casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Риторикаи сиёсӣ ва мақоми он дар илмҳои ҷомеашиносӣ

  Дар доираи илмҳои ҷомеашиносии муосир риторикаи сиёсӣ мақом ва нақши хоса дорад. Риторикаи сиёсӣ ин илм дар бораи қонуниятҳои пайдоиш, инкишоф ва предмети нутқи сиёсӣ аст. Яъне, ин илм дар бораи таъсир расонидан ба инсон тавассути сухан буда, қонуниятҳо ва принсипҳои ташаккули нутқи сиёсиро меомӯзад. Риторикаи сиёсӣ  аз давраи пайдоиши худ нисбат ба дигар шаклҳои суханварӣ нақши бориз дошт ва имрӯз ҳам  муҳиммияти хосса дорад.
  Ҳамин тавр, агар риторикаро ҳамчун фанни таълимӣ баҳогузорӣ намоем, пас муҳтавои он ҳамчун илм ва санъат муаррифӣ мегардад. Аз ҷониби дигар онро ҳамчун санъати суханварии сиёсӣ – яъне ҳамчун илми идораи давлат ва ҳокимият баҳо додани шавем, пас амалӣ шудани онро дар раванди дигаргуниҳои ҷомеа бояд баррасӣ намоем. Ин аст, ки риторикаи сиёсӣ бештар хусусияти байнифаннӣ гирифта, омӯзишу таҳқиқи он вобаста ба тағйиротҳои нави ҷомеа шаклу мазмунашро дигар карда метавонад.

Муфассал ...

«Уфуқҳои истиқлол» - сарчашмаи нодири худшиносӣ

    «Уфуқҳои истиқлол» - зери ин ном китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардид, ки дар он аз бурду бохт ва дастовардҳои беназири  замони соҳибистиқлолӣ сухан меравад. Китоби мазкур фарогирандаи тамоми самтҳои асосии ҳаёти ҷомеа мебошад. Мавзӯи асосии он аз марҳилаи барқарорсозии сохтори конститутсионӣ дар Тоҷикистон оғоз гардида, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдат, рушди арзишҳои демократӣ, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва дурнамои онро дар сиёсати хориҷӣ дарбар мегирад. Дар асари мазкур дастовардҳо ва мушкилотҳои соҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа дар замони сохибистиқлолӣ нишон додашудааст. Махсусан, ҳадафҳои стратегии кишвар баҳри расидан ба ояндаи дурахшони кишварамон хеле ҷолиб арзёбӣ ёфтааст. Муфассал ...

Паём ҳамчун баёнгари манфиатҳои миллӣ ва идеяҳои созанда

  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санади муҳими муаррификунандаи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, дар он дастовардҳои миллии мо таҳлилу баррасӣ гардидаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Паёмҳои Президенти кишвар ҳамеша таҳаввулоти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро дар ҷомеа ба вуҷуд меоранд. Паёмҳо ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷӣ, мақсадҳо ва вазифаҳои муҳиму стратегии кишвар равона шуда, дар ҳалли мушкилоти гуногуни дохиливу берунии кишвар нақши муҳим доранд.
 Қайд кардан ба маврид аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар шароити боз ҳам муташанниҷ гардидани вазъи сиёсию геополитикии ҷаҳони муосир, густариши терроризми байналмилалӣ ва зуҳури таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ баррасӣ гардидааст. Аз ин рў, дар Паём на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимолияти равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир, ки асоси онҳоро манфиатҳои геополитикӣ ташкил мекунад, дарҷ гардиданд. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia