casino malaysia
casino malaysia
Муқовимат бо терроризм ва экстремизм (курси лексияҳо)

wrapper

  Дар моҳи октябри  2022 сарходими илмии  Шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  АМИТ,  профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Зоир Ҷурахон Маҷидзода дар ҳамкорӣ ва ҳаммуаллифӣ бо  профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ  Холиқзода  Абдураҳим Ғафор, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ  Қосимов Файзалӣ Маҳмадович   китоби нави худро бо унвони “Муқовимат бо терроризм ва экстремизм(курси лексияҳо)” ба табъ расониданд.

  Китоб барои кормандони мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ,аҳли илму фарҳанг ва доираи васеъи хонандагон,ки ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм мароқ доранд, тавсия мешавад.

 ТАҚРИЗИ сарходими илмии АМИТ  Назарзода Носир ба ин  китоби тозанашр

 Дастури таълимии мазкур муаррифии курси махсусе мебошад, ки аз солҳои 80-уми асри XX то рӯзҳои мо давраи пайдоиш ва инкишофи экстремизми динӣ-сиёсиро дар Осиёи Миёна, Тоҷикистон ва кулли ҷаҳон дар бар мегирад. Муаллифон кўшиш ба харҷ додаанд, ки паҳлуҳои гуногуни сабабҳо, шароитҳои пайдоиш, омилҳои паҳншавии экстремизм ва терроризмро дар ҷомеа нишон дода, масъалаҳои баҳсталаб ва мубрами паҳншавии фаъолиятҳои зикргардидаро дар ҳудуди Осиёи Миёна ва Тоҷикистон инъикос намоянд. Диққати махсус ба тадбирҳои муқовимат бар зидди экстремизму терроризм ва пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар сатҳи давлатӣ дода шудааст.

 САРСУХАНИ КИТОБ АЗ ТАЪКИДҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ ОЃОЗ ШУДААСТ:

 «Раванди рўй додани амалиётҳои террористӣ дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI нишон медиҳад, ки ягон давлати абарқудрати дунё дар танҳоӣ аз уҳдаи бартараф кардани хатари терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир баромада наметавонад. Зеро амалиётҳои террористии дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Федератсияи Русия рўйдода нишон медиҳанд, ки терроризм торафт бештар хусусияти байналмилалӣ касб карда, ҷанбаҳои муташаккил, ҳомиёни пурқудрати пасипардагӣ ва имкониятҳои фаровони молиявӣ дорад».

Эмомалӣ  Раҳмон

  Аз ҷумла муаллифон қайд мекунанд: Оре, ҳақанд суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз аввалин рўзи расидан ба сарварии кишвар дар мубориза бо терроризму экстремизм истодагарӣ мекунанд. Имрўз ҳеҷ қудрати ҷаҳонӣ ва ҳеҷ давлати алоҳидае нест, ки тавонад бо терроризм ба танҳоӣ мубориза барад. Зеро ин падидаи манҳус аз марзи ҳамаи кишварҳо фаротар рафтаву оламро фаро гирифтааст ва кишваре нест, ки аз хатари он эмин бошад.

 Ҳамасола дар ҷаҳон миллиардҳо долларро сарфи мубориза бо терроризм ва экстремизм мекунанд. Вале боз ҳам лозим меояд, ки ин хазина бештар шавад. Ҳатто фақиртарин кишварҳоро ҳам зарур аст, ки аз буҷаи ками худ миқдори азимро сарфи ин кор кунанд. Чун амнияти шаҳрвандон муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст, қудратҳо ҷиҳати ҳифзи он талошҳои ҷиддӣ менамоянд. Терроризм ба ҳадде вусъат ёфт ва густариш пайдо кард, ки инсонияти рӯи заминро водор намуд барои мубориза бар зидди он бархезанд.

 Даҳҳо иттиҳодҳо ва паймонҳои мубориза бар зидди терроризм ташкил шуданд, ки онҳо аз ҷониби ИМА ва Русия барин қудратҳои ҳастаии олам сарварӣ мешаванд. Ва даҳҳо кишварҳои муқтадиру даҳҳо мамолики дигар ба ин паймонҳову ба ин иттиҳодҳо пайвастанд, то ҳиссагузори коҳиши хатари терроризм дар олам бошанд. Тоҷикистон низ чун узви ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳамин муборизаҳо шарик аст.

 Ҷомеаи башарӣ дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, солҳои охир бо зуҳуроти хатарнок ва гуногунҷабҳаи экстемизми динию сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки шакл ва намудҳои гуногун дошта, аз ҳама дардноки он ин зуҳуроти хатарзои терроризми динӣ ва сиёсӣ мебошад.

 Экстремизми динӣ-сиёсӣ - ин аз нигоҳи динӣ майлони пӯшидаи фаъолияти динӣ маҳсуб меёбад, ки хусуматҳои байни мазҳабӣ ва бархӯрди равияҳои динӣ, бо роҳи зӯроварӣ ба дигар кардани сохтори давлатӣ, ғасби ҳокимият, поймолкунии соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзиши давлатӣ равона гаштааст. Ин зуҳурот пайравӣ ба ақида ва амалҳое мебошад, ки ҳамагуна гуфтушунид, роҳҳои созиши масоили иҷтимоӣ-сиёсӣ ва арзишҳои ҷамъиятиро комилан рад менамояд.

 Тарафдорони ҷанбаҳои гуногуни экстремизми динӣ-сиёсӣ хеле мавқеи қатъӣ дошта, ба ҳама андешаҳои сиёсӣ зид мебароянд. Муқобил истодан бо институтҳои давлатӣ низ як тарзи рафтори онҳост. Принсипи «миёнаи тиллоӣ» ва талаботи «ба дигарон чунин муносибат намо, ки ин навъ муносибатро ба худ мехоҳӣ», «Ҳарчи худро маписандӣ дигаронро маписанд» (паёмбар Муҳаммад, Абдураҳмони Ҷомӣ) принсипи асосии тамоми динҳои ҷаҳонӣ аз ҷониби ифротиён рад карда мешавад. Дар таҷҳизоти онҳо зӯроварӣ, бераҳмӣ, хавфи ҳалокати инсонҳои бегуноҳ, расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ, халалдор кардани ҷамъияти солим, таҷовуз ба ҳаёти арбобони давлатию ҷамъиятӣ ва суханҳои бофтаи бемақсад нақши марказӣ мебозанд.

 Пайдоиши нуқтаҳои доғи муқобилият, зиддият дар Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари ҷаҳон, паҳншавии босуръати терроризми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккил, қочоқи маводи мухаддир, проблемаҳои экологӣ, бемориҳои сироятӣ гувоҳи ин мебошад, ки ба паст кардани мартабаи институт ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таҳдид менамояд. Ин таҳдид ба минтақаҳо ва амнияти миллии давлатҳо низ бетаъсир намемонад.

 Дар маҷмуъ ба тамаддуни инсонӣ, давлатҳои бузург ва хурд, тақдири халқҳо хатари бузург ба миён меояд. Ин падида ба дин ягон муносибат надорад, аз ҷумла ба аркони дини мубини ислом, вале онҳо аз номи ин дин амал мекунанд ва онро ҳамчун воситаи расидан ба мақсади нопок истифода мебаранд, ки дар фаъолияташон танҳо ғаразҳои нопок, бадкину сиёҳкори динӣ дида мешавад.

 Ба омилҳои паҳншавии экстремизми динӣ-сиёсӣ ин набудани консепсияи инкишофи муносибатҳои давлатӣ-мазҳабӣ, маърифати пасти динии аҳолӣ, миллатгароӣ (пайдоиш дар ҳама сатҳи ҷомеаи имрӯза) паст будани маърифати илмӣ ва фарҳангӣ дар мамлакат, фаъолияти як қисм хатмкунандагони донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ, дастрасӣ ба иттилооти гуногун, муҳоҷират, гурезаҳо, номуътадилии институтҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, фаъолияти сусти мақомоти махсус, низоъҳои этномиллӣ ва м.и. маҳсуб меёбанд.

 Бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифоя боиси шомил шудани ҷавонон ба гурўҳҳои экстремистӣ мегардад. Моро зарур аст, ки чун гузаштагони хеш насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ободкорӣ, садоқату вафодорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбият намоем. Аҳли ҷомеа бояд ба муқобили чунин падидаҳои номатлуб ва носолим муборизаи дастаҷамъӣ баранд ва ба қадри неъматҳои кишвари хеш расанд. Муқаддасоти давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз асту ҳам фарз. Рисолати инсонии мо имрӯзҳо маҳз ҳаминро тақозо дорад, ки бояд ифтихор аз давлату миллати хеш дошта бошем.

 Китоби мазкур аз 23 лексияҳо, замимаҳои тавзеҳи шахсият ва мафҳумҳое, ки дар мавзўъҳои лексияҳои дарсӣ ёдрас гардиданд ва номгўи 266 сарчашмаҳои истифодашуда иборат мебошад.

 Дастури таълимӣ барои пешбурди амалияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм ба омӯзгорон, аспирантҳою донишҷӯён, курсантону шунавандагон ва ба кормандони оперативӣ, муфаттишон, прокурорҳо, судяҳо ва ҳимоятчиҳо, инчунин, шаҳрвандон пешкаш мешавад.

БА ТАБЪ РАСИДАНИ ВАСОИТИ ТАЪЛИМИРО ТАБРИК МЕГЎЕМ ҲАМКАСБОНИ АЗИЗ!

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia