casino malaysia
casino malaysia
Институт

wrapper

Институт

Институт

Сабабҳои ташаккулёбии андешаҳои экстремистӣ

    Дар ҷаҳони имрӯз, замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафту дигаргуниҳо ҷомеаи инсонӣ дар баробари муваффақиятҳо аз камбудиву хатарҳо низ кам нест.  Аз ҷумла, падидаҳои экстеризм, радикализм ва терроризм дар ҷомеа ба миён омадаанд, ки боиси нигаронист. “Экстремизм” – ифротгароӣ буда, калимаи “ифрот” аз забони арабӣ, аз решаи “фарт”, яъне “авҷ” ё “ниҳоят” сохта шудааст. Дар умум бошад “ифрот” ба маънои аз ҳадду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Яке аз муҳқиқони ин самт маънои истилоҳи “ифротгароӣ” шарҳ дода чунин баён мекунад: “Маънои истилоҳи “ифротгароӣ” нисбат ба маънои луғавии он дақиқтар буда, он навъе аз тафаккур ё фаъолияти ҷамъиятиеро ифода мекунад, ки шахси пайрави он фақат бар бовариҳои худаш арзишу бартарӣ қоил буда, нисбат ба меъёрҳои мавҷудаи муҳит ва ҷомеа муносибати сахтгирона, бадбинона ва оштинопазир, яъне ифротӣ дорад."[1, 17]. Шахси ифротӣ нафаре, ки тарзи фаҳмиш ва амалаш нисбати ягон масъала аз ҳадди эътидол мегузарад.   Муфассал ...

Мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» дар илми ҳуқуқшиносӣ

  Мо тасмим гирифтем, ки масъалаи муайяннамоии мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ»-ро аз мавқеи ақидаи олимон ва пеш аз ҳама ҳуқуқшиносон баррасӣ намоем. Вобаста ба ин мафҳум дар қонунгузорӣ ва адабиёти соҳавӣ мафҳумҳои ба ҳам ҳаммаъно ҷой доранд. Аксар вақт дар баробари мафҳуми омухташаванда ва баъзан ҳамчун синоними он ибораҳои «таълими ҳуқуқӣ», «иттилоотнокии ҳуқуқӣ», «тарғиботи ҳуқуқӣ», «тарбияи ватандустӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ», «тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандӣ», «инкишофи саводнокии ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ» ва ғайраҳо истифода мешаванд. Муфассал ...

Ифротгароии динӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон

  Дар олами муосир хатари ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами сиёсӣ ба ҳисоб рафта, омилҳо ва  хусусиятҳои он аз ҷониби ҷомеашиносон мавриди омӯзиш ва таҳқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин падидаи номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи ифротгароиро пайдо намудан  талаби замон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлнси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2016) нисбати ин масъала чунин иброз доштаанд: “Солҳои oxup терроризм ва экстремизм ба xamapu глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмоҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд [2].” Муфассал ...

Манбаъҳои муфид

      
Copyright © 2024 Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов. All Rights Reserved. Designed by IBlove
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia