casino malaysia
casino malaysia
Ифротгароии динӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон

wrapper

  Дар олами муосир хатари ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами сиёсӣ ба ҳисоб рафта, омилҳо ва  хусусиятҳои он аз ҷониби ҷомеашиносон мавриди омӯзиш ва таҳқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин падидаи номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи ифротгароиро пайдо намудан  талаби замон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлнси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.12.2016) нисбати ин масъала чунин иброз доштаанд: “Солҳои oxup терроризм ва экстремизм ба xamapu глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмоҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд [2].”
 Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ин падида таҳқиқотҳои гуногуни сотсиологӣ мегузаронанд. Тоҷикистон низ яке аз ин давлатҳо ба шумор рафта, қариб ҳамасола ин масъаларо махсус мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Таҳқиқот  тавассути методи анкетаи сотсиологї соли 2022, дар панҷ минтақаи интихобшудаи Тоҷикистон бо 3501 нафар шаҳрвандони аз 18 сола боло гузаронида шуд. Натиҷаҳои таҳқиқоти   сотсиологӣ чунин мебошад [1, 32]: Шумо ифротгароӣ гуфта чиро мефаҳмед?  23,1%  бар он назаранд, ки зери мафҳум ифротгароӣ  терористҳо ва экстримистҳоро дар назар доранд,  10% бошад гурӯҳҳои зиддидавлатиро ҳамчун ифротгаро зикр карданд, 15% бошад дар зери мафҳуми ифротгароӣ хиёнат ба халқу миллати худро медонанд ,  9,1% фанатизму ҳуруфотро асоси рӯ овардан ба ифротгароӣ баррасӣ менамоянд. 17,2% надоштани ақидаҳои солим асоси ифротгароӣ қайд менамоянд. Боқимонда 25,6% ба ҷавоб душворӣ мекашамро қайд намуданд (нигаред ба диаграммаи 1).

Диаграммаи 1. Шумо ифротгароӣ гуфта чиро мефаҳмад?
 
 Сарчашмаи маълулотгири ҷавонон оид ба ин масъала ниҳоят муҳим буда, дар таҳқиқот махсус ба омил аҳаммият дода шуд. Шахсони дар пурсиш иштирок карда, 74%-и ахборотҳои заруриро аз телевизион ва боқимонда бошад аз сомонаҳои интернетӣ-50,3%, шабакаҳои иҷтимоӣ -34,0%, рӯзнома ва маҷаллаҳо -33,2%, радио-16,2%, мактаб ва донишгоҳ -14,3%, дӯстон, хешовандон, шиору овезаҳо дар маҷмӯ-24,6%-ро ташкил медиҳанд.
Маълум аст, ки воситаҳои ахбори умум, хешовандону рафиқон ва системаи маориф барои ташаккули чаҳонбинии ҷавонон нақши муассир мебозанд, бинобар ин масъулинро зарур аст, ки барои сари вақт дастрас намудани маълумот оид ба хатари ифротгароии тамоми чораҳоро сафар бар намоянд (нигаред ба диаграммаи 1).

Диаграммаи 2. Шумо аз кадом сарчашмаҳо ахбороти заруриро дастрас мекунед?
 
  Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯст ва дорои ҳуввияти баланди миллӣ  алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки  мехоҳанд дар ҷомеа низоъро барангезанд худдорӣ намоянд[3, 21]. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.  Ҳамчунин, дар самти ташаккул додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳӣ додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилавӣ, ташвиқи илмомўзӣ дар миёни наврасону ҷавонон метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд. 
 
Чилаева Муҳайё Тоҳировна –
докторант аз рўйи ихтисос (PhD)–и   шуъбаи сотсиологияи
Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Адабиёт:
1.Қаҳҳоров Ғ.Ғ.Омилҳои ифротгароии динӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии он / Ғ.Ғ. Қаҳҳоров. –  Душанбе.,2022.–101с.
2.Паёми Пешвои Миллат, Президенти  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Электронный pecypc] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Режим доступа: http://www.prezident.ti/node/13739 (Дата обращения: 03.02.2024).
3.Рахимов М.Толератность основа мира/  М.  Рахимов. –Душанбе.,2022.–195 с.
 
 

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia