casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар давраи соҳибистиқлоли Тоҷикистон

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
  Дар давлати ҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон дар умури давлатӣ ва ҷамъиятӣ ширкат варзида, ҳуқуқу озодиҳоеро, ки тибқи Конститутсия ва дигар қонунҳо соҳиб гардидаанд, амалӣ менамоянд. Бо ҳамин маъно моҳияти демократию ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар шуда, эътироф, риоя ва ҳифз гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода мешавад. Дар ин замина, падидаи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар раванди ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқҳои халалдоршуда ва (ё) поймолшудаи онҳо василаи муҳим мебошад, ба сифати маҳаки асосӣ бозтоб мегардад. Муфассал ...

 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон -  илҳомбахши музаффариятҳои тоҷикон дар даврони Истиқлоли давлатӣ

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
   Кўҳро, вақте дар доманаш истодаӣ, намедонӣ, ки хурд аст ё бузург. Азамату ҳашаматашро замоне пай мебарӣ, ки онро аз дуродур, дар радифи дигар пастию баландиҳо бубинӣ. Ва ҳамин тавр, ҳар андоза дуртар мешавӣ, кўҳ ба назорат ҳамон қадар азимтар ҷилва мекунад.
Воқеаҳои таърихӣ низ ба ҳамин суратанд. Одамон дар гармогарми ҳаводис, вақте даргири ҳалли масъалаи муҳими рўзашон ҳастанд, аз аҳамияти он барои оянда тасаввуроти равшане надоранд, намедонанд, ки кори онҳо барои таърих чӣ қиммате хоҳад дошт.
Воқеан ҳам он, касоне, ки моҳи ноябри соли 1992 худро бо ҳазору як мушкил хавфу хатар аз замин ва ҳаво ба шаҳри Хуҷанд, ба иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ расонда буданд, вакилони Шўрои Олӣ, аъзои ҳукумат, вазирон, раисони вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо интизори муъҷиза набуданд. Муфассал ...

Мақоми инсон ва арзишҳои ахлоқӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли давлатии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
   Дар ин мақола чанд сухане дар бораи  мақом ва арзишҳои ахлоқии  инсон дар замони Истиқлоли миллӣ ва мухтасаре зимни ин масоил аз бузургони тоҷику форс гуфта мешавад, ки он яке аз мубрамтарин ва муҳимтарин масоили замони муосир ба шумор меравад.
  Истиқлоли миллӣ худ ба худ ва ба осонӣ ба даст наомадааст, балки бо заҳмату ранҷи зиёде бо сарварии Президенти Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми иродатманди кишварамон  иттифоқ афтодааст. Бояд гуфт, ки дар таърихи инсоният шахсиятҳои бузург начандон зиёданд ва онҳо нотакроранд.  Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳақиқат, аз он шахсиятҳои нотакроранд, ки тақдир насиби мардуму миллати мо – тоҷикон кардааст. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia