casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Мукофоти давлатӣ ба олими маъруфи тоҷик Содиқӣ Насиба Нурулло муборак бошад!

  Дар арафаи 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва  сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  профессор, доктори илмҳои  фалсафа Содиқӣ Насиба Нурулло, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гаштанд, ки боиси фараҳмандӣ ва  ифтихори  ҳайати кормандон  ва ходимони илмии Институти фалсафа,сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ гардид. Муфассал ...

ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ? Нуқтаи назари профессор Абдураҳмон Муҳаммад доир ба ин мавзуъ дар арафаи ҷашни бузурги миллии мо

  Истиқлол озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ ва яке аз рукнҳои асосии ҳастии ҳар давлати мустақил мебошад. Дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ба амал омада истодааст, мазмуну мундариҷаи истиқлол тағйироти муайян касб менамояд. Новобаста ба ин, истиқлол арзишест, ки решаи асосии он аз истиқлоли шахс ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ иборат мебошад. Ин гуна тавсиф намуд вожаи муқаддаси Истиқлолро узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои  сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД дар суҳбат бо АМИТ «Ховар». Давоми суҳбати ӯро дар зер манзур менамоем. Муфассал ...

Мукофоти давлатӣ ба устод Маҳмудзода Махкам Азам муборак бошад!

   Дар арафаи 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарходими илмии  Шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи А.Баҳоваддинови  АМИТ,  профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Маҳмудзода Махкам Азам аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ сарфароз гаштанд, ки боиси шодӣ, ифтихор ва сарфарозии ҳайати кормандон, ходимони илмӣ, унвонҷӯен, магистрони институтамон гардид. Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia