casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Озодандешӣ ҳамчун тамоюли фикрӣ дар таърихи афкори фалсафии тоҷик

 Дар ташаккулёбии андеша ва тафаккури фалсафӣ на танҳо мактабҳо ва шохаҳои алоҳида, балки тамоюлу ҷараёнҳои фикриву фарҳангӣ низ нақши муҳим бозидаанд. Ин ҷараёнҳои фикриву фалсафӣ паҳлуҳои муҳими  фарҳанги башариро пурра намуда, талаботи маънавӣ ва пешрафти ҷомеаро таъмин сохтаанд. Ба қатори чунин тамоюлҳои фикрӣ ҳаракати маорифпарварӣ, равшанфикрӣ, ҳаракати ислоҳотхоҳӣ ва инчунин озодандеширо низ ном бурдан мумкин аст, ки охирин дар байни ин ҷунбишҳо мавқеи асосиро дошта, метавон гуфт дар саргаҳи ҳамаи онҳо  қарор дорад. Озодандешӣ гоҳо чун усул, гоҳо чун ҷараён ва гоҳо чун тамоюли фикрӣ дар адабиёти илмиву фалсафӣ ва бадеӣ баромад намудааст. Ба вуҷуди ҷой доштани таҳқиқотҳои муайян дар мавриди озодфикрӣ дар фалсафаву фарҳанги тоҷик [5, 64 ] боз ақидаҳои гуногун ва ҳатто зидду нақиз то ба имрӯз низ садо медиҳанд. Муфассал ...

Занон дар илм ҳамқадами мардонанд

   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ташаббускорон ва пештозони таҳқиқи масоили марбут ба вазъи занон дар ҷомеа мебошад.
  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз муассисаҳои маориф ва илми ҳамаи шаклҳои моликият вазифадоранд ба мардону занон барои таҳсилоти асосии умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, ҳамаи намудҳои таълими касбӣ ва такмили ихтисос, иштирок дар раванди таълимӣ ва илмӣ шароити баробар фароҳам оваранд; курсҳои махсуси таълими гендерӣ ҷорӣ намуда, ба инкишофи таҳқиқот барои масъалаҳои баробарҳуқуқии мардону занон, маърифатнокии гендерии шаҳрвандон мусоидат кунанд. Муфассал ...

«Сочинения» Абу Али ибны Сины. Седьмой том

  Институт философии, политологии и права им.А.Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана издал  седьмой том «Сочинений» Абу Али ибны Сины. В  данной  публикации включены логико-философские произведения («Диалектика», «Риторика», «Софистика» и «Поэтика») великого таджикского мыслителя, философа и врача средних веков. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia