casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Таносуби конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ

  Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 тасдиқ шудааст, омадааст, ки 9 сентябри соли 1991 халқи тоҷик соҳиби давлати комилан мустақил гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
  Ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони кишварҳои Осиёву Аврупо ва Амрико баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонид, – таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2019. Муфассал ...

Конститутсия санади сарнавиштсози миллат

  Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, сарҳад ва артиш бошад. Дар баробари ҳамаи ин, ҳар як давлат қонуни асосии худро дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам қонуни асосие ҳаст, ки мо онро «Қонуни бахт» ё «Бахтнома» ном мебарем, зеро дар ин қонун, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дорад, тамоми қонуниятҳои зиндагонии сокинони кишвар дарҷ гардида, ҳар як сокини ҷумҳурӣ Конститутсияро эҳтиром карда, дар доираи арзишҳои он кору фаъолият менамояд.
Гарчанде давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дошта бошад, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз дусад сол боз амал мекунад. Конститутсия аввалин маротиба дар ИМА соли 1787 қабул гардида, соли 1789 мавриди амал қарор гирифтааст. Соли 1791 дар Лаҳистон ва Фаронса конститутсияҳои аввалин қабул шуданд ва дар асри ХIХ дар аксарияти давлатҳои Аврупо, Амрико ва баъзе давлатҳои қитъаҳои Осиё ҷараёни гузариш ба низоми конститутсионӣ асосан ба анҷом расид. Ин ҷараён ҳанӯз ҳам дар давлатҳои нави соҳибистиқлолгардида идома дошта, ҳоло кам давлатҳое ёфт мешаванд, ки конститутсияҳои навишташуда надошта бошанд. Муфассал ...

СОЛИҲОВ САЙМУРОД ТАҒОЙМУРОДОВИЧ

СОЛИҲОВ САЙМУРОД ТАҒОЙМУРОДОВИЧ
 
Эълон оид ба ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сотсиологӣ
Санаи ҳимоя: 16.02.2024, соати 15.00 Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia