дарҳои боз»,  равобити мутақобилан судманди Тоҷикистонро бо кишварҳои гуногуни  ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд. Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлат истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст [4]. Воридшавии инвеститсияҳои бузург аз хориҷи кишвар самараи муваффақи ин  сиёсати хориҷии кишвар мебошад. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ  дар Тоҷикистон роҳи  аҳамияти байналмилалӣ доштаи  Қулма-Душанбе ба истифода дода шуд, ки он барои рушди иқтисодиёти миллӣ аҳамияти бузург дорад. Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи  роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ,  нақби Шаршар  ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам  омад,  ки  ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад.
  Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд. Роҳҳои  аҳамияти байналмилалӣ дошта рагҳои хунгузари иқтисодиёти миллӣ мебошанд [5, 74].
Дар роҳи таъмини истиқлолияти энер­гетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқа­ворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони  нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
  Дар ин давра Тоҷикистон ба музаффариятҳои зиёд сазовор шуд, вале мо 20 дастоварди бузургтарине, ки ба сиёсати хориҷии кишвар тааллуқ доранд, қайд мекунем:
  1. 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти комили худро ба даст овард ва ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо шукргузорӣ аз неъматҳои гаронбаҳои он таҷлил мегардад.
  2. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид, ки имрӯзҳо чандин пешниҳодоту таклифҳои ҷониби Тоҷикистонро ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф ва дар арсаи ҷаҳонӣ амалӣ месозад. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз минбари баланди ин Созмони ҷаҳонӣ баромад намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба сулҳу дӯстӣ ва бунёдкорӣ даъват намуд.
  3. 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва он аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи сурх, сафед ва сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд. Бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун ид дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд. Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчами давлатамон, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд. Майдоне, ки онҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст «Хиёбони Парчами миллӣ» номгузорӣ шуд.
  4. Дастоварди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ касби Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошад. Пас аз талошҳои ҷоннисоронаи мардум бо роҳбарии Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон” қабул гардид, ки дер боз онро тоҷикону тоҷикистониён ва дӯстони бурунмарзии мо интизор буданд.
  5. Таҷлили 1100–солагии давлати абарқудрати Сомониён ва 90–солагии муаллифи китоби “Тоҷикон”, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров (соли 1999) гувоҳи он аст, ки тоҷикон воқеан, тоҷдору тоҷтабор ва хирадпешаю соҳибтамаддун ҳастанд.
  6. Дар даврони давлатдории навин арҷгузорӣ ба солгарди шаҳрҳои таърихӣ ба ҳукми анъана даромада, аввалин ҷашне, ки сазовор таҷлил гардид 2500–солагии Истаравшани бостоншаҳр буд (с.2002).
  7. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, соли 2003–ро «Соли байналхалқии оби тоза», соли 2013–ро “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 ва 2015-2025-ро даҳсолаи амалиёт барои об ва об барои рушди ҷомеа ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро эълон намуд. Дар нақшаи чорабиниҳои мазкур, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, масъалаҳои муҳимтарини ҷаҳонӣ фаро гирифта шуданд, аз ҷумла истифодаи оқилонаи об, муҳофизати обҳои тоза, мубориза бар зидди ифлос кардани об, ташкили самараноки идораву истифодаи захираҳои обӣ ва ғайра мебошанд.
  8. Соли 2007 ҷашни 800–солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузории конфронсу ҳамоиши байналмилалӣ сурат гирифт.
  9. Соли 2009 – Соли бузургдошти пешвои муаззами мазҳаби Ҳанафӣ Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит эълон гардид, ки дар доираи он конфронси байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд доир шуданд.
  10. Бунёди НБО “Роғун”, ба истифода додани агрегати якуми НБО “Сангтӯда-1” ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург дар миқёси ҷумҳурӣ.
  11. Тоҷикистон узви Созмонҳои байналмилалӣ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони давлатҳои исломӣ ва ҳоказо.
  12. Бо ибтикор ва ташаббуси наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо содир намудани як қатънома ҷашни миллии тоҷикон – Наврӯзи Аҷамро ҷашни байналмиллалӣ эълон кард ва он дар иҷлосияи 64–уми Ассамблеяи Генералии СММ дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» мақоми байналмиллалӣ гирифт.
  13. Ташаббус оид ба Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо. Ин масъала аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми Ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август – 4 сентябри 2009 дар ш. Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген  7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардида буд.
  14. Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Дар ин самт яке аз масъалаҳои муҳим – таъмини амният ва сулҳу субот дар Афғонистон мебошад. Бо дарназардошти ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод доир ба таъмини амну субот тавассути таҷдиди иқтисодӣ-иҷтимоии Афғонистон намуд. Дар ин ҷода аз ҷониби Созмони Оғохон ва Ҳукумати ИМА пайи ҳам панҷ пули хурду калон дар дарёи сарҳадии Панҷ сохта шуд. Сохтмони пулҳои наздисарҳадӣ дар ҳалли мушкилоти аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистон, аз ҷумла, дарёфти ҷои кор, хариди маводи ғизоӣ ва рӯзгор, доруворӣ, гирифтани муолиҷа дар шифохонаҳои ноҳияҳои сарҳадии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
  15. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳои зиёде дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд, ки чанде аз онҳо дар поён оварда шудаанд:
  • соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;
  • соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;
  • соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд;
  • соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – Куҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;
  • соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт.
  • соли 2013 дар ш. Париж дар рафти 37-умин иҷлоси Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд.
  • соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббуси  пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии "60-солагии ЮНЕСКО" сарфароз гардонид;
  1. Тӯли 20 соли охир татбиқи доктринаи сиёсии «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом – ин яке аз намоёнтарин дастовардҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, он баҳри таъмини амнияти иқтисодиву сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ бомуваффақ истифода бурда мешавад.
  2. Соли 2018-баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез».
  3. Соли 2019 – Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Душанбе.
  4. Дастоварди умумии миллати мо дар он таҷассум меёбад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва  азму иродаи давлати он, бавижа ташаббусҳо ва пешниҳодоти  созандаву  некбинонаи  Пешвои Муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар  ҷодаи  ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон нигоҳи боэътимоду  хайрхоҳона дорад. Бешак, ин навъи нигариш ба Тоҷикистон, роҳро барои барқарории равобити созанда бо кишвару созмонҳои байналмилалӣ ва нақшофарии мамлакати мо дар арсаи минтақаву ҷаҳон дар оянда низ ҳамвор месозад.
  5. 6 августи соли 2021 Асосгузори сулҳуваҳдатимиллӣ —Пешвоимиллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарамЭмомалӣ Раҳмонбароихизматҳоишоистадаррушдимуносибатҳоидӯстӣ, ҳамсоягиинек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориидавлатҳоиОсиёиМарказӣ, таҳкимисулҳуамниятдарминтақа, пешбурди манфиатҳоваташаббусҳоимуштаракикишварҳоиминтақадарарсаибайналмилалӣ дарвазъиятитантанавӣ вадар ҳузурисаронидавлатҳоиОсиёиМарказӣ бонахустинмукофотиолӣ –«НишонифахриисаронидавлатҳоиОсиёиМарказӣ»сарфарозгардонидашуданд. Ин руйдоди сиёсӣ бозякборидигарисботнамуд,ки  ташаббусҳои байналмилалии               Тоҷикистон баҳри  таҳкими сулҳу суботи муддавом дар минтақаи Осиёи Марказӣ  дар натиҷаи амалӣ кардани сиёсати муваффақи хориҷии кишварамон имконпазир гашт.
  Ҳамин тариқ, ин рӯйхатро идома додан боз ҳам гуворост, вале мардуми саодатманди кишвар худ дарк мекунанд ва дида истодаанд, ки чӣ қадар муваффақияту музаффарият ва дастовардҳои гаронарзиш дар ин давра барои онҳо эҳдо мешавад.
Бинобар ин, чӣ тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Ватандӯстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст”.
Имрӯз ҳар як фарди бонангу номусро зарур аст, ки ба қадри ҳар як қатра обу ҳар як зарра хоки ин сарзамини аҷдодӣ, ба қадри неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлолияти миллӣ, ба қадри ин шоҳкориҳои азими аср бирасанд, Ватанро дӯст доранд, худшиносу худогоҳ бошанд.
Ҷашни бузурги миллӣ барои ҳамаи ҳамватанон фархундаву муборак бошад!
 
Юсуфҷонов Фаридун Муҳаммадиевич
номзади илмҳои сиёсӣ,
ходими калони илмии шуъбаи
 масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии
 ИФСҲ АМИТ
 
Дороншоева Некбахт Шоқосумовна
номзади илмҳои сиёсӣ,
 ходими илмии шуъбаи
 масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалии
 ИФСҲ АМИТ
 
 
Адабиёти истифодашуда
 
  1. Муҳаммад А.Н. Истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ. Монография. Душанбе: «Эр-граф», 2016. – С 51.
  2. Саидов З.Ш. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-2017 гг.): чопи дуюми мукаммал – Душанбе: Контраст, 2017. – С. 24.;
  3. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2016, – 44с.;
  4. Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон01.2021 09:10, ш. Душанбе. [Манбаи электронӣ]. URL: https://mfa.tj/tg/ufa/view/12/dastovardhoi-sijosati-khorijii-tojikiston (санаи муроҷиат: 01.05.2021).
  5. Саидов З. Ш. (Сайидзода Зафари Шерали) Фаъолияти байналмилалии Пешвои Миллат Эмомали Рахмон: бозгашти давлати миллии точикон ба арсаи сиёсати чахони: Монография. – Душанбе: ЧДММ «Контраст», – С. 74;

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia