casino malaysia
casino malaysia
Фарҳанг ва Истиқлолият

wrapper

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли  давлатии 
Ҷумҳурии  Тоҷикистон
 
   Нуктае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, барои мавзуи мо нуктаи бунёдӣ, балки ба ҳукми як устувору мустаҳками давлатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ аст: «Фарҳанг ҳастии миллат аст».
  Агар генезеси давлатро аз оғози пайдоишаш, яъне аз Герон то Кратия то демократияву сотсиализму капитализму ва  ғайра ба назар бигирем ба осонӣ мушоҳида карда метавонем, ки унсури фарҳанг, хусусан маърифати   ақлӣ дар ин генезис ҳамеша вуҷуд доштааст ва ҳамеша камтар ё бештар барои пешрафту такмили давлат ҳамчун як бунёди ҳамоҳангсози тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъият нақше доштааст.
   Таърифҳои зиёди давлат вуҷуд доранд. Аз таърифе, ки марксизм додаст, яъне «давлат силоҳест, ки ҳукумати як табақаро бар табақаи дигар таъмин мекунад». Таърифҳо зиёданд, аммо таърифе, ки ҷомеаи имрӯза нисбат ба давлат дорад ва рӯзгори сиёсии ҷаҳони имрӯза аз он маншаъ мегирад, дар асоси фаҳмиши ин таъриф қарорҳову қонунҳои тақдирсози асри моро пиёда мекунад, таърифи Конвнсияи Монтевидео-1933 аст, ки дар моддаи аввали он омадааст: давлат ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ байналхалқӣ бояд хусусиятҳои зеринро дошта бошад: а) аҳолии муқимиву доимӣ, б) ҳудуди муайян, в) ҳукумат, г) қудрати ворид шудан ба табодул, доду гирифт, гуфтугӯ бо давлатҳои дигар.
   Мавзӯи  мо  таносули фарҳанг ва истиқлолияти давлатӣ аст. Дар ҷараёни пажӯҳиш домани ин мавзуъ бисёр густурдаву фарох шуд. Дар самти татқиқоти таносули фарҳанг ва истиқлолияти сиёсӣ ҷанбаҳои бисёр муҳим кушода мешавад, ки ҳар кадоме ба сари худ аҳамияти мубраму зарурӣ дорад. Аз он ҷумла, истиқлолияти сиёсӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва маърифати иқтисодиву молиявӣ, истиқолияти сиёсӣ ва таърихи давлат, истиқлолияти сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ва ғайра. Ба мақсади  сарфакардани вақт дар матлабе, ки пешниҳод мешавад, танҳо яке аз ин ҷанбаҳо мавриди таҳлил қарор гирифт, ки дар назари мо дар рӯзгори муосир мубрам, заруритар аст, яъне дар қаринаи  истиқлолияти сиёсӣ шинохти давлат ва фарҳанги маърифати ҳуқуқиву ратсионалӣ.
   Таърихи навиштории таносуби фарҳанг дониш, ақл ва давлату давлатдорӣ чӣ дар Ғарб ва чӣ дар Ғарб оғоз аз Авастову Рӯдакӣ аз Чосеру Сенсимону дигарон то имрӯз ҳамеша ба ҳайси як ормон, як орзуе, ки гӯё ҳаргиз дастрас нашудааст, вуҷуд дорад. Имрӯз ҳам ба ҳамин сифат дар тафаккури илмиву ҳуқуқӣ ҳамеша ба назар мерасад, аз он ҷумла, дар андешае, ки олимони рус Осипов Г.В., Степашин С.В. дар китоби «Экономика и социология знания» арз мекунанд: «Дар марҳилаи гузариши инсоният ба даврони рушди босубот давлат моҳиятан бояд саршори маърифат бошад, зеро дар ин марҳала илм на танҳо ба сифати қуввати бевоситаи истеҳсолкунанда пеш меравад, балки сифату хусусияти давлатро муайян мекунад. Фаъолияти маърифатро ба асосу бунёди ҳамоҳангии иҷтимоӣ ва ваҳдат табдил медиҳад»[1,195].
   Дар ин миён як нигоҳи   гузаро ба назари бузургон ба давлат ибтидо аз Афлотун то имрӯз ҷолиби диққат аст: «демократия танҳо дар он сурат татбиқ мешавад, ки қашшоқон ғалаба кунанд, баъзе аз ҳарифонашонро нест кунанд, баъзеро биронанд боқимондаро дар ҳуқуқи шаҳрвандӣ бо дигарон баробар кунанд то ҷое, ки ақидаи давлатшиносону маърифатшиносон дар ин ду мисраъ   таҷассум мешавад:
Пояи давлат намонад бемаъориф устувор,
Давлати подор хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
 
   Асрҳои XIX ва авали XX, чӣ дар Шарқ, чӣ дар Ғарб даврони бемисли маорифпарварӣ аст. Чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб ниҳояти мақсади ин ҷараёни бузургу муҳтарам шарҳу тафсир даъват ба фаро гирифтани маърифат, илму донишҳои гуманитарию табиатшиносиву дақиқ ва ниҳоятан бунёди давлати ақлбунёд аст, зеро чӣ соҳибназарони шарқӣ ва чӣ ғарбӣ дар ин ақида иттифоқ доранд, ки давлати адолат танҳо дар заминаи илму дониш бунёд шуда метавонад.
   Маълум аст, ки вазифаи ниҳоии давлат ва дар айни замон мақсади давлат фароҳам   сохтани рӯзгори муназзам ва шоистаи шаҳрвандонаш мебошад. Ин фаъолият ба ақидаи бисёре аз бузургон аз он ҷумла, Иммануэл  Кант танҳо дар сурати ба ҳайси раҳнамову ва дар айни замон мақсади ниҳоӣ расидан ба ақлу хиради иҷтимоӣ аст. И. Кант мегӯяд, идроки моҳияти мутлақо зарур фаҳмиши сирфу софи ақл аст, яъне танҳо идея, ки мавҷудияти обективии он ҳанӯз собит нест ва ин шубҳаро танҳо хирад метавонад баратаф кунад; ҳақиқати воқеӣ бошад танҳо ишора ба мавҷудияти он ҳатто агар ин вуҷуд комилан дастрас ҳамн набошад мекунад…»[2,358].
  Шояд дар ин матлаб зарурат ба амиқ рафтан то Афлотуну Иммануэл Кант набошад, аммо дар ин ҷо як нукта аст, ки бояд дар ҷараёни бунёд кардани давлати босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст: Моҳият ҷавҳарест, ки бо зуҳури воқеии он дар тазод менамояд ва дар мафҳуми «зуҳур» равшан мешавад. Субот бошад ягонагӣ ва рангорангии ин зуҳурро тақозо мекунад, яъне барои мо шаҳрвандони ин давлати ормонӣ, ки 1100 сол ин давлатро надоштем, яъне сари баланд надоштем, ихтиёр надоштем, ҳуқуқи сохтану рушду равнақ додани иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт, сиёсати шахсии худро надоштем бисёр зарур аст. Бешубҳа, беҳтарин суруде, ки дар васфи 30 солагии истиқолияти сиёсии ормонии миллати мо гуфта шудааст, ин санадҳои омории    сохторҳои маърифатии давлати мо ҳастанд. Ҳазорҳо мактабҳои нав бо тамоми таҷҳизоти таълимии муосир чандин донишгоҳҳои олӣ ҳамчунин бо таҷҳизоти навтарини таълим, ворид кардани навтарин   технологияи иттилоотиву таълимӣ, ки беҳтарин васфу ситоиши истиқолияти 30 солааст.
  Ин ҷо як нуктаи   содае пеш меояд, ки аслан тақдирсоз аст. Ин нукта дар баробари соҳибмаърифат будан салоҳиятманд будан, профессионал будани ҳар як шаҳрванд аст. Бешубҳа, чӣ муҳандис, чӣ табиб, чӣ муаллим, чӣ коргар бояд дар мавқеи худ салоҳиятманд, профессионали дараҷаи олӣ бошад. Ин тақозо тақозои ормонӣ нест. Ин нукта воқеият ҳақиқати рӯзгори муосир аст. Ҳатто як кафшергар агар салоҳиятманд аст нисбат ба кафшергарҳои дигар, ки бесаводу коҳилу дар ихтисосашон ақибмонда ҳастанд, даромади чандин маротиба бештар дорад, иззату обрӯи бештар дорад. Дар натиҷа мавқеи шаҳрвандиаш фаъолу коромад аст.
  Ҷаҳони имрӯза дар навбати аввал ҷаҳони онҳое ҳаст, ки бохабар ҳастанду информатсияи ҷориро бо осонӣ пайгирӣ карда метавонанд. Ҳам дар ихтисоси худ, ҳам дар сиёсати ҷаҳонӣ. Сиёсати ҷаҳонӣ бошад, на танҳо рӯз ба рӯз, балки соат ба соат печидатар мешавад. Давлатҳои абарқудрат барои дар зимоми худ доштани ҷаҳон, дар назорати ҳамешагӣ доштани тамоми курраи замин ҳар соат тағйири сиёсат мекунанд. Соати дигар ақидаву назареро мегӯянд, ки комилан зидди мавқеи як соат пештараашон аст. Ва на сурх мешаванд ва на сафед. Арзишҳои бунёдии ахлоқиву маънавӣ комилан дар сиёсати бузурги ҷаҳонӣ   риоя намешавад. Қоидаҳои инсондӯстӣ, адолат, устувор будан ба қавл, риоят кардани ҳатто қоидаҳои бунёдиву байналмилалӣ аслан гуфта метавон, ки вуҷуд надорад. Танҳо қазияи Югославия ва Ливия кифоя аст равшан карда шавад, ки қонунҳои олитарин ташкилоти байналхалқӣ ташкилоти Миллали муттаҳид сарфи назар карда мешаванд ва ғайраву ғайраҳо.
Аз ин ҷо ба натиҷаи ногузир мерасем, ки шаҳрванд бояд ҳушманд, ҳушёр, зиррак ва ҳамеша омодаи идроки ранггардониҳои сиёсати ҷаҳон бошад. Ин сиёсатро аз мавқеи манфиатҳои давлатӣ баррасӣ карда тавонад. Албатта, ин вазифа вазифаи сохторҳои марбутаи давлатӣ аст. Аммо ҳаиқате вуҷуд дорад, ки он бояд ҳамеша пеши назари мо бошад. Мусаллам аст, ки давлати сарватманд давлатест, ки шаҳрвандаш сарватманд аст. Давлати солим давлатест, ки шаҳрвандаш солим аст. Айни ҳамин гуна давлати босубот, дар рушду равнақ давлатест, ки шаҳрвандаш суботи сиёсӣ дорад, суботи мустаҳками маърифатӣ, фарҳангӣ дорад. Ин ҳама дар баробари омилҳои дигар омилҳое ҳастанд, ки истиқлолияти сиёсии ватани азизи моро таъмин карда метавонанд. Ва албатта, он чизе ки дар баробари ин омилҳои барои миллати мо бисёр зарур аст ин ҳама тадбиру кӯшишҳо бояд дар заминаи асолати миллӣ сурат бигиранд.
   Ҳифзи асолати  миллӣ  барои  миллати тоҷик чӣ зарурате дорад? Дар сурате, ки ин курраи фирӯзаи нозанини замин тамоил ба фишурда шудан дорад, тамоили беамон ва бебозгашти ҷаҳонишавӣ дорад. Зарурат ин аст, ки дар ҷаҳони имрӯза назари зӯроварӣ, назари таҳмил кардани манфиатҳои зӯрмандону абармардони ҷаҳони имрӯза яккатозӣ мекунад.  Мо дар ҷараёни омӯзишу таҳлили глобализатсия аз назар берун меандозем, ки дар ҷаҳони имрӯза антиглобализатсия вуҷуд дорад. Ҷараёне, ки қудрати зиёд надорад, аммо қудрати нарм дорад. Ин қудрати нармро  сиёсатшиносони муосир ақида доранд, ки қудрати нарм аст, аммо рӯзафзун аст. Қудрати нарм он қудратест, ки давлатҳои ба истилоҳи сиёсатшиносон ҷаҳони сеюм силоҳи муборизаи худ дақиқтар бигӯем силоҳи зиндамондани худ, нигоҳ дошатани асолати миллӣ мавҷудияти миллати худ кардаанд. Ҷолиби диққат аст, ки дар ҳаракати антиглобализатсия на танҳо донишмандон, сиёсатмадорон, сиёсатмадорони    ҷаҳони сеюм ва давлатҳои рӯ ба тарққӣ шомил ҳастанд, балки намояндагони мартабаҳои баланди ҷаҳони Ғарб ва давлатҳои абарқудратҳам ҳам ақида ва ҳамқадами ин ҷараён ҳастанд.
Ҷаҳон зебост. Агар онро як гулистон бигӯем ин гулистон наметавонад. Бо як навъу як ранги гулҳо зебо бошад. Агар якнавъ гул ва якранг бошад гулистон намешавад. Яъне зебоии ҷаҳон дар рангоранг будани он аст. Яке аз ҳамин гулҳои хушрангу хушбӯй миллати тоҷик аст. Ин миллат дар баробари хушрангу хушбӯй буданд, давобахшу дармонбахш ҳам ҳаст. Сабаби давобахшу дармонбахш буданаш ин аст, ки собиқаи қадимтарин дар тамаддуни ҷаҳонӣ дорад. Ҳам собиқаи фарҳангӣ ва ҳам собиқаи давлатдорӣ.
  Яке аз сарбандиҳои давлату миллати тоҷик дар солҳои охир ин аст, ки сарвари ин давлат ҳамчун сиёсатмадори иззатманду обрӯманд, салоҳиятманди понздаҳ давлати ҷаҳон шинохта шудааст. Бешубҳа, барои ба ин мартаба расидан заҳмату талошҳои Пешвои муҳтарами мо ҳам ҳаст. Аммо омиле ҳам вуҷуд дорад ки заминаи мустаҳками босуботиву арзишмандӣ вуҷуд дорад, ки чунин муваффақиятро замина гузоштааст. Ин заминаи мустаҳкаму арзишманд ҷаҳоншиносии инсонгароёнаи миллат, мавқеи ободкорӣ зебоипарастӣ, таҳаммулпешагӣ, муросову мадоро кардан бо ҷаҳон аст, яъне ҳамон диалектикаи Иммануэл Кант дар назар дошт ва сиёсатшиносони саршиноси ҷаҳони имрӯза дар назар дорад.
Фаъолияти сиёсии байналхалқии Пешвои миллати мо дар айни замон, ки ифтихори миллии мост, намунаи ибрат ҳам аст. Ибрати мавқеи фаъолу шуҷоатмандона доштан огоҳу ҳамеша омода будан дар баробари хафу хатарҳое, ки рӯз ба рӯз рангу ба ранг пеши рӯи мо меоянд.
  Маърифати сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ албатта, дар баробари тафаккури ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ пештар аз ҳама Ваҳдати миллӣ шарти дар суботи ҷовидонӣ дар фаъолияти бунёдкоронаву саодатмандона доштани истиқлолияти сиёсии ватани азизи мо аст.
 
Назри Яздонӣ,
 
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии
Шуъбаи фалсафаи фарҳанги
Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва
 ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
 
Адабиёти истифодашуда:
1.Осипов Г.В., Степашин С.В. Экономика и социология знания: практическое пособие.  - М.: Наука, 2009. - 219 с.
2.Кант И. Критика чистого разума / пер. с нем. М.:Мысль, 1994. -591с.
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia