casino malaysia
casino malaysia
Дастовардҳои соҳаи фарҳанг ҳамчун омили таҳкими Истиқлоли давлатӣ

wrapper

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
         
    Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин, нахустин хиштҳои пойдевори Истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият, соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.
     Дар ибтидои Исти
қлоли давлатӣ ќисмат ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.
     Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони кишварамон гаштаанд. Бунёди пайкараи аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхонаи миллї, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода ва ин ҳама аз дастовардҳои Истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри гулҳо» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола, ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф оранд.
    Аввалҳои январи соли 2021 рӯзномаи бонуфузи байналмилалии «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба хонандагони сершумори худ барои боздид аз Тоҷикистон тавсия медиҳад. Тоҷикистон дар ин ҳаштгона мавқеи шашумро ишғол мекунад. Тавсияи «Financial Times» ба хонандагонаш бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон воқеан бо табиати зебо ва мероси бою қадимаи таърихию фарҳангӣ ва мардуми некухисолу меҳмоннавозаш таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Инчунин, Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намудааст. Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба диёри мо ба шаҳрвандонаш тавсия додааст. Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Русия раддабандии кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишварҳои барои сайёҳони Русия маъруфтарини сайёҳии хориҷиро дар соли 2018 муайян намуда буд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Русия маъруфтарин «ТОР-50» ворид гардид. Бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии мазкур, пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, ба радифи 10 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.
     Бо ибтикори Пешвои миллат соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд, ки ин барои боз ҳам тараққӣ додани инфрасохторҳо мусоидат намуд. Ҳазорон занони хонашин бо ҷойҳои корӣ таъмин шуда, ба ҳунарҳои мардумӣ пардохтанд. Имрӯз атласу адраси тоҷикӣ тамоми ҷаҳонро тасхир намуда, намояндагони дигар миллатҳо либосҳои миллии моро бо ҳавас мепӯшанд. Зураб Пололикашвилӣ-Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ /СҶС/ , дар робита ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат эълон гардид, чунин изҳор намуда буд: «Ман аз Ҳукумати Тоҷикистон барои ин ташаббуси ниҳоят муҳим барои тамоми ҷаҳон, ки ба мероси фарогири фарҳангии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба рушди бахши сайёҳӣ, махсусан соҳаи ҳунармандии Тоҷикистон боис мегардад, миннатдорам. Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тавассути шабакаҳои иҷтимоии худ дар «Facebook», «Twitter», «Instagram», «LinkedIn» ва ҳамчун хабар дар веб-саҳифаи СҶС дар Аврупо паҳн намуд. Мутмаин ҳастам, ки соли 2018 қобилиятҳои ҳунармандони Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод ва дар маҷмӯъ ба бахши сайёҳӣ бисёр натиҷаҳои мукаммал мебахшад».
Гуфтаҳои мавсуф дар ҳоле буд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се соли оянда - солҳои 2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ҳадафаш рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба кишвари туристӣ табдил додани Тоҷикистон аст, ки дорои захираю имконоти бои туристӣ мебошад.
    Дар замони соҳибистиқлолӣ дар рушди фарҳанг диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд: таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни ориёӣ, бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ - Имом Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Лоиќ Шералї ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд. Дар даврони Истиқлолият ҷашни миллии мо тоҷикон - Наврӯз мақоми ҷаҳониро соҳиб шуд. Ин ҷашни бостонии мардуми тоҷикро маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нав эҳё намуданд ва ба ҷаҳониён собит сохтанд, ки ин сарзамини аҷдодӣ, сарзамини муқаддас аст. Анъана ва суннатҳои неки Наврӯз-ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод, аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ пазируфта шуда, маънавиёту фарҳанги миллии онҳоро низ афзун сохтааст.
    Дар дунё чандин мардумоне арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар ҳатто фидо гаштааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам соҳиби ватану давлат нагаштаанд. Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.
 
Ҷангибекова Садаф,
ходими илмии
Шуъбаи фалсафаи фарҳанги
Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи
 ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia