casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози таҳаввулоти бунёдии кишвар ба сўи сулҳ ва пешрафтҳои  сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ

  Дар Конференсияи илмю амалӣ, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо 5 сентябри соли 2022 баргузор намуда буданд, дар бораи аҳамияти Иҷлосияи ХУ1-и Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО ҶТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Маҳмадтоҳир Зокирзода маърузаҳо намуда, мақоми онро дар таърихи навини Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳ, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол зикр намуданд. Дар маърузаҳои Зариф Ализода, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода масъалаҳои  таҳкими сохти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, ки баъд аз Иҷлосияи ХVI ба вуқуъ пайвастанд, мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Муаллифи ин сатрҳо низ дар мавзуе, ки дар унвони ин мақола зикр шудааст, маъруза карда буд, ки дар ин мақола муҳтавои он баён шудааст.     Муфассал ...

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубрамияти ҳалли масоили рушди соҳаи маориф ва илм

  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намудаанд, ки ба масъалаи рушди соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҳалли масъалаҳои бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мешуморанд.
Пешвои миллат рушди соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номид. Зеро, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва миллат мебошад. Дар замони  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омад, ки заминаи онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд.   Муфассал ...

Муқовимат бо терроризм ва экстремизм (курси лексияҳо)

  Дар моҳи октябри  2022 сарходими илмии  Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  АМИТ,  профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Зоир Ҷурахон Маҷидзода дар ҳамкорӣ ва ҳаммуаллифӣ бо  профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ  Холиқзода  Абдураҳим Ғафор, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ  Қосимов Файзалӣ Маҳмадович   китоби нави худро бо унвони “Муқовимат бо терроризм ва экстремизм(курси лексияҳо)” ба табъ расониданд.

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia